ИН ҲАМ МЕГУЗАРАД...

Имрӯз ҷаҳониён дар вазъияти пуртаҳлука қарор доранд.

Имрӯз ҷаҳониён дар вазъияти пуртаҳлука қарор доранд. Касе намондааст, ки ҳар рӯз чандин маротиба калимаҳои “коронавирус”, “карантин” ё “пандемия”-ро нашунида ё зикр накарда бошад. Мувозинати иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҷанбаҳои сохтори ҷаҳонӣ тағйир меёбанд. Мамлакатҳои абарқудрат ҳам айни ҳол дар мубориза бар зидди пандемия душворӣ мекашанд. 
Дар таърихи инсоният ин якумин чунин офат нест. Дар асри XIV офати “Марги сиёҳ”, асри XVII  эпидемияи бузурги вабо ва ҳоказо боиси марги миллионҳо одамон гаштаанд. Агар “Ёддоштҳо”-и устод Садриддин Айниро хонем, мебинем, ки ӯ маҳз ба сабаби офати сироятӣ ятим мондааст. Ҳамчунин, солҳои 1918-1919 зуккоми испанӣ сабабгори фавти миллионҳо одамон шуда буд.
Ҳаёт дар як ҷой намеистад. Дар ҷумҳурии мо аз тарафи ҳукумат барои ҳатталимкон кам намудани таъсири пандемия ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, минҷумла, ба соҳаи таълим тамоми чораҳо дида мешаванд. Ҳамаи низоми таълими миёна ба шакли масофавӣ гузаронида шуд, ҷараёни таълим билвосита, тавассути шабакаи интернет сурат мегирад. Бо назардошти он, ки ҳоло дар республикаамон миқдори видеодарсҳо ба забони тоҷикӣ хеле кам аст, муаллимон  маводи таълимиро дар шакли сабт ба донишомӯзон равона мекунанд, дар баъзе ҳолатҳо тавассути иловаи Zoom  дарс ба шакли онлайн мегузарад. Дар мактаби мо шакли электронии пеш бурдани журнали синф ҷорӣ шуда, ҳар як донишомӯз ё волидайни ӯ метавонад ба таври доимӣ аз баҳоҳои худ хабардор шавад. То ҳол тамоми дарсҳо ба шакли масофавӣ гузаронида шудаанд, донишомӯзон низ аллакай ин услубро мақбул донистанд. Ин албатта, чораи маҷбурист, зеро мулоқоти зинда бештар самаранок аст. Вале бо назардошти ҳолати бавуҷудомада чунин ташаббусҳо роҳандозӣ шудаанд. Умед аст, ки аз ин санҷиш мо ҳама бо сари баланд мегузарем. Ташаббусҳои саривақтии ҳукумат эътимоди моро қавитар месозад.

Рухшона АБДУҚОДИРОВА,
муаллимаи мактаби миёнаи рақами 17, 
шаҳри Ангрен.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: