ИН ҲАМОН ДУХТАРЧА

Дарро кушодам Зайнаб апем (набераи Муътабараммаи зарбедиам) аз паҳлуи падарам, ки дароз кашида буд, парида хест.

Кас агар болои гуноҳ ба даст афтад, ин гуна саросема мешавад.    
Чӣ фикрҳо ба сарам омаданд. “Ин духтар... чӣ кор мекард назди падарам?”
Падарам низ дар вазъи ноҳинҷор:
– Умед? – гӯён сар бардошту ман қафо гашта, дар ҳоле ки изтироб ба дилам панҷа мезад, дарро сахт пӯшидам ва баромада рафтам. 
Ҳазору як гумон ва шубҳаи бад ба дилам ҳамлавар.
Зайнаб... Наход, ки Зайнаб...
Не, мумкин нест!
Бибии ин духтар аслан аммаи ҳақиқиам не – Муътабархолаву падарам додару хоҳар наянд.
Дар асл ин авлод ба мо кӣ ва ба ҳам чӣ гуна хешутабор ҳастем, намедонам. Дар арафаи синни балоғатам, бисёр чизҳоро мефаҳмам, вале аз чӣ бошад, ба масъалаи чӣ тавр хешшавии Зайнабино то ҳол эътибор накарда ва ин духтарро “апа” гуфта омадаам то ин вақт.
Хайр, дониста мегирам акнун. Худи ҳамин рӯз!
Ва худи ҳамин рӯз дафъ мешавад ин духтар аз хонаи мо! Духтари қадрас чӣ кор мекард назди падарам, ки дароз кашида мехобид?!
Худоё, ман чӣ мегӯям? Ба чӣ гумонҳои ноҷо меравам дар ҳаққи духтаре, ки маро додар дониста ва чун додарчаи ҳақиқиаш “бардошта калон кардааст?” Апаам-ку вай? Зайнаб-апем ба додоям, агарчи ӯро “тағо” мегӯяд, чун духтар!
Аммо ҳоло...
Агар вай бо дили рост менишаст ва дар байн “гапу кор”-е набуд,  якқад мепарид ва зуд худро ба қафо мекашид? Ранги рӯяш меканд ва худро гум менамуд? Ягон бало ҳаст!
Дар исканҷаи хаёлоти пуризтироб қадам мегузорам. Ба куҷо равонаам, худам намедонам.
Телефонам садо баровард. Нигарам, Зайнаб. Дилам тунд тапид. “Лаънатӣ!”
Тугмачаи сурхро пахш кардам. Телефон боз ҷирингос зад. Ин бор хомӯш кардам. Ғазабам рӯ мезад.
Наход, ки онҳо...
***  
– Базӯр кофта ёфтам, Умед!
Болои хараки қади роҳ менишастам, бо пайдо шудани Зайнаб баданам ваҷаррос зад. “Мор!” гуфтам дар дил, ба рӯяш нигаристан нахоста.
Ӯро нағз медидам. Апа мегуфтам. Лекин ҳамин “апа...”
– Ҳа? – гуфтам ниҳоят чашм песонда, баъде дубора номамро гирифт.
– Ману тағоям... – гуфт бо овози ларзон ва нигоҳ гурезонд.
– Шумою тағотон... – заҳрханд кардам.
– Ҳм, мумкин нест? Дар як хона, паҳлуи ҳам нишастанамон мумкин нест?
– Ман ягон чиз гуфтам?
– Нагуфтӣ, лекин... – вай, дар лаб табассуми дардомез, лаҳзае ба сукут рафт. Пасон ба соати дасташ нигарист ва: – Рафтанам даркор, дарсам ҳаст, – гуфт саросемавор. Сонӣ дар вазъи ноҳинҷор илова кард:
– Лекин гапзанон накунем намешавад. Пешат шинам майлаш?
Ман рад кардам: 
– Апа, сонӣ...
– Не, ҳозир!
– Илтимос, тинҷ гузоред. Равед!
Вай маҳзун лабханд кард:
– Меравам, лекин дигар намеоям. Ба хонаатон намеоям!
– Ихтиёратон, – гуфтам дарғазаб ва ба тарафи дигар рӯй тофтам.
Ин духтар аз бозе дар Донишгоҳи Низомӣ донишҷӯст, як пояш дар хонаи мо. Чиҳо гуфт? Дигар намеоям?
Нағз нашуд. Вай ранҷид. Худро коҳиш кардам. “Ӯро хафа кардӣ, Умед. Дар ҳақи апаи худ ҳам одам ба ин гуна хаёл меравад? Бо бегона не, пеши падарат буд-ку,вай? Ту чӣ хел одам?”
Хуб,хуб, мегӯям ба худ. Лекин онҳо...
Модарам телефон кард ва дар куҷо буданамро пурсид. Рафта истодаам гуфтам.
Ҳа, рафта истодаам. Майнаам карахт. Ман не, модарам баногоҳ ворид мешуд ва даступохӯрии онҳо медид, ба чӣ гумон мерафт? Ба чӣ ҳол меафтод?
Вақте вориди ҳавлӣ шудам, модари рӯзноманигорам дар айвон чизе менавишт. Салом додам, бо ишораи сар “омадӣ?” гуфту ба нависонавис давом кард. Нигоҳам ба чашмаш афтоду...
Чашмони модарам гиряолуд буданд. Гиристааст? Чаро? Вай аз воқеае, ки рух дод, бохабар?
Не, аз афти кор. Бохабар мебуд, ба дилаш навиштан мегунҷид? Дар хусуси шавҳар ва духтари ятиме, ки модарвор сарашро сила кард, агар андак шубҳа ба дилаш роҳ меёфт, қиёмат қоим намешуд?
Лекин чашмонаш...
– Гиря кардед? – пурсидам хавотиромез.
– Гиря? – вай базӯр табассум намуд. Вале нигоҳи омехтаи хаёлаш аз дардҳои ботинии ӯ дарак медод. Ноилоҷ иқрор шуд:
– Як воқеа ба ёдам омад.
– Воқеа? Чӣ хел воқеа?
– Воқеае, ки... – модарам оҳ кашид ва даст ёзонда, вақте ба наздаш нишастам, навозишомез сарамро сила кард. Баъд гуфт:
– Ҳамааш дар ҳамин дафтар. Ба қабули духтур рафта оям, сонӣ нуқта мегузорам. Ту хона даро, мастоба пухтам, хунук нашавад, каш. Ё кашида диҳам?
Аз гулӯи ман таом мегузарад? Ҳаво намерасад. Зудтар донистан мехоҳам, ки Зайнабино, дар асл, ба мо чӣ гуна хеш.
– Додом канӣ? – пурсидам ва ҳис намудам овозам ларзид.
– Ба Зарбед рафт, – ҷавоб дод модарам ва соат чанд шуда бошад, гӯён қалам ба рӯйи дафтар ниҳоду аз ҷо хест. Осема тағйири либос кард ва “ман рафта оям” гӯён аз ҳавлӣ баромад.
Нигоҳам дар дафтар. Одатан модарам навиштаҳои нопурраи худро дар ҷойи аз чашм панаҳ нигоҳ медошт. Кори ҳозирааш ба назарам аҷиб намуд – мисле “хонда бин” гӯён навиштаҳоро ба ҷойи намоён гузошта буд. Хайр, нигарам канӣ... 
Дафтарро ба даст гирифтам. Сабтҳо таҳти сарлавҳаи “Ҳамон одам” ин тавр оғоз меёфт:
“Ҳамааш аз садамаи автомобилӣ, ки дар роҳи кӯҳӣ рӯй дод, сар шуд. Мошин, чизе шуда, ҳаракати худ тағйир дод – шавҳарам, ки онро идора мекард, саросема шуд.
Дар нишастгоҳи қафо бо кӯдаки ҳаштмоҳаам нишастаам. “Додош, чӣ шуд?” гуфта пурсиданамро медонам, мошини аз ағба фуромадаистода нохост бероҳа шуда, ба ҷарӣ сарозер рафт. Бачаамро ба бағал зеркунон бо тамоми қувва  “до-од!” гуфтанам дар хотираму бас.
Аз гиряи тифл аранг ба худ омадам. Дар мошин нишастаем, лекин...
Чӣ рӯй доданашро дарк кардан замон “додош! – гӯён фарёд задам .– Султонмуродака, шумо дуруст?”
Аз шавҳарам садо набаромад. Сараш хам, қафаси синааш болои чамбараки мошин. Ба дилам сукунати ваҳмзо нишаст, пеши назарам торик гашт. Дарди ҷонкоҳи миён ҳис кардам. Пойҳои латхӯрдаам овезон. Бо вуҷуди ҳамин ҷонҳавл берун баромадан хостам.
Аз мошини пачақ базӯр баромада, кӯдаки гирёнамро ба замин гузошта, дари пешро кушодан хостам. Вале ҳаракатам беҳуда. “Додош, маро натарсонед. Султонака!!!”
Аммо шавҳарам ҳамон беҳуш. 
Наҷот хоста, ба боло нигаристам. Бо тамоми овоз фарёд задам: “Ҳой, касе ҳаст? Ёрдам диҳед!!!”
Дар боло як одам намудор гашт. Илтиҷо кардам: “Акаҷон, ёрӣ диҳед!”
Одами нағз будааст. Ба кӯмак омад. Ману шавҳарамро ба касалхона хобонда, кӯдакро бо худ бурд. “Хавотир накашед, гуфт ба ман, дар хона ба бача менигаристагӣ одам ҳаст...”
Як пой ва сутунмуҳраам сахт лат хӯрда будааст. Бинобар аҳволи вазнини хӯҷаинам дар сандуқи дил дарди ҷонкоҳ ҳис мекардам. Ба вай, Худо нахоста, кору ҳол рӯй диҳад, ман чӣ кор мекунам?
Одаме, ки моро аз ҷарӣ баровард, як ҳафта аз дари реаниматсия дур нарафт. Чизе лозим шавад, ёфта овард. Духтурон низ хеле ҳаракат карданд. Лекин шавҳари ман...
Дар Зангиато зиндагӣ мекардем. Хеши наздик нест. Аммо ба таъзия одами зиёд омад. Ба маросими дафн низ ҳамон одам сару бар гашт.
Табобати ман тӯл кашид. Ҳамон одам аз сиҳатгоҳе ба сиҳатгоҳи дигар мебурд. Кӯдакам дар ҷойи боварнок....
Бемалол роҳ мерафтагӣ шудаму ба хона рухсат доданд. Модари он одам маро рост ба хонааш – ба Зарбед бурд. 
Нағз дар хотирам: духтарчае, дар даст кӯдак, пешвоз баромад. Маро дидан замон ба гӯши тифл чизе гуфт. Ҳар қадар наздик шавам, ҳаяҷони он духтар меафзуд. Вай духтарчаи ширини “он одам”...
Дар нигоҳи аввал ба дилу дидаам ҷо шуд он духтарча.
Тахминан ду ҳафта дар он хонадон мондам. Ба Зангиато баргаштан мехостам, вале модари он одам: “Равед, майлаш, лекин бачаро намедиҳем”, гуфт бо нимтабассум. “Бе бачаам ман чӣ хел меравам?” – ман низ лабханд кардам. Духтарча ҷонибам майлкунон: “Шумо ҳам наравед, гуфту омада аз дастам дошт. Илтимос, бо мо монед!”.
Ҷиддӣ шудам: “Ҳамин ҷо монам? Тамоман?”
“Ҳа, гуфт модаркалони духтарча, ҳамин ҷо монед ба ин духтаракам модар шуда”.
Ду сол қабл аз ин ба беморие печида, аз олам гузаштани модари духтарчаро ба ман гуфта буданд. Модари он одам келинаш шуданамро бо илтиҷо пурсида ва ба кӯдакам ишора кард: “Гардани бачаамро оғӯшкунон чӣ тавр додогӯии писаракатонро нашунидед, келин?”
Дилам пур шуда омад, ба чашмам ашк давид. Духтарча ва модаркалони вай ҳам оби дида карданд. Маъқул, гуфтам баъди сукунати вазнин, писарчаамро фикркунон. Вале он одам...
Ба хонадоршавӣ розӣ кардани писаре, ки имону андешааш мустаҳкам буд, ба зани солхӯрда осон накӯчид. Модараш гуфт: “Ба ҳамин ятимак, ки ба гарданатон часпидааст, раҳматон намеояд? Дигар ин ки ба духтачаамон модар даркор. Мана ҳамин ҷавонзан барин модари меҳрубон!”   
Муҳаммад ШОДӢ
(Давом дорад).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: