ИНЪИКОСИ АНЪАНА ВА МАРОСИМҲОИ МАРДУМӢ

Мероси таърихӣ ва арзишҳои маънавӣ ҳазорсолаҳост, ки барои мардуми мо ҳамчун манбаи зояндаву поянда хидмат мекунанд.

Мероси таърихӣ ва арзишҳои маънавӣ ҳазорсолаҳост,  ки барои мардуми мо ҳамчун манбаи зояндаву поянда хидмат мекунанд. Дар маҳаки ҳар як расму ойин,  урфу одат ва анъанаву маросим орзуву омол ва манзараҳои зиндагӣ таҷассум ёфтааст.Баъзе аз асотир,  афсона, ривоят, достон, мақол,  суруд ва бозиҳои мардумӣ фақат ба халқи ягон маҳал, ин ё он миллат хос мебошанд. Аз ин рӯ,  зимни омӯхтани ин урфу одатҳо таърихи пайдоиш ва рушду нумӯъ, ё баръакс гум ё фаромӯш шудани онҳо ба риштаи таҳқиқ кашида мешавад.

Ноҳияи Фориш  қариб нисфи қаламрави вилояти Ҷиззахро ишғол менамояд (он аз ҳудуди вилояти Андиҷон ду баробар калон аст). Ноҳия аз деҳу овулҳое иборат мебошад,  ки намояндагони қавму миллатҳои гуногун сарҷамъона зиндагӣ мекунанд. Ин макон  дорои таърих ва фарҳангу маънавияти ғанӣ аст. Бисёр бозиҳои халқӣ,  урфу одатҳои қадимӣ дорад,  ки то кунун ҳифозат гаштаанд. Мутаассифона, баъзеи онҳо бинобар беэътиноӣ нисбат ба арзишҳои маънавӣ рӯ ба фаромӯшӣ ниҳодаанд.
Китоби «Фориш: одамлар ва удумлар» («Фориш: мардум ва урфу одатҳо»)-и раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов, ки соли 2020 аз тариқи нашриёти «Turon nashr»-и шаҳри Самарқанд ба табъ расидааст, бештар дар бораи анъана ва расму ойинҳои мардумӣ баҳс мекунад. Китоб бо пешгуфтори доктори илмҳои фалсафа, профессор Усмон Қарабоев оғоз меёбад.
Дар боби аввали китоб бозиҳои халқии «Ресмонкашӣ», «Подшоҳ-вазир», «Чиллак», «Сангбардорӣ» ва ғайра зикр шудаанд. Бояд гуфт, ки зимни иҷрои баъзе аз ин бозиҳо шеъру сурудаҳои халқӣ ба таври фаровон истифода мешаванд. Бисёре аз ин бозиҳо  маҳз барои мардуми ноҳияи Фориш хосанд. Ҳоло ҳам дар репертуари дастаҳои бадеии «Боғдон гуллари» ва «Тоғ шалоласи» ин намуди бозиҳои халқӣ ба мушоҳида мерасанд. Дастаҳо барномаҳои рангини маросимҳои «Дарвешона», «Сари сол», «Тухмпошӣ», «Бозиҳои халқӣ» ва ғайраро талқин мекунанд.
Дар боби дувуми китоб  лавҳаҳо доир ба ҳаёти ҳунармандон, устоён ва урфу одатҳои хоси меъморӣ таълифнамудаи доктори фанҳои меъморӣ,  профессори Донишкадаи меъморӣ ва сохтмони Тошканд Додо Нозилов ҷой гирифтаанд. Ӯ дар бораи устоёни моҳир, ҷиҳатҳои асосии кори меъморӣ ҳикоя кардааст, ки маҳсули мушоҳида ва таҳқиқотҳои тӯлониаш дар ин соҳа аст.
Ҷустуҷӯҳои илмии муҳаққиқи Донишкадаи политехникии Ҷиззах Темур Ибайдуллоев дар бораи пайдоиш ва такомули либосҳо низ дар ҳамин боб оварда шудаанд.
Ба хонанда дар бораи зиёратгоҳҳои «Ҷондаҳорато», «Ҳазрати Эшони халифа», «Хонбандӣ»,  «Хӯҷабоғбонато»,  «Нарвонато»,  «Ҳазрати Зайнулобиддин», «Тешиктош», «Қизучган»-и ҳудуди ноҳия маълумот пешниҳод мегардад.
Дар боби панҷум дар бораи ба Конвенсияи Рамсар шомил гардидани Айдаркӯл, диёри паҳлавонон будани деҳаи Моҷарм нақл карда мешавад.
Дар бораи паҳлавонони номӣ, устодони варзиш Арслон Элов, Бобомурод Файзиев, Илҳом ва Искандар Тӯхтамовҳо, Шуҳрат Арслонов ва варзишгарони ҷавон Толибҷон Арслонов, шоҳмотбоз, ду карат чемпиони ҷаҳон дар байни ногироён Сироҷиддин Зайниддинов маълумоти мухтасар дода шудааст.
Дар боби охирини китоб, ки ба забони тоҷикӣ шурӯъ меёбад, дар бораи мавқеъ ва мақоми деҳоти тоҷикнишини силсилакӯҳҳои Нурато нависандаи боистеъдод Юнуси Имомназар ибрози назар намудааст. Мақолаи «Ҷашни арӯсӣ»-и нависанда ғолибан дар бораи маросими тӯйҳои деҳаи Эҷ аст.
Дар ҳамин замина мехоҳем чанд мулоҳизаи худро изҳор намоем. Агар матбуоти даврии солҳои гуногунро варақ занем, ба мақолаҳои зиёде дучор меоем, ки дар бораи урфу одат ва эҷодиёти халқии ин маҳал ҳикоя мекунанд. 
Аз ҷумла Холназар Ӯролзода (равонаш шод бод!) дар бобати омадани баҳор ва истиқболи он, шодравон Додо Ҳоҷизода дар бораи паҳлавонони гӯштӣ лавҳа ва қиссаҳо доранд. Мебоист аз онҳо истифода шавад.
Дар қисми охири китоб сурудаҳои Норбибии андагинӣ ва Бозоргул Назароваи ухмӣ ҷой гузидаанд.
Бояд гуфт, ки китоб бо маблағи Фонди ҷамоатии дастгирии созмонҳои нодавлативу нотиҷоратӣ ва дигар институтҳои ҷамъияти шаҳрвандии назди Олий Маҷлис ба нашр расидааст, ки Маркази миллию фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах ин грантро ба даст оварда буд.
Сарфи назар аз баъзе камбудӣ ва каму костиҳо китоб баҳри ошно сохтани насли имрӯз бо арзишҳои таърихӣ аҳамият дорад.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: