ИНЪИКОСИ МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГӢ ДАР ВОСИТАИ АХБОР

Дар кишварамон ба масъалаи таъмини суботи экологӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои муҳити мусоиди табиӣ, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, пешгирии мушкилоти экологӣ ва рафъи оқибатҳои манфии он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.

Дар Маркази матбуоти миллӣ аз ҷониби Шӯрои экожурналистони назди иттиҳодия оиди инъикоси мушкилоти экологӣ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ мулоқоти кушод ба амал омад. Чуноне таъкид гардид, дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ, рушди илму техника ва талаботи инсон дар рӯйи замин як қатор мушкилоти экологӣ ба миён омадааст, ки имрӯз дар хусуси табиати соф сухан рондан душвор аст. Дар рӯйи замин бешазорҳо ба ҷойи зиёд шудан, кам мешаванд, майдонҳои калони табиӣ барои хоҷагии қишлоқ истифода бурда мешаванд, табиат ва ҳаво аз партов ва газҳои гуногун олуда мешаванд. Ғайр аз ин, дар табиат обхезӣ, сӯхтор, тӯфонҳои чангу ғубор ва дигар ҳодисаҳои табиӣ ба амал меоянд. Ҳамаи ин мувозинати табиатро вайрон мекунад.
Мо шоҳиди муносибати манфии инсоният ба табиат мебошем. Дар натиҷаи таъсир ба табиат солҳои зиёд мушкилоти экологӣ ба вуҷуд меояд. Имрӯз на танҳо истеҳсоли маҳсулоти аълосифат, балки зарар нарасонидан ба муҳити зист яке аз талаботи асосии корхонаҳои саноатӣ мебошад. Дар айни замон саъю кӯшиши ҳалли мушкилоти экологӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияи камхарҷ, аз ҷиҳати экологӣ тоза, пайваста гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи табиат ё такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа барои ҳалли он кифоя нест. Баланд бардоштани маданияти экологии аҳолӣ, муносибати оқилона ба муҳити зист, ташаккул додани ҳифзи захираҳои табиӣ барои насли оянда омилҳои асосии пешгирии мушкилоти экологӣ мебошад.  
Дар инъикоси сиёсати экологӣ нақши ВАО низ калон аст. Аз ин рӯ, консепсияи самаранокии воситаҳои ахбори омма, нишондиҳандаҳои инъикоси сиёсати экологии Ӯзбекистон, таъсири каналҳои мушаххаси коммуникатсия ва самаранокии ВАО ва вазъи рейтинги маводи экологӣ байни иштирокдорон таҳлил карда шуд. 
Яке аз нишондиҳандаҳои самаранокии журналистика аудиторияи он мебошад. Таъсирбахшии маводи нашршуда дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз рӯйи шумораи муштариёне, ки онро мутолиа кардаанд ва аз рӯйи шунавандагон ва тамошобинони радио ва телевизион чен карда мешавад. Бинобар ин, барои бештар ва ҷонноктар инъикос намудани мушкилоти экологӣ аз ҷониби Палатаи ҷунбиши экологӣ ва Кумитаи давлатии ҳифзи гирду атроф бо намояндагони ВАО пресс-тур ташкил карда мешавад.
Дар поёни чорабинӣ иштирокдорон пешниҳоду дархостҳои худро баҳри муҳофизати табиат ва мушкилоти экологӣ баён намуданд.

Махфират
 МАМАҶОНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».      
    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: