ИНЪИКОСИ СТРАТЕГИЯИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУРОҶИАТНОМА

24 январи соли 2020 дар соҳаи маърифатҷӯӣ бо эълон гардидани Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис стратегияи бемислу монанд ба майдон омад.

 Соли илм, маърифат ва рушди иқтисодиёти рақамӣ эълон гардидани соли 2020 дар дилу дида равшанӣ овард. 
Тамоми фаъолиятро иқтисодиёти рақамӣ муайян менамояд. Ҷиҳати бартарии иқтисодиёти рақамӣ он аст, ки барои ба хубӣ донистани нархи навои маҳсулоти хӯрокворӣ, зироат, сабзавот, пахта, ғалла, инчунин, воқиф гаштан аз натиҷаҳои соҳибкориву сармоядорӣ имкониятҳои ахборӣ-электрониро ба майдон меорад. Бино ба санади Муроҷиатнома дар соли 2020 1 млн. нафар ҷавонони компутердону барномасоз тайёр карда мешаванд. Албатта, ин амали нек аст. Ҷавонони барномасоз ҳар чи қадар бисёртар бошанд, фаъолияти иқтисодиёти рақамӣ ҳамон қадар пеш меравад. Афзалияти хидмати электронӣ дар он аст, ки масофаи дурро наздик мегардонад. Маълумот ва ҳуҷҷатҳои назардоштаро дар лаҳзаву сонияҳо ба масофаи дахлдор дастрас менамояд. 
Президент Шавкат Мирзиёев моро хотирнишин намуд, ки ба масъалаи таълиму тарбия, маърифатомӯзӣ бефарқ набошем. Бо дархосту ҷонибдории Президент бори аввал дар кишварамон Вазорати таълими томактабӣ кушода шуд. Он аз рӯзи аввал бо таълиму тарбияи фарзандони ояндадор шуғл меварзад. Дар кишварамон бори аввал муассисаҳои таълими томактабии давлатӣ, иловагӣ, хусусӣ ташкил карда шуданд. Дар давоми ду сол корҳои ба таҳсин лоиқ иҷро гардиданд. Аз Муроҷиатнома бармеояд, ки қабул ва ҷалб намудани кӯдакон ба муассисаҳои таълими томактабӣ нисбат ба пештара дучанд афзуда, фарогирӣ ба 60 фоиз мерасад. Соли ҷорӣ барои амалӣ гардондани матлаби мазкур 1,8 триллион сӯм аз ҳисоби маблағи буҷа ҷудо карда мешавад. Кӯдакони дусола ба кӯдакистон қабул карда мешаванд. Кӯдакони шашсола ба мактаб тайёр карда мешаванд. 
Зинаи дуюми маърифатҷӯӣ мактаб аст. Дар вақти муроҷиат ба халқ хотирнишин гардид, ки дар соли 2020 аз ҳисоби маблағи буҷа (1,7 триллион сӯм) 36-то мактаб аз нав сохта, 211-то мактаб пурра таъмир карда мешавад, 55-то мактабҳои хусусӣ ташкил мегарданд. 348-то мактабҳои такягоҳ бо барномаҳои замонавӣ, ахборӣ-технологӣ фаъолияташонро давом медиҳанд. Бо кӯмаки мутахассисон дастурҳои нав, китобҳои нав ба чоп омода карда мешавад. Илова бар ин, дар оянда 540-то мактаби ҳунаромӯзӣ, 147-то коллеҷ, 143-то техникум ташкил карда мешавад. Ин гуна чораву пешбиниҳо барои ояндаи фарзандон мебошад, ки Президенти кишвар дақиқназарона ба онҳо эътибор додааст.
Дар кишвар «Мактабҳои Президент» рӯз аз рӯз меафзоянд. Усули таълим ва тарбия дар «Мактабҳои Президент» аз дигар мактабҳо куллан фарқ дорад. Фарқи аввал, дар як синф 8-12 нафар донишомӯз таҳсил мегирад, аммо дар мактабҳои ҳамагонӣ 25 нафар ва аз он зиёд аст. Донишомӯзони «Мактабҳои Президент» ба ғайр аз забони модарӣ забонҳои хориҷӣ, воситаҳои ахборӣ-электрониро ба дараҷаи бояду шояд меомӯзанд.
Зинаи сеюм таълими пас аз хатми мактабу коллеҷ – таълими мактаби олӣ мебошад. Дар соли 2020 адади донишгоҳу донишкадаҳо зиёд мегардад. Дар шаш равияи бакалавр таълими сесолаи мактаби олӣ ташкил карда мешавад. Таҷрибаи мазкур дар ташкил кардани равияи томактабӣ ва кадрҳои соҳибихтисос натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод. Квотаҳои буҷавӣ 2 баробар, шартномавӣ 25 фоиз, минбаъд 50-60 фоиз зиёд мегарданд. Аз нақшаҳои таълим фанҳои ғайритахассусӣ хориҷ карда мешаванд. Дар айни замон донишҷӯён бо омӯзиши фанҳои тахассусӣ кам машғул мешаванд. Муаммои мазкур дар соли 2020 бо аз нав кор кардани нақшаҳои таълим бартараф карда мешавад. Довталабон ва хатмкунандагони мактаби таълими ҳамагонӣ то ҳуҷҷатсупорӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо аз фанни забон ва адабиёт тест супорида, ҳуҷҷати роҳхатиро мегиранд, ки дар вақти ба донишгоҳ ҳуҷҷат супоридан нусхаи ҳамон ҳуҷҷатро пешниҳод кунанд, кифоя аст. Дар соли хониши 2020-2021 мисли солҳои хониши пештара довталаб дар кӯчаи бероҳагӣ ва сарсонӣ намемонад. 

Таваккал ЧОРИЕВ,
депутати Палатаи қонунофарии Олий Маҷлис, 
узви Кумитаи мудофиа ва бехатарӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: