ИНЪИКОСИ ТАРАҚҚИЁТ ДАР КОНСТИТУТСИЯ — ЗАРУРАТИ ОБЪЕКТИВӢ

Дар конститутсияи ҳар як мамлакат бо назардошти хусусиятҳои дохилӣ доир ба ҳуқуқи инсон сохтори қонунгузории муайян ташаккул ёфтааст.

Конститутсия асноди асосии ҳуқуқии ин ё он давлат маҳсуб мешавад. Ҳама гуна асноди меъёрию ҳуқуқӣ такя ба конститутсия дорад. Таври дигар гӯем, Конститутсия манбаи кулли асноди қонунии мамлакат мебошад. Меъёрҳои ҳуқуқии конститутсиявӣ тамоюлҳои асосии сохтори иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳудудии давлат, тартиби муносибатҳои онро бо институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба тартиб меандозанд, сохтори мақомоти ҳокимияти давлатиро муайян мекунанд. 
Қонуни асосии рӯзгори мо — Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ дар худ чунин хусусиятҳоро таҷассум сохтааст. Бино ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ҳаёти инсон, шаън, қадру қимат, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ маҳсуб мешавад. Эътироф ва таъмини  ҳуқуқу озодиҳои инсонро давлат ба ӯҳда гирифтааст.
Дар табрике, ки Президент ба муносибати 29-умин солгарди Конститутсия ба халқи Ӯзбекистон ирсол дошта буд, пешниҳод гардид, ки зарурати тағйир додани тамоюли «Давлат — ҷамъият — инсон» ба тамоюли «Инсон — ҷамъият — давлат» ба миён омадааст. Тамоюли навро бояд мо дар қунунгузории миллӣ ва амалиёт таҳким бахшем.
Воқеан, дар мамлакатамон ислоҳоти васеъмиқёс ба амал татбиқ гардиданд ва ин ҷараён идома дорад. Ин ислоҳот қабл аз ҳама дар пиёда кардани сиёсати шаффофу ошкоро, баланд бардоштани қадри инсон, такмил додани институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, ислоҳ кардани сохтори кор бо оила ва занону духтарон, маълӯлон ва пиронсолон, пурзӯр намудани сиёсати давлатӣ дар бахши кор бо ҷавонон, корҳое, ки оиди бартараф намудани меҳнати маҷбурӣ татбиқ мегарданд, интиқол додани волотарин арзишҳои оиладории  миллӣ ба насли оянда, беш аз пеш таҳким бахшидани ҳамҷиҳатии байнимиллӣ намоён мегардад.
Ҳамчунин, дар корҳое, ки доир ба рушди муассисаҳои таълими томактабӣ, таълими халқ, таълими олӣ ва илму фан — ҳалқаҳои узван ба ҳам пайвасти Эҳёи сеюм, анҷом дода мешаванд, таҷассум меёбад. Ин бошад, ҳатман, тақозо дорад, ки мо Қонуни Асосӣ — Конститутсияамонро ба воқеияти ҷамъияти имрӯза, мантиқи ислоҳоти шадид мутобиқ гардонем. Зарурати ба сифати қоидаи конститутсиявӣ таҳким бахшидани тамоюли «Ӯзбекистони Нав — давлати иҷтимоӣ» ба миён омадааст.

Абира ҲУСЕЙНОВА,
узви Кумитаи масъалаҳои занону духтарон ва баробарии ҷинсии Сенати Олий Маҷлис, доктори илмҳои фалсафа, профессор. 
(ӮзА).    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: