ИНКИШОФИ МУНТАЗАМ ИҚТИСОДИЁТ — ОМИЛИ ТАЪМИН СОХТАНИ ФАРОВОНҲОЛИИ ХАЛҚ

Аз тариқи инкишоф додани иқтисодиёти Ӯзбекистон саҳм гузоштан ба беҳтар намудани фаровонҳолии аҳолӣ аз самтҳои муҳимтарини Барномаи пешазинтихоботии ман мебошад.

Аз тариқи инкишоф додани иқтисодиёти Ӯзбекистон саҳм гузоштан ба беҳтар намудани фаровонҳолии аҳолӣ  аз самтҳои муҳимтарини Барномаи пешазинтихоботии ман мебошад.
Равшан аст, ки панҷ соли охир солҳои дигаргунӣ ва навгониҳо, дар роҳи таъмин сохтани фаровонҳолии зиёда аз сию панҷ миллион нафар аҳолӣ татбиқ сохтани ислоҳоти мустақим буданд. Ин солҳо мақом ва нақши муҳими Ӯзбекистонро нафақат дар Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми ҷаҳон нишон доданд.
Метавон гуфт, ки ғояву ташаббусҳои Ӯзбекистон аз минбарҳои бонуфузтарини ҷаҳон, сиёсати иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодии солҳои охири мамлакатро низ падидор карданд. Айни замон ба зинаҳои нав бардоштани ислоҳоти иқтисодиёти мо тақозо мегардад.
Маълум аст, ки дар таърихи Ӯзбекистони нав бори аввал мавҷудияти табақаи нодори аҳолӣ, дар кишварҳои хориҷӣ кор кардани ҳазорҳо нафар ҳамватанонамон эътироф карда шуд, ҳифз намудани ҳуқуқи онҳо, дар куҷое набошанд, муҳофизат кардани шаҳрвандони Ӯзбекистон ба сиёсати қатъӣ табдил ёфт.
Ин ҷиҳат, бидуни шубҳа, аз натиҷаҳои муҳимтарини солҳои охир аст.
Дар барномаи пешазинтихоботии ман бинобар масъалаҳои мазкур низ самтҳои махсус мавҷуданд.
Шубҳае нест, ки ба инкишофи иқтисодиёти миллӣ нақши тоҷирони хусусӣ, ки ҳамчун соҳибкорони маҳаллӣ ба забон бурда мешаванд, беқиёс мебошад. Мо ҷонибдори фароҳам овардани имкониятҳои васеъ ба ин табақаи аҳолӣ, мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқии таъминкунандаи ҳама гуна ҳаракатҳои неки онҳо мебошем.
Ҳангоме ки сухан аз соҳибкорон меравад, ба хотир овардани он ки ҳоли ҳозир 75 фоизи аҳолии машғули кор аз ҷониби онҳо фаро гирифта шудаанд, бо вуҷуди пандемия бинобар шароитҳое, ки барои сохторҳои соҳибкорӣ ташкил гардиданд, саҳми сектори хусусии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муттасил меафзояд, хушоянд аст.
Бо назардошти ин, пеш аз ҳама, дар иқтисодиёт иштироки давлатро қатъиян кам кардан ва қабул намудани барномаи давлатии инноватсионии 5-соларо пешниҳод менамоям. Дар ин бобат соҳаи хидмати коммуналӣ хусусӣ карда, дар соҳа ба соҳибкории хусусӣ бартарӣ бояд дода шавад.
Алҳол барои ба пешрафти Ӯзбекистони нав муваффақ шудан, беҳуда зарурати ҷустуҷӯ кардан, бахусус нисбати худ муттасил кор бурдани насли ҷавон зуд-зуд таъкид намегардад. Зеро дар замони ҷаҳонишавӣ, хатари ҷиддӣ дар навбати аввал худро дар иқтисодиёт зоҳир менамояд. Дар мубориза ба муқобили нодорӣ низ саводнок шудан қоидаи нонавишта аст. Модоме, ки чунин аст, бояд ба соҳаи мазкур эътибори ҷиддӣ дода шавад. 
Вале бо вуҷуди ин таҳлили фаъолияти баъзе соҳибкорон зарурияти эълон кардани амнистияи андоз ва амнистияи сармояро нишон медиҳад. Фикр мекунам, ин ба ҳамдиёрони соҳибкорамон, ки замоне дониставу надониста қонунгузории андозро вайрон кардаанд ва то имрӯз дар ин масъала мушкилот доранд, барои аз нав оғоз намудани кори худ имкон фароҳам меоварад.
Ба андешаи ман амнистияи сармоя ба ҳаммиллатони мо, ки дар гӯшаҳои гуногуни дунё зиндагӣ доранду метавонанд барои пешрафти Ӯзбекистони нав саҳми худро гузоранд, имконияти ба мамлакат ворид кардани сармояро ба миён меоварад.
Пӯшида нест, ки дар Барномаи пешазинтихоботии барои солҳои 2020-2024 пешбининамудаи ҳизби мо аз ҷониби давлат фароҳам овардани шароитҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ба тамоми хелҳои расонаҳои ахбори оммавӣ, бахусус фаъолияти пурсамари нашрияҳои чопӣ дар муҳити озод ва рақобати солим эътибори алоҳида дода шуда буд. Бинобар ҳамин ҳам андоз барои арзиши иловагӣ (ААИ), ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои маҳсулоти китоб ҷорӣ гардида буд, бо иштироки мутахассисон, намояндагони соҳа васеъ муҳокима карда, бо омӯхтани таҷрибаи хориҷ таклифи интихоб намудани роҳи мақбултаринро пеш мегузорем.
Равшан аст, ду ҳуҷҷати муҳиме, ки соли 2017 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул гардид, баробари китобхонҳо дар дастгирии ҳамватанони бо нашри китоб машғуламон аҳамияти муҳим пайдо кард. Инҳо фармоиш «Дар бораи таъсис додани комиссияи чопи маҳсулоти китоб ва инкишоф додани низоми паҳнкунӣ, мутолиаи китоб ва баланд бардоштани маданияти китобхонӣ, ҳамчунин тарғиботи он» ва қарор «Дар бораи чораҳои маҷмӯӣ бобати нашри маҳсулоти китоб ва инкишоф додани низоми паҳнкунӣ, мутолиаи китоб ва баланд бардоштани маданияти китобхонӣ, ҳамчунин тарғибу ташвиқи он» барои соҳаи мазкур ба ислоҳоти куллӣ ибтидо гузошт.
Бояд таъкид намуд, ки баъд аз ин қарорҳо муносибат ба соҳа, аз ҳама муҳимаш ба китоб тағйир ёфт. Бахусус дар доираи «5 ташаббуси муҳим» дар самти «Баланд бардоштани маънавияти ҷавонон, дар байни онҳо васеъ тарғибу ташвиқ намудани китобхонӣ» ба натиҷаҳои назаррас муваффақ гардидем. Чунончи:
– озмунҳои ҷумҳуриявии «Китобхони ҷавон» ва «Оилаи ҷавони китобхон» ҷорӣ шуданд, ки хонандагони мактаб ва оилаҳои ҷавонро фаро гирифта, анъанавӣ шуданд;
– аз моҳи октябри соли 2019 ҳар сол гузаронидани намоишгоҳ-бозори байналхалқии китоб таҳти унвони «Tashkent Book Fest» ба роҳ монда шуд;
– аз ҳисоби беш аз 7 миллиард сӯм буҷаи маҳаллӣ 1 миллион нусха маҳсулоти китоб ба китобхонаҳои мактаб ва китобхонаҳои дигари идоравӣ расонда дода шуданд;
– агар то соли 2017-ум саҳми маҳсулоти китоб ғайр аз адабиётҳои таълимӣ 25 фоизро ташкил дода бошад, ҳоло ин нишондиҳанда ба 40-45 фоиз расид.
Алҳол омор собит менамояд, ки миқдори нашриётҳо аз 200 адад гузаштааст. Аз онҳо танҳо 47 нашриёт давлатӣ мебошанд. Имсол нисбати соли 2016-ум миқдори нашриётҳои хусусӣ 288 фоиз зиёд шудааст (дар тӯли панҷ сол ба ҳисоби миёна соле 55 фоизӣ).
Ҳоли ҳозир иқтидори ҳаҷми умумии истеҳсоли солонаи маҳсулоти китоби корхонаҳои табъу нашр ба 273,6 миллион нусха расидааст. Дар байни онҳо маҳсулоти китобҳои дорои муқоваи мустаҳкам ҳамагӣ 30,1 миллион нусха (ё худ 11 фоиз)-ро ташкил медиҳад.
Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дар соҳа бинобар зиёд гардидани арзиши коғаз ва ашёи хоми матбааҳо, ҳамчунин аз 1 апрели соли 2020-ум ҷорӣ гардидани андози арзиши иловагӣ барои чопи маҳсулоти китоб имрӯз дар баъзе корхонаҳои табъу нашр масъалаҳои ҳалталабро мегузоранд. Бори ин намуди андоз боиси паст шудани савдои китоб  мегардад.
Мутаассифона, айни замон дар байни мо онҳое, ки китоб ҳам товар аст, ба он низ чун ба дигар молҳо ва хидматҳо бояд арзиши иловагӣ зам карда шавад, ба иқтисодиётамон даромад оварад, мегӯянд, кам нестанд. Вале бояд фаромӯш накунем, ки аҳамияти иҷтимоии китоб нисбат ба ҳама гуна мол баландтар аст. Маҳз илм ҷамъиятро мураттаб, бо маънавият, бамаърифат ва иқтисодиётро пурқувват мекунад.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии андоз солҳои 2017-2020-ум 61,8 фоизи ҷамъи андозе, ки аз ҷониби нашриётҳо пардохта шудааст, ба андози арзиши иловагӣ рост меояд. Ҳоли ҳозир аз ҷониби корхонаҳои табъу нашри маҳаллӣ ғайр аз андози арзиши иловагӣ барои замин, молу мулк, об ва андозҳои иҷтимоиву даромад низ пардохта мешаванд.
Аз ҷониби Иттиҳоди байналхалқии нашриётҳо (The International Publishers Association (IPA) инчунин Федератсияи нашриётҳои Аврупо (Federation of European Publishers (FEP) дар 79 давлат масъалаи ҷорӣ намудани андози арзиши иловагӣ ба китобҳо омӯхта шуда, маълум гардид, ки дар 31 давлат андози арзиши иловагӣ умуман ҷорӣ карда нашудааст ва боз дар беш аз 30 давлат миқдори андози арзиши иловагӣ барои китобҳо кам мебошад, дар 17 давлат бошад миқдори андози арзиши иловагӣ барои китобҳо бо миқдоре, ки амал мекунад, як хел мебошад.
Қайд бояд кард, дар 79 давлате, ки пурсиш гузаронида шуд, ҳисоби миёнаи андози арзиши иловагии барои китобҳо ҷоригардида 5,75 фоиз, барои китобҳои электронӣ 12,25 фоизро ташкил мекардааст.  Дар замоне, ки иқтисодиёти рақамӣ дар тамоми олам оммавӣ мегардад, дар бисёр кишварҳо фоизҳои андози арзиши иловагие, ки барои китобҳо ҷорӣ карда шудаанд, аз нав баррасӣ мешаванд, ки беҳуда нест. Эътибор диҳед: андози арзиши иловагӣ дар Британияи Кабир соли 1973 ҷорӣ шуда бошад ҳам, дар ин муддат китобҳо ба ин навъи андоз умуман кашида нашудаанд. Агар гӯем, ки дар комёбиҳои иқтисодӣ, пешрафти илму фани Куриёи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Норвегия, Арабистони Саудӣ, Қатар ва давлатҳои дигар рағбатноксозии савдои китоб аз ҷониби давлат нақши муҳим мебозад, хато намекунем.
Ба тарзи хулоса метавон гуфт, ки китоб, бешубҳа, ба қатори эҳтиёҷоти муҳим ё худ ҳаррӯзаи инсон дохил намешавад. Ҳамчунин истеъмолгарони асосии китоб – хонандагони мактаб, донишҷӯён ва нафақахӯрон мебошанд. Ба ин маъно, имрӯз тақвияти пояҳои маънавию маърифатии мо аз пештара дида муҳимтар аст. Мо бояд тавассути тарғиби густурдаи китобхонӣ ба таълиму тарбия таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунем, то тағироти фарҳангӣ ва бӯҳронҳое, ки зуд ба моҳият ва арзиши инсон таъсир мерасонанд, ба фарзандони мо таъсир нарасонанд. Мо бояд кафолат дода тавонем, ки ҷавонони мо на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ шукуфон, балки аз ҷиҳати рӯҳонӣ баркамол бошанд. Тамоми диққат ва таваҷҷӯҳи мо бояд ба ин равона карда шавад.

Алишер ҚОДИРОВ,
номзад аз Ҳизби демократии Ӯзбекистон – 
«Миллий тикланиш».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: