Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 август бахшида ба масъалаҳои инкишофи низоми маорифи халқ, такмили малакаи муаллимон ва обрӯи онҳо дар ҷамъият, тарбияи маънавиву ахлоқии насли наврас ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.
Роҳбари давлат аз аввалин рӯзҳои фаъолияташ дар вазифаи Президентӣ дар масъалаҳои тарбия намудани кадрҳои замонавии тозафикркунанда, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватанпарварӣ ва чун молики маънавияти баланди шахсият ва ҳамчунин такмили низоми таълим барои расидан ба ин мақсадҳо эътибори алоҳида медиҳад.
Дар бораи чорабиниҳои дар мамлакатамон андешидашаванда дар бобати ислоҳот дар низоми таълими мактабӣ, вазифаҳои муҳими ин соҳа, Президент суханони маърифатпарвари бузург Маҳмудхоҷа Беҳбудиро таъкид кард: «Мактаб макони аз ҳама бузург дар ҷаҳон аст» ва дар бобати моҳият ва аҳамияти масъалаи муҳокимашаванда муфассал таваққуф намуд.
Воқеан, таҷрибаи таърихии давлатҳои тараққиёфта нишон медиҳад, ки ислоҳоти барои тағйири ҳаёти ҷамъият нигаронидашуда пеш аз ҳама аз такомули низоми таълим, кӯдакистон, мактаб, соҳаи умуман таълим оғоз мегирад. Зеро, бе тағйир додани мактаб инсон, ҷамъиятро дигаргун намудан имконнопазир аст. Мактаб бошад, зербинои таълим ва тарбия мебошад ва муаллимон санги маҳаки онро ташкил медиҳанд.
Тавре ки маълум аст, дар солҳои мураккаби давраи гузариш муҳити маънавиву маърифатӣ дар мактаб заиф буд, обрӯ ва нуфузи касби муаллим паст гардид, эътибор ба тарбияи муаллимони форматсияи нав, инкишофи илми педагогика, татбиқи таълими технологияи инноватсионӣ суст гардид, ки он ҳама ба зуҳури чандин мушкилоти ҷиддӣ сабаб гардид.
Дар солҳои охир ислоҳоти васеъмиқёс дар бобати босамар ҳал намудани ин мушкилот, куллан такмил додани низоми тарбияи кадрҳо татбиқ мегардад.
Аз он ҷумла, дар бобати низоми маорифи халқ шаш фармон ва қарорҳои Президент, 21 қарори Девони Вазирон қабул гардида, асосҳои меъёриву ҳуқуқии ислоҳоти соҳа таҳким ёфт.
Бо назардошти хоҳиши падару модарон ва ҷамъияти васеъ низоми 11-солаи таълими мактабӣ барқарор карда шуда буд. Дар 3 соли охир 157 мактаби нави таълими ҳамагонӣ сохта шуд.
Мактабҳои типи нав, аз он ҷумла, мактабҳо барои фарзандони соҳибистеъдод ба номҳои олимони бузург Мирзо Улуғбек ва Муҳаммад ал- Хоразмӣ, мактабҳои эҷодӣ ба номҳои Ҳамид Олимҷон ва Зулфия, Эркин Воҳидов, Абдулло Орипов, Ибройим Юсупов, Исҳоқхон Ибрат, Муҳаммад Юсуф, Ҳалима Худойбердиева, мактабҳои «Темурбеклар мактаби», мактабҳои президентӣ ва хусусӣ ташкил карда шуданд, ки инҳо дастрасии кӯдаконро ба таълим зиёд намуд.
Бо назардошти аҳамияти муҳими иштироки мардон дар босамар татбиқ намудани фаъолияти таълимиву тарбиявӣ дар натиҷаи чорабиниҳои мушаххаси андешидашуда ба низоми таълими халқ 12 ҳазору 871 муаллимон баргаштанд.
Дар бобати рағбатноксозии муаллимон низ кори зиёд бурда мешавад. Дар 3 соли охир ҳаҷми музди меҳнати муаллимон ба ҳисоби миёна 2,5 маротиба зиёд карда шуд. Маҳаки дақиқи рағбатноксозии меҳнати педагогҳое, ки дар ноҳияҳои дурдаст кор мекунанд, муайян карда шуда, ба онҳо иловапулӣ дар ҳаҷми то 50 фоиз пардохта мешавад. Ин имкон дод, ки беш аз ҳазор муаллимон ба маҳалҳои муайян ҷалб гардиданд, ки дар онҳо норасоии чунин мутахассисон эҳсос мегардид. Ба муаллимони нафақагири корро идомадиҳанда, нафақапулӣ дар ҳаҷми пурра пардохта мешавад.
– Мо дар муаллимони худ, директорони шуҷоатманди мактабҳо, собиқадорони соҳа такягоҳ ва умеди мамлакатро мебинем,– гуфт Президент. – Мо минбаъд низ маблағ ва имконотро барои инкишофи низоми мактаб дареғ намедорем. Сарнавишти насли оянда, тақдири тамоми мардум, миллат, давлатамон аз муаллимони муҳтарами мо вобаста мебошад.
Дар ҷамъомад он чиз зери танқид гирифта шуд, ки дар низоми таълим сарфи назар аз тағйироти мусбӣ, мушкилоти доимӣ боқӣ мемонад, пойгоҳи моддиву техникии мактабҳо, дараҷаи дониш ва малакаи кормандони педагогӣ ба талаби замон ҷавоб намедиҳад.
Ба ногузирии ба вуҷуд овардани низоми замонавӣ ва оқилона дар соҳаи таълим ва тарбия, навсозии усулҳои таълим ва стандартҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва аёниятҳо, аҳамиятнокии истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар дарс, дар ҷараёни тарбия бошад, ба анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ такя намудан ишора гардид.
Роҳбари давлат аҳамияти муҳими ташаккули ғояи миллиро таъкид кард, ки ба принсипи «Аз эҳёи миллӣ – ба камолоти миллӣ» асос ёфта, таҳияи асосҳои мафкуравии амиқ андешидашудаи он ва ҳамчунин тарбияи насли наврас дар руҳи ифтихори миллӣ ва ватанпарварӣ аз бачагӣ таъкид намуд.
Эътибор ба ногузирии иштироки падару модарон, ҷамъияти васеъ барои ислоҳсозии камбудиҳо дар мактабҳо назорати сифати таълим нигаронда шуд.
– Мактаб – масъалаи ҳаёт ва марг, ояндаи мо. Давлат, ҳукумат ва ҳокимон ин масъаларо дар танҳоӣ ҳал карда наметавонанд. Ин кор ва қарзи тамоми ҷамъият бояд гардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷамъомад масъалаҳои куллан такмил додани низоми маорифи халқ, ҳалли маҷмӯии мушкилот амиқ таҳлил гардида, вазифаҳои оянда муҳокима гардиданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 апрели соли ҷорӣ Консепсияи инкишофи низоми таълими халқ то соли 2030 тасдиқ гардида буд. Дар он механизмҳои мушаххаси ноил гардидан ба 48 нишондоди мақсаднок муайян карда шудааст.
Барои мисол, дохил шудани Ӯзбекистон то соли 2030 ба қатори аввалин 30 мамлакати пешқадами ҷаҳон аз рӯйи таснифи барномаи баҳогузории талабагон дар дараҷаи байналхалқии PISA чун мақсад гузошта шудааст.
Роҳбари давлат ба масъалаҳои боло бурдани мақом ва нуфузи муаллим, мустаҳкамсозии кафолати ҳуқуқи он ва зиёд намудани имтиёзи он эътибори алоҳида нигаронд.
– Бе рағбатноксозии моддии муаллимон, бе баланд бардоштани сифати ҳаёти онҳо, дар бораи ислоҳот, кадом як натиҷа сухан ба миён овардан мумкин нест, – таъкид кард Президент.
Ба Девони Вазирон, вазоратҳои молия ва маорифи халқ дар заминаи зиёд намудани ҳаҷми музди меҳнати кормандони соҳаи таълими халқ дар соли 2020 супориш дода шуд. Ғайр аз ин, ба муаллимон ҷудо намудани манзили иқомат ва автокредит барои минбаъд рағбатноксозии кори онҳо дар мактабҳои деҳоти дурдаст пешбинӣ гаштааст. Кор дар ин самт муттасил идома хоҳад ёфт. Муаллимон ва мураббиён, дар навбати худ, обрӯи касби худро бояд нигоҳ дошта, ба таври ҳамеша дараҷаи дониш ва касбии худро баланд бардошта, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол иштирок намуда, бовиҷдонона меҳнат намуда, ташаббускор бошанд.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ, 6 донишкадаи педагогӣ дар минтақаҳо фаъолият доранд. Маркази таълими ҷумҳурӣ, Институти бозомӯзӣ ва такмили малакаи роҳбарон ва мутахассисони низоми таълими халқ ба номи Абдулло Авлонӣ, институтҳои такмили ихтисоси муаллимон дар вилоятҳо вуҷуд доранд. Аммо, мутаассифона, иштироки онҳо дар такмилдиҳии ҷараёни таълимиву тарбиявӣ, баланд бардошатани дониш ва малакаи муаллимон ба назар намерасад.
Бинобар ин дар ҷамъомад вазифа гузошта шуд, ки фаъолияти муассисаҳои таълими олии педагогӣ бо назари танқидӣ омӯхта, такмил дода шаванд, онҳо ба муассисаи бонуфузи таълимӣ табдил дода шуда, ба таври низомнок ҷавононеро тарбия намоянд, ки барои касби ихтисосҳои педагогӣ кӯшиш доранд.
Хабар дода шуд, ки дар назди Девони Вазирон барои мутобиқат ва таъмин кардани самарабахшии фаъолияти Мактабҳои президентӣ ва мактабҳои эҷодӣ сохтори алоҳида созмон дода хоҳад шуд.
Ногузирии ташкили кори маънавиву тарбиявӣ дар мактабҳо аз рӯйи услуби нав, ҷорӣ намудани фанни ягонаи «Тарбия» дар асоси муттаҳид намудани чунин фанҳо, мисли «Ғояи миллӣ», «Одобнома», «Таърихи динҳо», «Эҳсоси Ватан» таъкид гардид. Аҳамияти номгузории мактабҳо ба номи олимони машҳур, арбобони давлатӣ ва сиёсӣ, сарлашкарони маъруфи халқамон таъкид гардид.
Ба масъалаҳои тарбияи оилавӣ, масъулияти падару модарон ва ҳамкории онҳо бо муаллимон эътибори алоҳида нигаронида шуд.
Дар бобати ба вуҷуд овардани филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ, спектакл ва видеороликҳо дар бораи ҳаёти мактаб, меҳнати муаллимони шуҷоатнок тавсияҳо дода шуд.
– Мо бояд ҳаёти моддӣ ва маънавиро бо таносуб инкишоф диҳем. Дар ин кор мактаб бояд ҳалқаи асосӣ гардад. Инкишофи таълими мактабӣ бояд мақсади бузурги умумимиллӣ, ҳаракати умумихалқӣ гардад, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Роҳбарон ва шахсони масъул, муаллимони ботаҷриба, вакилони зиёиён ва фаъолони маҳаллаҳое, ки дар ҷамъомад иштирок доштанд, мулоҳизаҳо ва пешниҳодоти худро аз рӯйи масъалаҳои муҳокимагардида иброз намуданд.
ӮзА.