«ИННОПРОМ»: МАЙДОН БАРОИ НАМОИШИ МАҲСУЛОТ, МУЛОҚОТИ ТАРАФАЙН ВА ҲАМКОРӢ

Дирӯз дар «Ӯзэкспомарказ» намоишгоҳи байналхалқии саноатии «Иннопром» оғоз ёфт

Дирӯз дар «Ӯзэкспомарказ» намоишгоҳи байналхалқии саноатии «Иннопром» оғоз ёфт
Дар ин намоишгоҳ, ки аз ҷониби Вазорати сармоя ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия ташкил гардид, намояндагони корхонаҳои саноатӣ ва тоҷирон аз Ӯзбекистон, Арманистон, Белорус, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Фаронса ва кишварҳои дигар иштирок мекунанд.
Ин намоишгоҳи байналхалқӣ бо иҷлосияи асосии стратегӣ дар мавзӯи «Истеҳсолоти ҷаҳонии саноат муҳаррикони афзоишро меҷӯяд» ибтидо гирифт.
Дар иҷлосия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – вазири сармоя ва савдои хориҷӣ Сардор Умурзоқов, вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Денис Мантуров, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр, вазири саноати Ҷумҳурии Белорус Петр Пархомчик ба сухан баромада, изҳор доштанд, ки намоишгоҳи бонуфузи мазкур дар вусъат додани кооператсияи саноати байникишварҳо ва ширкатҳо, рушди саноат ва бунёди корхонаҳои муштарак нақши муҳим мебозад.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бобати дар кишвари мо фароҳам овардани муҳити мусоиди тиҷоратӣ эътибори зиёд дода мешавад. Ба ин муносибат солҳои охир корҳои васеъмиқёсе, ки ба тезондани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва озодкунии иқтисодиёт, фароҳам овардани муҳити куллан нави сармоявиву соҳибкорӣ, қаробати минбаъда нигаронида шудаанд, татбиқ мегарданд.
Тавре ки муовини Сарвазир Сардор Умурзоқов таъкид кард, дар мамлакати мо бори андоз барои тиҷорат коҳиш дода шуд, барои сармоягузорон имтиёз ва сабукиҳои иловагӣ ҷорӣ гардиданд. Дар навбати худ кор бинобар озодкунии тарзи савдои хориҷӣ ҷараён дорад. Аз ҷумла, пардохтҳои гумрукӣ барои бисёр намуди молҳои воридотӣ ва андозҳои аксизӣ хеле кам ё худ пурра бекор гардиданд. Тамоми маҳдудиятҳо оид ба воридот бекор карда шуданд. Хушоянд аст, ки ин намоишгоҳи байналхалқии саноатӣ, ки аз соли 2010 боз дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор мегардид, бори аввал дар мамлакати мо ба роҳ монда шуд. Дар он зиёда аз 1100 корхонаи 20 кишвар маҳсулоти худро намоиш медиҳанд.
– Чунин чорабинии бузург бесабаб дар Ӯзбекистон гузаронида намешавад, зеро Ӯзбекистон имкониятҳоро барои давлатҳо ва шарикони дигар вусъат медиҳад, – мегӯяд вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Денис Мантуров. – Дар мамлакат корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Ҳоли ҳозир ширкатҳои Ӯзбекистон ва Русия дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт лоиҳаҳои бузурги муштаракро татбиқ менамоянд. Дар намоишгоҳе, ки дар Ӯзбекистон баргузор мегардад, беш аз 300 ширкат ва корхонаҳои Русия маҳсулоти худро пешкаш мекунанд.
Дар «Ӯзэкспомарказ» дастоварди корхонаҷоти соҳаҳои мошинсозӣ, филизот, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ, дорусозӣ ва тиббӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
– Дар намоишгоҳи байналхалқӣ зиёда аз 70 корхонаи низоми иттиҳодияи «Ӯзчармсаноат» ширкат доранд, – мегӯяд роҳбари раёсати иттиҳодия Шуҳрат Алиев. – Шавқу рағбати иштирокдорони намоишгоҳ ба маснуоти варзишӣ, чарм ва мӯина меафзояд. Фикр мекунам, мо дар ин ҷо ба бисёр муоҳидаҳо имзо мекунем. Мо тӯли 20 сол бо тоҷирони Русия ҳамкорӣ дорем. Дар намоишгоҳе, ки ба наздикӣ баргузор шуд, ҳамкории худро хеле мустаҳкам кардем. Чунин иқдом ба баланд гардидани нуфузи маҳсулоти содиротии мо мусоидат мекунад.
– Дар намоишгоҳ мо дастовардҳои худро оид ба ташхис ва табобати коронавирус намоиш медиҳем, – мегӯяд котиби илмии Донишкадаи физиологияи Фарҳангистони миллии илмии Белорус Маргарита Досина.
– Инҳо омехтаи оксигену гелий ва ниқоб-кондисионер мебошанд. Омехтаи оксигену гелий барои нафаскашӣ кӯмак мерасонад. 30 фоизи омехта оксиген ва 70 фоизаш гелий аст. Ниқоб-кондисионер бошад, ба табибоне, ки мунтазам дар «минтақаи сурх» қарор доранд, кӯмакрасон аст. Ғайр аз ин мо сохтори ҳавософкуние дорем, ки он ба гардан овехта мешавад, ҳамчунин таҷҳизоти махсус барои безарар кардани телефон мавҷуд аст.
Намоишгоҳи байналхалқии саноатии «Иннопром» кори худро то 7 апрел идома медиҳад.

Насиба ЗИЁДУЛЛОЕВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: