ИННОВАТСИЯ ДАР ИҚТИСОДИЁТ БАР РУШДИ МУТТАСИЛ МУСОИДАТ МЕКУНАД

Дар вилояти Бухоро 19 апрел маросими ба истифода супурдани Маҷмӯи коркарди гази Қандим ба амал омад.

Ӯзбекистон захираҳои ғании карбогидрид дорад, ки ба татбиқи лоиҳаҳои дарозмуҳлат   имконият фароҳам меорад.
Бино бар ҳисобу китоб, аз се як қисми маъданҳои минералии Осиёи Марказӣ маҳз дар ҳудуди Ӯзбекистон ҷойгир шудааст. Мамлакатамон бино бар истихроҷи газ ба сафи аввалин бистгонаи ҷаҳон ворид мегардад.
Имрӯз соҳаи нафту гази Ӯзбекистон на танҳо бо истихроҷ, балки азнавкоркарди ашёи хоми карбогидрид ва истеҳсоли маҳсулот дар асоси он шуғл меварзад. Соҳа як қатор корхонаҳои бузургро бино бар истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ харидоргир муттаҳид менамояд.
Дар зинаи замонавӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳа азнавкоркарди амиқи ашёи хоми карбогидрид ва аз он истеҳсол намудани маҳсулоти арзиши иловагиаш баланд, ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ва васеъ гардондани ҷуғрофияи содирот ба ҳисоб меравад. Барои татбиқи лоиҳаҳо дар ин самт ба соҳаи истихроҷи нафту газ ширкатҳои бузурги хориҷӣ ҷалб карда мешаванд. Маҷмӯи коркарди гази Қандим натиҷаи чунин ҳамкорӣ ба ҳисоб меравад, ки дар доираи созишнома оиди тақсимоти маҳсулоти гурӯҳи конҳои Қандим, қитъаҳои Қандим, Ҳавзак, Шодӣ, Қӯнғирот якҷоя бо ширкати нафти «Лукойл»-и Русия бунёд ёфтааст. 
Қайд кардан ҷоиз аст, ки сохтмони Маҷмӯи коркарди гази Қандим аз муҳлати пешбинишуда ҳашт моҳ пеш ба охир расонда шуд. Расо ду сол қабл, 19 апрели соли 2016 маросими ибтидои сохтмони маҷмӯъ ба амал омад. Дар сохтмони маҷмӯъ ва инфрасохтори он қариб 10 ҳазор коргарон ва мутахассисон иштирок карданд. Баъд аз  барои баҳрабардорӣ супурда шудани корхона беш аз 2 ҳазор ҷойи кор ташкил карда шуд.
Ба таркиби маҷмӯъ низоми истихроҷ ва азнавкоркарди газ, ду заводи азнавкоркарди газ, терминалҳо барои нақлу ҳамли маҳсулот, қубурҳои гази магистралӣ, низоми муҳандисӣ ва энергетикӣ дохил мешаванд. Газ ба ин ҷо аз 114 чоҳе, ки ба ду нуқтаи газҷамъкунӣ муттаҳид гардонда шудааст, меояд.
Дар маросими ба истифода супурдани маҷмӯъ вазири энергетикаи Федератсияи Русия Александр Новак, президенти ширкати «Лукойл» Вагит Алекперов, намояндагони ҳайати дипломатӣ, созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, кормандон ва муҳандисони завод, ҷавонон, намояндагони ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ иштирок карданд.
Дар маросим Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нутқ эрод кард.
Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки корҳои дар доираи Стратегияи амалиёт татбиқшаванда ба рушди пайвастаи соҳаҳои бонуфузи саноат, ба соҳаи сӯзишвориву энергетикӣ фаъол ҷалб намудани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ хидмат мекунанд. Аз ҷумла, Маҷмӯи коркарди гази Қандим таҷассуми равшани навбатии  ҳамкории Ӯзбекистон ва Русия ба шумор меравад. 
Муборакбодии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро вазири энергетикаи ин мамлакат Александр Новак хонда дод.
Президенти ширкати «Лукойл» Вагит Алекперов, муҳандиси Маҷмӯи коркарди гази Қандим Шахзод Қурбонов, собиқадори соҳаи нафту газ Комил Фозилов таъкид намуданд, ки ин барои мамлакати мо воқеаи таърихӣ ба ҳисоб рафта, арзи вуҷуди маҷмӯъ, ки онро мӯъҷизае дар биёбон номидан мумкин аст, ба туфайли амалӣ гардондани ислоҳот дар Ӯзбекистон оид ба рушди иқтисодиёти минтақаҳо, баланд бардоштани некӯҳолии мардум имконпазир гардид. 
Сипас тугмаи рамзии ба кор даровардани фаъолияти маҷмӯъ пахш гардид.
– Имрӯз мо шоҳиди воқеаи муҳим гардидем,– мегӯяд Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ӯзбекистон Владимир Тюрденев.– Ман бо хушнудӣ рӯзеро, ки як сол қабл дар ин ҷо ба пойдевори ин маҷмӯъ санги аввалин гузошта шуд, ба ёд меорам. Лоиҳаи Қандим барои Ӯзбекистон самараи бузурги иқтисодӣ мебахшад. Чунки, чи хеле ки Президент Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, маҷмӯи Қандим барои Ӯзбекистон на танҳо барои истихроҷ, балки азнавкоркарди амиқи ашёи хом имконияти васеъ фароҳам меорад.
Чунин корхонаи бузурги саноатӣ намунаи равшани ҳамкории бомуваффақияти Ӯзбекистон, Русия ва Куриёи Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад,– таъкид намуд Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Куриё дар мамлакатамон Квон Ён У. – Маҷмӯи Қандим ба Ӯзбекистон имконияти самарабахш истифода бурдан аз газ ва васеъ гарондани содироти онро фароҳам  меорад. Ба фикрам, лоиҳаи бомуваффақият анҷомдодашуда  ба иштироки сармоягузорони Куриёи Ҷанубӣ дар навсозӣ ва рушди дигар соҳаҳои мамлакататон таҳрики бузург мебахшад.
Умуман ба кор даровардани Маҷмӯи коркарди гази Қандим дар азхуд намудани конҳои гази Ӯзбекистон давраи навро боз намуд. Рушди соҳаи нафту газ, ки дар мамлакатамон яке аз соҳаҳои пешбар ба ҳисоб меравад, ба вусъати иқтисодӣ ва минбаъд баланд гардидани некӯҳолии халқамон хидмат мекунад.
Сарвари давлатамон бо ҷараёни технологӣ шинос шуда, ба лаборатория ва пулти марказии идоракунӣ ташриф овард.
Президент Шавкат Мирзиёев дар рафти сафар ба вилояти Бухоро бо ҳокимони вилоят ва ноҳияҳо, роҳбарони иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ ҷамъомад гузаронд. Дар ҷамъомад иҷрои вазифаҳое, ки дар рафти сафари сарвари давлатамон ба вилоят 16-17 феврали соли ҷорӣ гузошта шуданд, баррасӣ гардиданд.

Худи ҳамон рӯз Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Навоӣ сафар кард
Сарвари давлати мо бо роҳбарони чаҳор соҳа, шахсони масъули ташкилоту идораҳои вилоят суҳбат кард. Ҷараёни иҷрои вазифаҳое, ки ҳангоми сафари Президент ба вилоят 2 марти соли равон муайян шуда буданд, баррасӣ гардиданд. Бобати рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии вилоят, баланд бардоштани сатҳи ҳаёти аҳолӣ вазифаҳо мушаххас шуданд.
Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти ҷамъияти саҳомии «Навоиазот» шинос шуд. 
Иқтидорҳои кунунии ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот» соли 1964 ба истифода супурда шуда буданд. Корхона беш аз 70 намуди маҳсулотро барои соҳаҳои кишоварзӣ, саноати нафту газ, энергетика ва маъданҳои кӯҳӣ истеҳсол мекунад. Бо гузашти замон таҷҳизоту технологияҳои корхона аз ҳар ҷиҳат кӯҳна шуданд, истеҳсолот бо харҷҳои зиёди захираҳои энергетикӣ ва ашёи хом идома дорад, коэффисенти кори муфиди он ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Бинобар ҳамин ҳам дар корхона бозсозии зина ба зина амалӣ мешавад.
Аз ҷумла, дар ҷамъият татбиқ сохтани се лоиҳаи бузурги сармоявӣ фаъолона идома дорад. Инҳо: «Сохтмони маҷмӯи истеҳсолоти поливинилхлорид (ПВХ), содаҳои каустикӣ ва метанола», «Сохтмони истеҳсолоти аммиак ва карбамид», «Ба роҳ мондани истеҳсоли туршии азот» мебошанд. Ин иқтидорҳои нав бо таҷҳизоти замонавӣ ва каммасрафи энергетикӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд.
Президент бо ҷараёни бунёдкорӣ дар ин иншооти нав шинос шуд, бо бинокорон ва сармоягузорони хориҷӣ суҳбат кард.
Арзиши лоиҳаи истеҳсоли поливинилхлорид (ПВХ), содаҳои каустикӣ ва метанола зиёда аз 500 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмон аз ҷониби ширкатҳои чинӣ «China CAMC Engineering CO.LTD» ва «HQC (Shanghai)» бо иштироки мутахассисони мамлакати мо татбиқ мегарданд.
Ба истифода супурда шудани корхона имкон медиҳад соле 100 ҳазор тонна поливинилхлорид, 75 ҳазор тонна содаҳои каустикӣ, 300 ҳазор тонна метанолаи содиротӣ истеҳсол карда шаванд.  Зиёда аз 900 ҷойҳои корӣ фароҳам оварда мешавад. Беш аз 50 фоизи маҳсулот ба содирот бароварда хоҳад шуд.
Дар корҳои сохтмон 197 адад техникаҳои замонавӣ ва 1280 нафар коргар иштирок доранд. Барои бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин кардани корхона эътибори махсус дода мешавад. Дар муассисаҳои таълимии олии мамлакат муҳандисон-технологҳо, механикҳо, энергетикҳо, иқтисоддонҳо ва барномасозон тайёр карда мешаванд, қисмати зиёди коргаронро коллеҷҳои касбии шаҳри Навоӣ тайёр мекунанд.
Роҳбари давлат нақши муҳими чунин истеҳсолоти бузургро барои иқтисодиёти мамлакат зикр намуда, ба шахсони масъул бобати ҳарчи зудтар ва босифат анҷом додани корҳои сохтмон супоришҳо дод.
Дар ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот» ба истифода супурдани иқтидорҳои энергетикии навбатҳои якум ва дуввум оид ба истеҳсоли аммиак пешбинӣ шудаанд. Лоиҳаи оид ба коркарди аммиак ва карбамид бо арзиши умумии 985 миллион доллар татбиқ мегардад. Пас аз анҷом ёфтани корҳои сохтмон имконияти соле истеҳсол намудани 660 ҳазор тонна аммиак ва 577,5 ҳазор тонна карбамид ба миён меояд, номгӯйи нуриҳои минералие, ки дар асоси онҳо истеҳсол мешаванд, зиёд мегардад. Тақрибан 500 ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоянд.
Маҷмӯъ, ки якҷо бо ширкатҳои «Mitsubishi Heavy Industries, Ltd» ва «Mitsubishi Corporation» бунёд мешавад, соли 2020-ум ба истифода супурда хоҳанд шуд.
Навбатҳои якум ва дуввуми оид ба истеҳсоли азот, ки кӯҳна шудаанд, низ аз истифода хориҷ карда мешаванд. Ба ҷойи онҳо соли оянда сохтмони маҷмӯи нав оид ба истеҳсоли туршии азот анҷом меёбад, ки арзиши лоиҳавиаш 216,6 миллион долларро ташкил медиҳад. Иншооти мазкур аз ҷониби ширкати «CASALE SA»-и Шветсария бунёд мегардад. Маҷмӯъ метавонад соле 500 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол кунад ва 122 нафарро бо кор таъмин намояд,
Бояд ба тайёр кардани муҳандисону кормандони соҳибихтисос, ки қодиранд дар чунин корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ кор кунанд, эътибори махсус дода шавад. Ба хориҷа фиристодани мутахассисони мо барои табодули таҷриба ва баланд бардоштани ихтисосашон мувофиқи мақсад мебошад, гуфт Шавкат Мирзиёев.

Матназар ЭЛМУРОДОВ, Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ, 
хабарнигорони махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: