Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё бахшида ба ҷашни 31-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони «Дар Ӯзбекистони нав халқ азиз, инсон азиз» чорабинии идона баргузор шуд.
Тавре ки мегӯянд, рӯзе, ки мардуми кишварамонро як тану як ҷон, як дилу ҳаммаслак кард, ин истиқлолият аст.
Бинобар ин тибқи иҷрои Қарори Сарвари давлат “Дар бораи тайёрӣ ва баргузор намудани ҷашни 31-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” дар миқёси вилояти Сирдарё корҳои васеъмиқёси бозсозӣ, бунёдкорӣ амалӣ мешаванд.
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Сирдарё Ғафурҷон Мирзоев таъкид кард, ки дар вилоят тӯли давраи гузашта корҳои васеъмиқёс ба амал татбиқ мешаванд. Дигаргуниҳое, ки дар соҳаҳои тиб, таълим, варзиш, маданият, сайёҳӣ ва ғайра ба вуқӯъ мепайванданд, тағйир ёфтани олами маънавии одамон, баланд гардидани тарзи зиндагонии аҳолӣ, рушди саноат, намуди дигар гирифтани қиёфаи вилоят, ки вилояти аграрӣ ба шумор меравад, бо шарофати истиқлол мебошад. Муваффаққиятҳое, ки дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ дастрас шуд, низ ба ин мисол шуда метавонад.
Рақсҳои гулдухтарони тоҷик, қазоқ, рус, туркман ва ӯзбек, ки зери мусиқии миллӣ иҷро шуд, ба иштирокдорон манзур гардид. Суруду мусиқиҳое, ки аз ҷониби санъаткорони номвар дар бораи Ватан, озодӣ, истиқлолият, меҳру муҳаббат ва дӯстӣ суруда шуданд, рӯҳи иштирокдорони чорабиниро болида сохт.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти СИРДАРЁ.