ИНШОИ ОЗОД ДАР МАВЗӮИ ИНСОФ

(Лавҳаи бадеӣ)

Мегӯянд, ки инсоф  чизест, ки дар борааш  бисёр  мегӯянду  менависанд,  аммо  дар  асл  мавҷуд  нест.
Бузургони  ҷаҳон  аз  қадимулайём  то  кунун  дар  ҷустуҷӯйи  муайян  кардани  мазмуни  инсоф  заҳмати  бисёре  кашидаанд  ва  ҳанӯз  ба  хулосае  наомадаанд,  ки  чӣ тавр  инсофро  дар  қолаби  мантиқӣ  ҷойгузин  кунанд.  Кормандони  соҳаи  тиҷорат, бизнес,  масалан,  то  кунун  онро  рад  мекунанд  ва  даъво  доранд,  ки  инсоф  бофтаи  тафаккури  одамон  аст;  файласуфон  ва  ахлоқшиносон  дар  он  фикранд,  ки  инсоф  мавҷуд ва  онро бояд  дар  ботини  худ,  мисли  зар,  ҷустуҷӯ кард;  имомони  дину  мазҳаб  талқин  мекунанд,  ки  инсоф  аз  арш  ба  фарш  нозил  мешавад  ва  тасодуфан  бар  касе  бармехурад; сиёсатмадорон  менависанд,  ки  инсоф як  василаи  назарфиребист ва  ба  он  набояд  бовар  кард; сартарошон  мегӯянд,  ки  инсоф  мисли  сароб  дар  дашт  аст,  барои  шикасти  ташнагӣ  наздикаш  равӣ, аммо он  дуртар  мераваду  меравад  ва  ғайра.
Дар замони мо  дар  Ҷопон,  масалан,   ихтироъкорони  роботҳои  гуногун  дар  кӯшиши  онанд,  ки чӣ тавр инсофро  ёфта, дар  «қалби»  роботи оҳанин ҷойгузин  кунанд,  вагарна  робот  одамро  ғуломи  худ  мегардонад,  фиребгарӣ,  ришваситонӣ ва беинсофиро  дар  ҷомеа  густурдатар  мекунад. 
Бо  вуҷуди ҳама  гуфтаниҳо,  инсоф  рост  ё  дурӯғ,  мустақим ё  ғайримустақим дар  ҳар  як  давру  замон  бо  вижагиҳои  худ  зуҳур  мекунад  ва  сифати  баланди  ахлоқии  шахс  дониста  мешавад.  Принсипи  асосии  инсоф  бародарию  баробарист.  Вақте ки  ин  принсип  халалдор  шуд,  аз  инсоф  чизе  боқӣ  намемонад.  Беинсофӣ  натанҳо  ҳувияти  шахсро  нобуд  месозад,  балки  пойдории  давлатро  ҳам  суст  мекунад,  давлатдориро  насх  карда,  зери  по  мекунад,  фасоду  ғоратгариро  пеша  мекунад,  маъсулиятро  дар  назди  миллату  ҷомеа  ба  коми  фаромушӣ  мебарад.
Мегӯянд,  ки  беинсофӣ  дар  намуди  фасод  (коррупсия)  ба  мисли  аждаҳои афсонавист,  ки  агар  як  сарашро  бурӣ,  дар  ҷояш  боз  ду  сари  дигар  пайдо  мешавад.  Инсоф  миллӣ  ҳам  мешавад.  Дар  баробари  табоҳ  шудани  инсофи фардӣ,  инсофи  миллӣ  ҳам  фалаҷ  мешавад.  
Дар  давраи рақобати  шадиди  бозорӣ  ва  тамаддуни  иттилооти  рақамӣ  беинсофӣ  дар  бисёр  намуд:  ришваситонӣ,  ғофилӣ,  бесалоҳиятӣ,  бемасъулиятӣ  зуҳур  меёбад.  Беинсофӣ  сифати  волои  инсониро хароб  мекунад,  манфиати  эгоистии  шахсро  дучанд  карда, онро аз  ҳама  чиз волотар  медонад.  Дар  натиҷа  чоплусӣ,  шахспарастӣ,   фиребгарӣ,  пешвогароӣ  авҷ  мегирад.
Хулоса,  барои он,  ки  дар  дили  одамон  инсофро  ҷойгузин  кунӣ,  бояд,  ки  ба  қавли  Ҳофиз:
Одамӣ дар  олами  хокӣ намеояд  ба  даст,
Одаме  аз  нав  бибояд  сохт в-аз нав оламе.
Аммо,  афсус,  ки  чунин  кор ғайриимкон  аст.  

Ҳақназар ҚУРБОНМАМАДОВ,
ш.ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: