Варзики бостонӣ аз азал манзилу макони паҳлавонону варзишгарон буду ҳаст.
Зодагони забардасти он на танҳо дар водии Фарғона, балки дар диёри ҳамсояи Қирғизистон ва Тоҷикистон ғолибиятро ба даст оварда, сарафрозона бармегаштанд. Ҳамчунин бо ин урфу анъана мақому мартабаи зодгоҳ, аҷдоду авлодро баланд мебардоштанд. Ин оини неки ниёгон то ҳол бардавом аст.
Дар маърифатгоҳи таълими миёнаи умумии рақами 13-уми деҳа солҳои охир ягон иншооту бинои таълимӣ бунёд наёфта буд. Имсол дар ин хусус кори таълимгоҳ бобарору пурсамар шуд. Даргоҳи илм бо овоздиҳии ҷамоа ва аҳли маҳалла дар чорабинии «Опен буҷа» якбора 2 сохтмон — бинои серошёнаи таълим ва варзишгоҳи тобистонаро ба даст овард. Ба наздикӣ ифтитоҳи варзишгоҳи тобистона, ки гурӯҳи сохтмончиёни «Панҷ уқоб»-и ноҳияи ҳамшафати Поп сохта буд, барпо гардид.
Директори мактаб Қурбонҷон Юсуфов ҷамоа, меҳмонон, падару модаронро бо ин рӯзи фаромӯшнопазир муборакбод кард. Ба устодону шогирдон вазифа гузошт, ки аз иншооти нави варзишӣ ва имконияти он босамар истифода бурда, дар қувваозмоию мусобиқаҳо аз зинаҳои боло ҷой гиранд ва ба онҳо дар ин роҳ комёбиҳои бузург хост.
Аз номи маҳаллаи Пилол вакили Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Намангон Алишер Қосимов иштирокчиёнро бо оғози кори варзишгоҳ табрик гуфта, зикр кард, ки халқи Варзик аз қадим паҳлавон, нотарс ва дар ҳама соҳа пешдаст буданд. Варзишгарон ҳар гоҳ аз мусобиқаҳо бо зафару мукофотҳо бармегаштанд. Ҷавонон низ аз пайрави содиқи онҳо бошанд ва бо пирӯзиҳо баргарданд.
Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.