ИНСОН

(Ҳикоя)

Рамлӯчан дар як касалхона хидматгорӣ мекард. Чиҳилу панҷ сол дошт. Лекин мӯйҳои нисф бештар сафедшуда, риши мошубиринҷ, лунҷҳои овезон, чашмҳои хираи фурӯрафта, китфҳои афтодааш ӯро хеле солхӯрда ба  назар менамоёнданд. Бо вуҷуди ҳамин бақувват буд. Қадаш ҳам баланд. Кас фикр мекард, агар хӯрду хӯрокаш хуб мебуд, эҳтимол, аз ҷавонмарди чаҳор кас медидагӣ фарқ наменамуд.
Вале намуди ҳозирааш ба дарахте мемонд, ки бинобар беобӣ ва номусоидии шароит барвақт хушкида истодааст.
Вай дар бистсолагӣ ба ҳамин беморхона чун хидматгор қабул шуда буд. Аз он вақт бисту панҷ сол гузашт. Дар ин байн чанд бор моҳонааш афзуд. Алъон моҳе чилу панҷ рупия маош мегирад. Ҳамин чилу панҷ рупия меваи чӣ қадар ранҷу азоб ва меҳнату машаққат, ягона паноҳи панҷ ҷон, ки дар оила ҳастанд.
Агар ҳамин чилу панҷ рупия нохост аз даст равад, чӣ тавр гузаштани рӯзи ин хонадонро тасаввур кардан душвор. Худаш, занаш, ду духтари қадрасаш, як писараш, вақте аз ҳамин маош монданд, чӣ хел рӯз мегузаронанд? Кӣ як каф орд медиҳад ё дасти кӯмак дароз мекунад? Ба аҳли хонадон ҷуз марг чораи дигар намемонад. Аз ин боис Рамлӯчан ҳамеша ҳаракат дорад ҳамин чилу панҷ рупияро аз даст надиҳад. Ин миқдор пул низ қадри худро медонад. Қадри он дар ҳар нафас, ҳар қатра хун, ҳар як дақиқаи ҳаёти Рамлӯчан эҳсос мегардид.
Рамлӯчан кори худро сидқидилона баҷо меовард. Ҳамкасбон аз болояш механдиданд, масхараомез «худоҷӯй», «авлиё» меномиданд.
Дам намезад ва  механдид. 
Вай дар шуъбаи ҷарроҳӣ навбатдорӣ мекард.
Саранҷом сохтани ҷойи беморон, ба онҳо об додан, бо фармоиши духтур ва ҳамшираҳо ба касалҳо дору нӯшондан вазифааш ҳисоб меёфт. Чунин корҳоро аз таҳти дил ба сомон мерасонд.
Дар як палатаи калон бештар аз 50 бемор мехобид. Хидматгорони дигар аз оҳу воҳи беморон асабӣ мешуданд, ба онҳо парво намекарданд. Рамлӯчан бошад, бо сабру тоқат ба азиятдидагон тасаллӣ медод. Кадом вақт набинед, вай гирди беморҳо  парвона. Ба касалҳое, ки бояд байни ду-се рӯз ҷарроҳӣ шаванд, алоҳида меҳру шафқат зоҳир менамуд. Мегуфт: «Чӣ тавр гузаштани ҷарроҳиро намефаҳмед. Пеш аз ҷарроҳӣ ҳама метарсад. Вале баъд ҳамааш хуб мешавад. Ҳоло тиб  тараққӣ кардааст. Ҳамааш каромати илму дониш!»
Дар ҳамин гуна лаҳзаҳо вай ба назари беморон чун Луқмони Ҳаким метофт.
Рамлӯчан имрӯз ба хонааш дертар баргашт. Ҳамсараш Лачминия хавотир кашид. Ду духтари ӯ дар ошхона таом мепухт. Чашми онҳо низ ҷониби дар. Фақат писари ёздаҳсолаи Рамлӯчан бо бодпарраки навхаридааш овора. Бинобар напардохтани музди таълим як муаллим ӯро назди тахта рост нигоҳ дошт. Вақте падарашро дид, бо зарда гуфт:
– Агар пагоҳ ҳақи таълимро надиҳед, ба мактаб намеравам.
Тамоми рӯз кор карда, Рамлӯчан хеле монда шуда буд. Ба хона баргашту ҷазо гирифтани писарашро шунида, хориаш омад. Падар камбағал бошад, писарро чӣ гуноҳ?
Худаш-ку ҷабру ҷафои камбағалиро кашида истодааст. Ба замми ин фарзанд низ азоб кашиданаш лозим?
– Ин қадар дармондед? – пурсид завҷааш.
– Пагоҳ барои тафтиши касалхона одам меомадааст.
Барои ҳамин ҳама ҷоро сариштаю саранҷом намудам. Ҷилди рӯйпӯш, болиштҳоро иваз карда баромадам. Аз бисёр ҷунбидан мадорам хушкид. Ҳамсараш бо маънии «фақат ҳамин рӯз не, ҳар рӯз аҳвол ҳамин-ку» сар ҷунбонда монд.
Рамлӯчан фикр кард завҷааш аҳамияти санҷишро намедонад. Бинобар ҳамин аз сар фаҳмонда дод:
– Хӯҷаини калоне, ки тамоми шифохонаҳои мамлакатро назорат мекунад, барои тафтиш меомадааст. Назар ба шунидаам, вай зан аст. Лекин ниҳоят сахтгир будааст. Набошад ин қадар давлатмандҳои беморхонаамон, ки онро идора мекунанд, аз вай ҳамин қадар метарсиданд? Ҳатто роҳбари калони мо ба ӯ хушомад мезадааст.
Ҳамсараш писханд намуд:
– Ту ҳам аз он хушомадгӯ монданӣ надорӣ.
– Э, бисёр гап назан, – ин суханон ба ӯ хуш наомаданд ва дар дил  гуфт: «Дар назди бачаҳо ҳамин ҳам гап?»
Вақте Рамлӯчан таом мехӯрд, ҳамсараш дар бораи ба шавҳар додани духтарон даҳон кушод. Байни зан ва шавҳар ин масъала бисёр муҳокима мешуд. Рамлӯчан аз пайи ёфтани домоди аслу насабдор ҳаракат мекард. Вай гуфт:
– Гапат дуруст. Лекин дасткӯтоҳиамонро медонӣ. Аз дасти ин қиматӣ як чиз зиёд кардан аз ҳар чӣ душвор.
Баъд бо оҳанги таскин идома дод:
– Ташвиш накаш. Ҳамин тафтиш гузарад, ба зиёд кардани маошам ҳаракат менамоям. Ба фикрам, ду-се рупия зиёд мешавад. Думоҳа маош пешакӣ гирифта, албатта, ғами духтардиҳиро мехӯрам.
Пагоҳаш Рамлӯчан хеле барвақт ба касалхона рафт. Имрӯз ҳам кор бисёр. То саршавии тафтиш ду соат ҳаст, бо вуҷуди ин ҳама ҳозиру нозир. 
Хидматгорҳо, ҳамшираҳо, фелдшерҳо, духтурҳо бо қиёфаи ҷиддӣ даро-баро доранд.
Дар гунаи ҳама аломатҳои тарс ва ташвиш ҳувайдо: гӯё баъди як пас воқеаи зӯр рӯй медиҳад.
Дар касалхона ҳама ғун шудаанд, аммо имрӯз ба беморон касе нигоҳ намекард. Кӯрпаю болинҳои онҳо наву тоза. Ба болои курсиҳои сепояи назди катҳо гузошташуда ба стаканҳои нав об гузоштаанд. Фаршҳо ялаққос мезаданд. Диққати ҳама ба ҳамин ялаққосзанӣ нигаронида шудааст. Ба дигараш касе кордор не. 
Вале ба касалҳое, ки оҳу воҳ доранд, касе эътибор намедиҳад. Беморхона аз тафтиш нағз гузарад бас – дарди ҳама ҳамин.
Ниҳоят, тафтишгар ворид гашт. Хонуми олиқадр – вазири нигаҳдории тандурустии мамлакат. Баъди азназаргузаронии шуъбаҳои дигар вай ба шуъбаи ҷарроҳӣ ташриф овард.
Дар ин ҷо Рамлӯчан навбатдор буд. Вай аз тарс дир-дир меларзид. Ногоҳ чашми ӯ ба беморе афтид.
Иэ, ин чӣ гап? Ӯ ҷон дода истодааст? Чаро ин қадар бесаранҷом? Рамлӯчан чун тахта шах шуда монд. Оббо, чӣ бояд кард? Ин хел вазъи нозук бошад. Хонуми олиқадр ҳамроҳи сардухтур ва дигар шифокорон ин сӯ омада истодааст. Хидматгор саросема  аст: ба сардухтур хабар диҳад? Лекин дар назди ӯ – вазири тандурустӣ. Инро шунида сахт меранҷад. Хафа кардани ӯ – аз кор ронда шудан, ба як бурда нон зор гаштан! Сари Рамлӯчан гирд гашт.
Вале зуд худро ба даст гирифт. Ба худ гуфт: «Ту шайтон нестӣ, охир! Одам ҳастӣ! Манфиати худро фикр карда, ҳақ надорӣ аз доираи одамгарӣ бароӣ».
Вай рост ба ҳузури сардухтур рафт ва оҳиста гуфт:
– Ҷаноб!  Беморе дар ҷойгоҳи рақами 48-ум аз афт ҷон медиҳад.
Аз шиддати ғазаб қиёфаи сардухтур суп-сурх шуд. Мисле хидматгор ба вай қасд дорад. Мисле бемори ҷойгоҳи 48-ум маҳз ҳамин лаҳза мурда истода бошад.
Вазири тандурустӣ ба ҷониби дигар нигоҳ мекард. Барои ҳамин сухани Рамлӯчан ба гӯшаш надаромад. Сардухтур оҳиста, вале бо ҷаҳл фармуд:
– Ӯро ба дигар тараф гардонда, рӯяшро пӯшон. Ҳамшира куҷост?
– Ҷаноб, балки ӯ ҳанӯз зинда аст? Як-ду сӯзандору...
Ҳанӯз сухани Рамлӯчан ба охир нарасида, чашмони сардухтур аз ғазаб дурахшид. Агар вазир дар наздаш намебуд, хидматгорро, хоҳ-нахоҳ, ба замин яксон мекард.
Санҷиш ба охир расид. Ҳама ҷо тоза ва озода, тартибу интизом хуб, ба беморон сидқидилона хидмат расонда мешавад, гӯён коғаз сиёҳ карданд. Мисле аз имтиҳони вазнин бомуваффақият гузашта бошанд, тамоми хидматгузорон оҳи сабук кашиданд. Вале пеши назари Рамлӯчан замину осмон чун чархофалак гирд мегашт.
Дар дасти ӯ фармон оиди аз кор ронда шуданаш. Аз вай хатои калон гузашта буд.
Рамлӯчан ҳамон коғази машъумро бардошта, аз касалхона баромаду ба замини мармарпӯш назди дар сарозер рафт. Дунё ба назараш торик метофт.
Дар майнааш фақат як фикр гирд мегашт: акнун чӣ мешавад? Аҳволи зан, ду духтари қадрас ва писари норасидааш чӣ мешавад?
Рамлӯчан ба хона баргашту бо овози ларзон «ман аз кор ронда шудам» гуфт.
Баъд сабаби онро нақл кард. Дар байн сукунат афтод. Сонӣ гӯё раъд гулдуррос зад...
Зану фарзандонаш Рамлӯчанро печонданд.
Онҳо дам намезаданд, фақат бо имои чашму рӯ тасаллӣ медоданд. «Ҳеҷ ташвиш накашед. Аз кор ронда бошанд, ҳеҷ гап не.    Шумо кори олиҷанобона, кори хеле бузург кардаед. Мо аз он, ки фарзанди шумоем, фахр мекунем!»
Рамлӯчан то дер даҳон накушод.
Чашм аз ҳамсар намеканд, бо меҳр сари фарзандонашро сила менамуд.
Вай бекор монд. Вале ба номи «инсон» хиёнат нанамуд.

ҲАРНАТҲ, 
(адиби ҳинду)

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи
 Ш. МУҲАММАД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: