ИНСОН – ФАРЗАНДИ ТАБИАТ

Табиатро ба модар ташбеҳ медиҳанд, ки ин беасос нест. Баробари олами набототу ҳайвонот одимизод низ ба маъное оё фарзанди табиат нест? Модар-табиат ҳасту насли одам дар оғӯши он ба дунё меояд.

Маҳз табиат аз неъматҳои худ кулли ҷонзод, аз ҷумла инсониятро баҳраманд месозад. Дигар ҷонзодҳоро гар хӯронад, инсониятро дар баробари хӯрондан боз мепӯшонад. Саховатманд аст ва миннату малолро намедонад. Вале модар-табиат баъзан муҳтоҷи парваришу навозиш аст. Вақте ба додаш мерасем ва меҳрубонӣ мекунем, дари ганҷҳои ниҳон ба рӯямон мекушояд. Бойигариҳои рӯйизаминӣ ва зеризиминиаш беадоза, вале ин маъное надорад, ки он захираҳо бебаркаш ва бе ҳисобу китоб бошанд. Вақте инсон ба дуруштиву ҳарисӣ дода шуд ва аз захираҳо дурусту оқилона истифода накард, табиат қаҳр мекунад. Вақте ба ғазаб омад, ҳар гуна ҳодисаҳои нохушу фавқулода ба амал омаданашон мумкин.

Мӯйсафедҳои мо мегӯянд, ба ҳамаи фалокатҳо, дар асл, сабабгор инсон аст. Вақте инсон инсонвор муносибат накард, тавре модар аз муносибати нохуби фарзандони худ меранҷад, табиат низ ба шӯр меояд. Тӯфону обхезиҳои шадид чӣ оқибатҳое доранд, ба ҳамаамон маълум.

Ҳануз аз синфҳои поёнӣ дар дабистонҳо дар бораи табиату муҳити зист сухан ба миён меоранд. Омӯзгорон, дар навбати аввал, чӣ будани табиатро мефаҳмонанд. Толибилмон дар бораи он тасаввурот ҳосил мекунанд ва саъй мекунанд ба табиат, ки атрофашонро печондааст, ба чашми дигар нигаранд. Муаллимон мефаҳмонанд, ки табиат ба ду тоифа: ҷондор ва беҷон тақсим мешавад. Вале дар асл, идома медиҳад муаллим, санг, кӯҳ, хок барин ҷинсҳо, ки дар ҷое беҳаракат мехобанд, дар ҳамбастагӣ бо табиати зинда мисле нафас мекашанд, тағйир меёбанд, ба ҳар ранг медароянд. Бад-ин маънӣ, ҷирмҳои самоӣ (офтобу моҳу ситораҳо), замину обу ҳаво ва ғайра беҷон не, ҷондор метобанд ба назар. Табиат, ки зинда аст, кулли мавҷудотро, ки бойигарии табиист, мурда ва беҳис ҳисобидан шояд хатост. Масалан, агар замин ё хок беҷон аст, магар навозиши дасти инсонро ҳис карда метавонад? Вақте замин «фарбеҳ» аст, яъне дар вақташ аз ғизои лозимӣ бархурдор шудааст, ҳосили дилхоҳ медиҳад, мегӯяд кишоварз. Дигар, нависандаи тоҷик Мутеъулло Наҷмиддинов ба яке аз китобҳояш дар мавзӯи кишоварзиро беҳуда «Заминро навозиш кунед» ном нагузоштааст.

Мактабхони имрӯз нағз мефаҳмад, ки дар осмон ҳосил шудани абр, боридани барфу борон, вазидани шамол, дурахшидани барқ, нурпошии офтоб, хониши мурғакони саҳархез ва амсоли онҳо ҳодисаҳои табиат мебошанд.  Табиат рамзи сарсабзист, таълим медиҳад муаллими фанни табиатшиносӣ ҳануз дар синфҳои ибтидоӣ. Вале дар бораи табиату муҳити гирду атроф сухан ба миён овардану дар рӯҳи муҳаббат ба модар-табиат тарбия намудани фарзандони мо танҳо вазифаи омӯзгори ин ё он фан нест. Ҳар як муаллим ва падару модар, зиёда аз ин маҳаллаву аҳли ҷомеа бояд ба маъние «омӯзгори табиатшиносӣ» бошад, ба туфайли «дарсҳое», ки хонандаи мактабӣ аз онҳо гирифтааст, чӣ будани табиатро амиқ идрок кунад, ба он меҳр монад, тамоми умр ба модар-табиат фарзандвор муносибат намояд.

Рӯзҳое, ки дар шаҳри Боку ҷамъомади умумии Нишасти сарони ҷаҳон (дар доираи сессияи 29-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР29) давом мекард, дигарбора аз ҳамин хусус андешидам. Асосан масъалаҳои вобаста ба табиат ва тағйирёбии иқлим дар вазъи ҷаҳонишавии ҳолатҳои ногувор, ки тамоми дунёро ба ташвиш андохтааст, мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Президентамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев низ баромад кард ва таъкид намуд имрӯз тағйирёбии иқлим ба як муаммои ҷаҳонӣ табдил ёфта, мустақиман ба афзоиши шиддати геосиёсӣ таъсир мерасонад. Ин дар Осиёи Марказӣ, минҷумла дар ҷумҳурии мо ҳам, ҳис мешавад, ки боиси нигаронист.

Роҳбари давлати мо айни замон гуфта гузашт барои пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар Ӯзбекистон чораҳо андешида мешаванд. Амалӣ гардонидани Стратегияи иқлимии минтақавӣ таҳти ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя баҳри бартараф сохтани таъсири тағйирёбии ҷаҳонии иқлим нигаронида шудааст. «Ӯзбекистон ҳамеша барои муколама ва шарикӣ дар роҳи беҳбудии умумӣ ва рушди «сабз» омода аст», гуфт сарвари кишвар дар фуроварди сухан.

Мафҳуми «сабз» ба қалби мо ошност, обод ва хуррамсозии диёр яке аз вазифаҳои устувор дар назди ҳукумат ва мардуми ободгари мост. Ҳануз моҳи ноябри соли 2021 Президент барои амалӣ гардондани боз як падидаи нек – сабз гардонидани ҳар гӯшаи ин сарзамин ташаббус нишон дод ва ба Барномаи умумимиллии «Макони сабз» асос гузошта буд. Дар давоми ду сол  бештар аз 1,2 ҳазор гектар майдони дар собиқа бекорхобида ба боғ ва паркҳои ҷамоатӣ табдил дода шуд. Ҳудудҳои сабз бошанд, дар давоми соли 2024 боз фарогиртар шуданд. Аз ҳама  муҳимтараш дар ҷамъият муносибат ба модар-табиат, ки ҳамеша ба парваришу навозиш ниёз дорад, тағйир ёфт.

Ин хуб, вале корҳое, ки дар ин самт бояд ба иҷро расонда шаванд, ҳоло зиёд. Лозим аст шавқи хурдсолонро ба ниҳолшинонӣ ва хуррамсозии гирду атроф хеле барвақт бедор созем. Талқин созем тавре ба кӯдак муносибат менамоем, ба ниҳолҳо муносибат созем, зеро ниҳолакон ба парваришу нигоҳубин хеле муҳтоҷ...

Дигар, ниҳолшинонӣ ва саҳм дар барпои «Макони сабз» кори умумихалқист – бояд дар он аз ҳафтсола то ҳафтодсола муташаккилона иштирок намоянд.  Ин гуна корҳо, воқеан, ҷанбаҳои ахлоқӣ низ доранд. Чи хурд ва чи бузург бояд ба ин гуна амалҳои нек  ва хайру савоб назари нек дошта бошанд, ба модар-табиат фарзанди хуб ва меҳрубон будани худро ба тасбит расонанд.

Алӣ Муҳаммадхон ПӮЛОДӢ, собиқадори меҳнат аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: