ИНСОН МЕТАВОНАД САД СОЛ ЗИНДАГӢ КУНАД,

— мегӯяд табиби ҳозиқ Муллозуҳур Тоҳирӣ

Доктор Муллозуҳур Тоҳириро ба сифати кардиолог-психотерапевт, гиёҳшиносу дорусоз, мутахассиси тибби Шарқ, узви Иттифоқи журналистон ва нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи «Дард ва даво», директори генералии ҶММ «Меҳри гиёҳ», раиси Ассотсиатсияи тибби анъанавӣ ва табибони халқии Тоҷикистон, муаллифи китобу мақолаҳои илмиву адабӣ мутахассисони соҳа ва мизоҷон дар Тоҷикистону Русия ва дигар кишварҳои ИДМ мешиносанд. Доктор дар бахши гиёҳдармонӣ ва дигар соҳаҳои тиб бо ҳамкасбони ӯзбекистониаш низ  ҳамкориро ба роҳ мондан мехоҳад.
Табиби ҳозиқ ҳар боре, ки пайи коре ба Тошканд ояд, меҳмони идораи «Овози тоҷик» мешавад, аз ҳар дар суҳбат меорояд, онҳоро бо тарзи ҳаёти солим ошно месозад, доир ба пешгирии бемориҳои гуногун маслиҳатҳои худро дареғ намедорад. Вай бар он ақида аст, ки инсон сад сол фориғ аз беморию дард зиста метавонад.
Чанде қабл доктор Тоҳирӣ дар идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» бо ҷамоаи он ва журналистоне, ки аз дигар рӯзномаҳо даъват шуда буданд, боз вохӯрд ва доир ба пешгирию тарзи муолиҷаи бемориҳо суҳбати пурмуҳтавое анҷом дод. Усули баъзе муолиҷаҳои тамриниаш басе одӣ буданд, ки дар рафти мулоқот сомеъон дар пайравӣ бо ӯ иҷро мекарданд. Аз нигоҳи доктор обшӯйи рӯдаҳо (ҳуқна, клизма) ба беҳ шудани ҳоли бемороне, ки фишори хунашон баланд аст ва дигар маризиҳо доранд, мусоидат менамояд. Бино ба фикри ӯ, обшӯйи рӯдаҳо пеши бемории кӯррӯдаро низ мегирад, нафари ба фишорбаландии хун дучоршуда, агар панҷ-шаш маротиба тавассути бинӣ чуқур нафас кашида, ҳаворо аз даҳон барорад ва як муддат нафаскаширо қатъ созад, фишори хунаш поин мерафтааст. Доктор бар он аст, ки инсонҳо бояд ба маданияти тиббӣ риоя намоянд, машқҳои зиёде вуҷуд доранд, ки ба беҳшавии вазъи саломатии инсон мусоидат менамоянд.
Баъди мулоқот бо ходимони рӯзнома имкон пайдо кардем, ки бо пизишк суҳбат кунем. Инак, фишурдаи он суҳбатро ба хонандагон пешкаш менамоем.
— Муҳтарам Тоҳирӣ, на ҳамаи хонандагони рӯзнома бо Шумо ошноӣ доранд, худро шинос мекардед.
— Сипос, инҷониб зодаи деҳаи Пути ноҳияи Айнии Тоҷикистон ҳастам. Хатмкардаи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино. Ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ бо гиёҳдармонӣ сарукор доштам. Маро ба ин кор донишҳои андӯхтаам ва шеваи кори ҳакими бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино, ки гули сари сабади тибби дунёст, илқо мекард. Абуалӣ ибни Сино, асосан, бо гиёҳдармонӣ сару кор дошт. Ҳакими бузург, ки бо шеър низ алоқамандӣ дошт, фармудааст:
Аз қаъри гили сияҳ 
то авҷи зуҳал,
Кардам ҳама
 мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи банди 
ҳар макру ҳиял. 
Ҳар банд кушода шуд 
магар банди аҷал.
Яъне, бино ба натиҷагирии Ибни Сино, ба ҷуз аҷал, имкони муолиҷаи ҳамаи бемориҳо будааст. Табиат мекунад моро табобат, мегӯянд. Фикр мекунам, бо гиёҳҳои табиӣ метавон бемориҳои зиёдро муолиҷа кард. Гап дар сари пайдо кардан ва истеъмоли дурусти онҳост, ки ин кори сода нест. Лозим меояд, ки дар кӯҳҳо фарозу нишеби  зиёдеро пушти сар гузорӣ. Умуман, аҳли кӯҳистон ҳамеша, дар ҳамаи давру замон ба гиёҳдармонӣ ҳусни таваҷҷӯҳ доштаанд, гиёҳҳои кӯҳиро саривақт ҷамъоварӣ карда, дар зарурат мавриди истифода қарор додаанд. Дар тӯли умр бисёр гиёҳҳоро таҷриба кардаам. Имрӯз гиёҳдармонӣ дар дунё доман густурдааст. Ҳаракат мекунам, ки кори пешрафтагонро дар ин бахш омӯзам ва таҷриба кунам. Албатта, дар назди корномаҳои Ибни Сино корҳои мо дар ин бахш мисли зарраест дар назди офтоб, вале ковишу ҷустуҷӯҳо бояд идома пайдо кунанд...
— Шумо беморонро, асосан, бо кадом усул муолиҷа мекунед? 
— Ибни Синои бузург фармудааст: «Тиб бар се чиз: теғ, сухан ва гиёҳдармонӣ такя мекунад». Дар табобати беморон сеҳри сухан низ ҷойгоҳи худро дорад. Бисёр доруҳое, ки инҷониб аз гиёҳҳои гуногун омода кардаам, натиҷаи матлуб бахшидаанд.
— Чанд китобу мақола ба дасти чоп додаед, ки дар онҳо ба рақами сад ишора шудааст. «Чӣ хел то синни сад солиму бардам метавон зист?», «Сад дарду сад даво» аз он ҷумлаанд. Оё намешуд ба ҷойи рақами сад рақами дигарро овардан?
— Дарозумрӣ ба хоҳишу орзу низ вобаста аст. Мисол, инҷониб пеши худ вазифа гузоштаам, ки бояд 150 сол умр бинам. Вале ман шояд ба 150 надароям, вале бо орзу эҳтимоли 100 сол ё бештар аз он зиндагӣ кардан ҳаст. Тандурустии инсон ба ҳаракати ҷисмонии ӯ иртиботи ногусастанӣ дорад. Табару дос ва каландро кор нафармоед, занг мезананд. Машқҳои ҷисмонӣ, арақшор кор кардан, гушна мондан аз омилҳои тандурустист. Ба қавли Ибни Сино бояд ғизои мо дору, доруи мо ғизо бошад. Омили дигари тандурустӣ ба маънои васеаш муҳаббат аст. Пӯшида нест, ки дар оилаҳое, ки ишқу муҳаббат ҳокими мутлақ аст, ҳамсарон умри дароз мебинанд ва фарзандони солимро ба дунё меоранд. Хӯроки серғизову бамеъёр низ ба тандурустии инсон мусоидат менамояд.
— Шунидаем, мегӯянд, ки осоишгоҳе доред бо номи «Доктор Тоҳирӣ». Он дар кадом минтақаи Тоҷикистон ҷойгир шудааст?
— Осоишгоҳ дар зодгоҳи камина бо тарҳи зебои замонавӣ ва дорои тамоми шароити истироҳату муолиҷа бино ёфтааст. Баробари ба осоишгоҳ ворид шудан, кас аз табиати дилфиреб, боду ҳавои тозаву салқин, обҳои шаффофи ин мавзеъ хушҳол мегардад. Хӯрокҳои лазиз бештар бо омехтаи гиёҳҳои хушбӯй ва шифобахши кӯҳӣ омода карда мешаванд. 
Аз таърихи тиб маълум аст, ки Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, Абубакри Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Исмоили Ҷурҷонӣ, Абумансур Муваффақи Ҳиравӣ, Алӣ ибни Раббонӣ ат-Табарӣ ва дигарон дар осори илмиашон табобат бо гиёҳҳои шифобахшро аз масъалаҳои рӯзмарра ҳисобидаанд. Дар китоби муқаддаси «Авасто» аз 10000 намуди растании шифобахш, ки дар даврони қадим мавриди истифода қарор мегирифтаанд, ёд шудааст.
Дар осоишгоҳ инҷониб қабл аз ҳама ба мизоҷон маърифати худтабобаткуниро меомӯзем, ки муолиҷаро осон мегардонад. Бештар об нӯшидан ва обшӯй кардани рӯдаҳоро тавсия медиҳем, ки аз усулҳои беҳтарини муолиҷа аст.
— То ҷое хабар дорем, ки Шумо дар шаҳрҳои Русия, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо низ мизоҷони худро доред, дар ҳузурашон доир ба тарзи ҳаёти солим баромад мекунед. Онҳо Шуморо даъват менамоянд ё худ ба ҳузурашон меравед?
— Гоҳо даъват мекунанд, баъзан бино ба сабабе ба хориҷи кишвар равам, сеансҳои муолиҷавӣ мегузаронам. Гузаштагони мо «ихлосу халос» гуфтаанд. Боре шудааст, ки тавасссути телефон аз сеанси инҷониб як бемори лосанҷелисӣ шифо ёфт. Дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург бо иштироки беморони зиёд чанд сеансам баргузор шудааст. Сабаби даъвати такрории мизоҷон, албатта, аз сеанс ё гиёҳҳои инҷониб омодакарда худро сабук ҳис кардани онҳост.
Номзади илмҳои тиб, шоир, «Беҳтарин табиби Русия дар соли 2002», «Беҳтарин табиби ҷаҳон дар соли 2004» Муллозуҳур Тоҳирӣ дар намоишгоҳҳои байналхалқӣ барои корҳои шоёнаш дар бахши гиёҳдармонӣ бо бисёр дипломҳо сарфароз гардонда шудааст.

Мусоҳиб 
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: