ИНСОНИ БУЗУРГ ВА ОЛИМИ МАЪРУФ БУД

Соли равон аҳли илму маърифат 90-солагии зодрӯзи донишманди маъруф, доктори илмҳои физикаву математика, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, академики Академияи улуми Тоҷикистон Акобир Адҳамовро ҷашн мегиранд.

Акобир Адҳамов 4 сентябри соли  1928  дар шаҳри Самарқанд ба дунё омад. Дар шашсолагӣ ба мактаби ибтидоӣ рафта, бо дониши баланди худ аз ҳамсинфон, ки калонтар буданд, пешдастӣ карда, ангуштнамои синф шуд. Баъди соҳиби маълумоти ибтидоӣ шудан  таҳсилро дар мактаби рақами 22-юми шаҳри  Самарқанд давом дод. Қобилияти фавқулоддаи ӯ имконият дод, ки пас аз синфи 8-ум таҳсилро дар синфи даҳум давом дода, мактабро бо медали тилло ба поён расонад.
Азбаски ба омӯхтани фанҳои дақиқ бештар  майлу рағбат дошт, баъди хатми мактаби миёна  ба бахши физикаи  факултети физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ (ҳоло Донишгоҳи давлатии  Самарқанд) дохил шуд.
Акобири ҷавон ҳанӯз аз  ибтидои  донишҷӯйӣ қобилияти худро доир ба корҳои илмиву тадқиқотӣ зоҳир карда, соли 1949  донишгоҳро бо муваффақият хатм намуд. Чанд муддат дар мактаби миёнаи рақами  21-уми ноҳияи Самарқанд омӯзгорӣ  карда, соли 1950 ба аспирантураи  Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дохил шуд ва таҳти роҳбарии  олими маъруфи физика, дорандаи ҷоизаи  давлатӣ  А. А. Власов  ба тадқиқоти илмӣ пардохт.
Олими  ҷавон туфайли меҳнатдӯстӣ рисолаи  номзадии худро сари вақт  таҳия намуда, бо муваффақият ҳимоя кард. 
Азбаски он замон Тоҷикистон ба чунин мутахассисон эҳтиёҷ дошт, Акобир Адҳамовро барои кор ба Душанбе фиристоданд. Соли 1954 ӯ аввал муаллими калон ва дере нагузашта мудири кафедраи  физикаи умумӣ ва назарии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон интихоб шуд. Соли 1956 декани  факултети физика-математика, соли 1957 узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1958 ӯро муовини ректори Донишгоҳи  давлатии Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ интихоб карданд.
Баробари иҷрои чунин вазифаҳои масъул Акобир Адҳамов ҷустуҷӯйҳои худро дар соҳаи илми физика идома дода, як қатор натиҷаҳои илмиро ба даст овард. Соли 1960 вай барои кори рисолаи докторӣ ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи  М.В. Ломоносов раҳсипор шуд ва соли 1964  дар Шӯрои илмии Донишкадаи омӯзгории Маскав рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Масоили назарии молекулавӣ-кинетикии паҳн шудани  ултрасадо дар маҳлулҳои моеъ» бо муваффақият ҳимоя кард. 
Баъд ба Душанбе баргашта, пайваста бо  корҳои илмӣ дар вазифаҳои ҷамъиятӣ низ хеле фаъолона иштирок намуд. Ӯ аъзои Шӯрои махсуси  илмӣ оид ба ҳимояи  рисолаҳои илмӣ буд, ки дар назди  шӯъбаи физикаи гармии Академияи улуми Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд фаъолият  дошт.  Акобир Адҳамов  инчунин дар Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ҳангоми ҳимояи рисолаҳои илмӣ ҳамчун раҳбар ва ё оппоненти расмӣ баромад мекард, ба шогирдон маслиҳатҳои муфид медод, онҳоро дастгирӣ менамуд. 
Акобир Адҳамов аз соли 1965 то поёни умраш директори Пажуҳишгоҳи  физика-техникаи ба номи  Султон Умарови Академияи улуми Тоҷикистон буд. Якҷо бо ин аз соли 1965 то соли 1968 вазифаи Саркотиби илмии Раёсати  Академияи улуми Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Вай аз соли 1977 то соли 1985 котиб-академики шуъбаҳои физика-математика, химия ва геологияи  Академияи улум буд.
Акобир Адҳамов соли 1968 академики Академияи улуми Тоҷикистон интихоб шуд. Баъд аз ин вай  шӯъбаи физикаи назарӣ ва лабораторияи  физикаи акустикиро дар назди Пажуҳишгоҳи физикиву техникии ба номи Султон Умарови Академияи улуми Тоҷикистон ташкил карда, худаш ба ин даргоҳи илмӣ сарварӣ намуд.
Акобир Адҳамов  баробари донишманди бузург будан, устод ва омӯзгори сахтгиру меҳрубон буд.  
Таҳти роҳбарии ӯ  беш аз 30 нафар олимони ҷавон  рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаҳои илмии номзад ва доктори фанҳои физика-математика шудаанд.
Акобир Адҳамов муаллифи  чандин китобу рисола ва беш аз  200 номгӯй  мақолаҳои илмӣ ва  илмиву услубӣ мебошад.  
Хидматҳои  илмӣ ва  педагогӣ, фаъолияти ташкилотчигии Акобир Адҳамов аз ҷониби  ҳукумат ба эътибор гирифта шуда, ӯ бо ордени «Нишони фахрӣ», нишонҳои «Барои меҳнати фидокорона» ва «Собиқадори меҳнат» сарфароз шудааст.
Акобир Адҳамов натиҷаҳои дастоварди илмии худро дар анҷуман ва ҳамоишҳои бонуфузи байналхалқӣ, ки дар  Полша, Югославия, Ҷопон, Фаронса, Тунис, Белгия, Англия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва кишварҳои дигар  ба вуқӯъ пайваста буданд, ба сифати маърӯза ва гузоришҳои илмӣ пешниҳод намудааст.  
Акобир Адҳамов бори охирин  дар  анҷумани байналхалқии олимони физик, ки соли 1992 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон  ба вуқӯъ пайваста  буд, иштирок кард. Маърӯзаи ӯ аз ҷониби донишмандони физик хеле хуш пазируфта шуда, дар атрофи  ин маърӯза баҳсу мунозираҳо, ҳатто  ҳангоми  танаффус низ  давом кард. Дар ҳамин ҷо ба сактаи майнаи сар (инсулт) дучор гардид ва риштаи умраш барвақт канда шуд.
Акобир Адҳамов 2 октябри соли 1992 дар Эрон аз олам гузашт. Ҷасади ӯро дар қабристони “Сариосиё”-и Душанбе ба  хок супориданд. 
Ба поси хотири  донишманди оламшумул Акобир Адҳамов дар маҳаллаи  қадимаи Сӯзангарони Самарқанд, ки  вай дар он ҷо тавлид ёфта, солиёни зиёде зиндагӣ кардааст  ва дар шаҳри Душанбе дар хонае, ки ӯ зиндагӣ карда буд, тахтасанги ёдгорӣ гузошта, дар  Самарқанд ва Душанбе кӯчаҳо ба номаш гузошта шудаанд. 
Ҳар сол барои сипоси хотири академик Акобир Адҳамов дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир  ба паҳлуҳои гуногуни илми физика анҷуманҳои  байналхалқӣ гузаронида мешаванд.
Анҷумани навбатӣ 29-30 июни соли 2018 ба шарафи 90-солагии зодрӯзи ин олими маъруф дар Академияи улуми Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваст, ки дар кори он олимони намоёни  кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок доштанд.
Дар воқеъ, ҳақ бар ҷониби шоир аст, ки гуфтааст:
Зиндаю ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Неъматҷон НИЗОМОВ,
Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
академикҳои Академияи илмҳои Турон.

Шаҳри САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: