ИНСОНИ КИРОИ ТАЪРИФ

Қаҳрамон Шарифӣ.

Як ҷавони тануманди хушфеълу хушкалом. Шеърияти форсиро меписандад. Сухане мегӯяду шуморо ба тафаккур намудан водор месозад.
Қаҳрамон Шарипов — зодаи Хуфари бостонӣ 8 марти соли 1979 ба дунё омадааст. Ба падару модараш садҳо ташаккур, ки фарзанди тарбияткардаашон кори савоб, хайру эҳсонро дӯст медорад. «Кори хайре, ки дасти рост кард, дасти чап набояд донад», – мегӯяд ӯ. Вай айни замон истиқоматкунандаи деҳаи Чароғони маҳаллаи Гулободи ноҳияи Сариосиё мебошад.
– Мо аз аввалинҳо шуда дар ин деҳаи нав хона сохтему бо оилаам барои зист омадем. Ҳоло бо панҷ нафар фарзандонам боғу роғ карда, зиндагии хуш ба сар мебарем, шукри Офаридгори бузург, – мегӯяд  Шарифӣ.
Ӯ шеър менависаду зери лаб суруд зам-зама мекунад. Гапе, ки дар дил дорад, рӯйирост мегӯяд. Ба бисёриҳо пинҳонӣ ёрӣ медиҳад. Дар бунёди кӯчаи Тӯпаланг ва сохтани кӯпруки деҳ саҳмгузор аст. Хостем, ки дар ин хусус маълумот бештар пайдо кунем, нахост, ки кори кардаашро достон кунем. Аз ин лиҳоз аз дигарон пурсидем. Дигарон низ гуфтанд, ки намехоҳад кори хайри кардаашро миннат кунад. Донистем, ки вай барои овардани истгоҳи барқӣ ба деҳа то Тирмиз рафтааст, бо чанде савобталабони дигар, албатта.
Қаҳрамон Шарифӣ  зиндагии хушбахтонаву, ибратбахше дорад. Касби ронандагиро пеша намуда, камарбастаи хидмати ҳалол аст. 

Сурайё ТУҒЁН,
ноҳияи Сариосиёи 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: