ИНСОНИ ОДДИЕ ДАР ВАЗИФАҲОИ БАЛАНД

Ба муносибати 120-солагии Усмон Юсуфов

Дар пешравӣ ва тараққиёти ҷомеа, ба амал омадани дигаргуниҳои бузург дар ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ нақши бузург доштани шахсиятҳои алоҳида ба ҳамаамон маълум. Яке аз ин гуна симоҳои барҷаста арбоби намоёни сиёсӣ Усмон Юсуфов ба шумор мерафт, ки халқҳои Ӯзбекистон ҳанӯз номашро бо некӣ зикр ва хотираашро зинда медоранд.
Дар гузаштаи начандон дур дар борааш гуфтан ва навиштанро манъ карданд, ки ин сабабҳои ба худ хос дошт. Яке аз кӯчаҳо дар маркази шаҳри Тошканд, ки «Усмон Юсуфов» буд, тағйири ном кард. Ҳуҷҷатҳое, ки дар бораи абадӣ гардондани хотирааш ба имзо расида буданд, беэътибор гардиданд. Вале ӯ аз ёди мардуми заҳматкаши ин диёр нарафт. Маҳз бо шарофати дигаргуниҳои бузург дар давраи нави таърихӣ эътибори ин фарзанди шарафманди кишвар аз нав барқарор гашт. 120-солагиаш васеъ таҷлил ёфт.
Чанде пеш шабакаи телевизионие дар борааш намоиши ҷолибе пахш намуд. Аз олимони намоён сар карда то шахсони оддӣ, ки гирди мизи мудавваранд, суханҳои муҳаббатомез гуфтанд. Таъкид ёфт даврае, ки Усмон Юсуфов фаъолият бурд, мушкил ва мураккаб буд. Бо вуҷуди ҳамин ба халқ ва диёри ҷоноҷон садоқатманд хидмат намуд. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки вай роҳбари аввали ҷумҳурӣ буд, гуфт бигузор эшелонҳое, ки бо бор ва аскарҳои шуҷоъ ба Ғарб мераванд, аз он сӯ холӣ наоянд. Ҷуз аз заводҳои ҳарбӣ, ки ба Тошканд кӯчонда шуданд, ҳазорҳо ятимбачагон, арбобони илм, маданият, адабиёту ҳунар ба Ӯзбекистон эвакуатсия карда шуданд. Ба суоли он ки Ӯзбекистон ба қабули боз чӣ қадар бачаҳои бепарастор қодир, таъкид сохт чӣ қадаре, ки бошанд, мо ба қабул кардани онҳо тайёр.
Дар он шароити душвор ҷумҳурии мо ба чӣ қадар омадагон Ватани дуюм гашт. Тошкандро, ки шаҳри нон мегуфтанд, шаҳри меҳр, шаҳри дӯстӣ низ мегуфтагӣ шуданд.
Усмон Юсуфов, ки дар оилаи батрак ба дунё омада буд, бо вуҷуди дар вазифаҳои баланд кор кардан бо шахсони оддӣ самимона муносибат мекард. Ҳамеша дар байни мардум буд. Корҳое, ки бояд таъҷилӣ ба иҷро расонда шаванд, аз ҳад зиёд. Вале ӯ барои суҳбат ба ҳар корафтода низ вақт меёфт. Соҳибистеъдодҳоро беэътибор намегузошт. Дар нахустнамоиши театрҳо шахсан иштирок менамуд. Ба санъаткорон ва ҳайатҳои эҷодӣ маслиҳатҳо медод. Мегӯянд, дар тавфиқ ёфтани Берта Давидова ва Барно Исҳоқова барин овозхонҳо маҳз Усмон Юсуфов сабаб шудааст.
Ояндадории ҷӯяндаи илм Азиз Қайюмовро, ки аз Қӯқанд ба Тошканд омада буд, вай идрок сохта, ҳатто аз хонааш ҷой дод, парвариш сохт. Вақте дар Ҷиззах буд, дидадароии Шароф Рашидов, ки он асно ҷавони навхат буд, ба дилаш нишаст. Маҳз бо дастгириаш Шарофака ба дараҷаҳои баланд баромад. Хуллас, ашхосе, ки аз кӯмаки беғаразонааш баҳра бурдаанд, хеле зиёд.
Адиби тоҷик Меҳмон Бахтӣ дар суҳбате ба мо гуфт, ки падараш ва Усмонота қадрдонҳои дерин буданд. Ҷӯраи аз Ғарм ба Тошканд омадаашро роҳбари аввали Ӯзбекистон бо самимияти том қабул мекард. Чун меҳмон баланд-баланд сухан меронд, «оҳистатар» мегуфт роҳбар, ин ҷо кабинет, овози аз ин ҷо баромадаро тамоми шаҳр нашунавад. Хуб мегуфту пасттар ҳарф меронд меҳмон, вале дақиқае гузашт ё не, боз куҷо будани худро фаромӯш сохта, бо овози баланд сухан мекард...
Мегӯянд, Усмонота ба мардуми кӯҳистони Сӯх низ меҳри ҷудогона дошт. Дар барпои Канали калони Фарғона сӯхиёни зиёд ҳам арақи ҷабин рехтаанд. Ба меҳнатзодагии онҳо роҳбари онвақтаи Ӯзбекистон шахсан тан дода буд. Баъдтар хоҳари қаҳрамони ҷанг Тешабой Одиловро, ки аз фаъолаҳои хоҷагӣ буд, У.Юсуфов дар пойтахт пазируфт. Муҳаббати ба аҳли Сӯх доштаашро дигарбора изҳор намуд. Ин мисолҳое аз мардуми оддиро чӣ тавр қадрнамоии роҳбаре, ки номи нек аз худ бозгузошт. Зодаи деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Фарғонаи вилояти Фарғона Усмон Юсуфов чанде дар заводи пахтатозакунӣ ҳамчун коргари оддӣ фаъолият бурд. Баъд дар иттиҳодияи касаба чун раис кор кард. Солҳои 1928-1929 ба корҳои ҳизбӣ гузашт. То соли 1936 котиби КМ ҲК(б) Ӯзбекистон буд. Соли 1936 вазири саноати хӯроквории ҷумҳурӣ таъин гашт. Солҳои 1937-1950 вай котиби аввали КМ ҲК(б) Ӯзбекистон. Солҳои 1950-1953 – вазири пахтаи ИҶШС. 1953-1955 – раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Солҳои 1955-1959 – директори совхози рақами 4-уми ноҳияи Боёвути (алҳол вилояти Сирдарё) вилояти Тошканд. Соли 1959 ба нафақаи пиронсолӣ баромад. Дар поёни умр (1962-1966) ба сифати директори комбинати «Халқобод»-и ноҳияи Янгийӯл фаъолият намуд.
Роҳҳои ҳаёт ҳамвор нестанд. Усмон Юсуфов низ тӯли фаъолияти роҳбарӣ дар дараҷаҳои гуногун паст ва баландиҳои зиёд дид. Борҳо шудааст аз болояш ба Маскав нависанд. Вале ҳақ бошӣ ҳам онро исбот кардан дар назди нотавонбинҳо гоҳо хеле душвор. Азиятҳо кашид рӯҳонӣ. Вале иродатманд, ки буд, дар ҳама гуна ҳолатҳо худро ба даст гирифт. Медонист, ҳар гуна курсӣ – амонат. Бо сабукдӯшӣ аз вазифаҳои баланд рӯҳафтодагӣ ба дӯсту душман маълум нанамуд.
Зумрае бо фуромадан аз мансаби калон дар вазифаҳои хурд кор карданро ба худ раво намебинанд. Вале кадом вазифае супоранд, У.Юсуфов рад нанамуд. Гуфт: «Ба гӯшае, ки дар он ҳаёт мушкил, бифиристед. Ман кор мекунам!»
Боёвути онвақта чӯли бегиёҳ буд. Макони гург ва шағолҳо. Собиқ роҳбари ҷумҳурӣ ва вазири мамлакат дар чайлаву юртаҳо иқомат кард, бо заҳматкашони дастҳояшон обила ба сари як дастархон нишаст, баробарашон қадам ва каланд зад.
Чанде пеш дар Сирдарё будем ва роҳбалади мо Бойҷигит Абдуллоев, ки собиқадори меҳнат аст, таърихи Мирзочӯл, аз ҷумла, заминҳои навкорами Боёвутро варақ зад. «Усмонота» мегуфт зимни ҳар сухан.
Пайдост, сирдарёиҳо солҳои дар ин ҷо фаъолиятбарии Усмон Юсуфовро, ки дар бунёдкориҳои бузург саҳми босазо гузошт, ҳанӯз фаромӯш накардаанд. 120-солагиашро дар Боёвут низ хотирмон қайд кардаанд.
Канали калони Фарғона ҳам, ки бо дастҳои меҳнатии диловарони саҳро бунёд гашт, беҳуда ба номи Усмон Юсуфов гузошта нашуда. Баробари сару бар будан ба корҳои сохтмон чӣ тавр каландзании Й.Охунбобоев ва У.Юсуфовро аҳли заҳмат бевосита мушоҳида кардаанд.
Кинорежиссёр Дамир Салимов бахшида ба канал ва фаъолияти ба барпошавии он вобастаи Усмон Юсуфов филми бадеӣ офарид бо унвони «Маънои ҳаёт» (соли 1987).
26 апрели соли 1966 дар Тошканд заминларзаи сахт ба вуқӯъ пайваст. Сахт ба изтироб омад Усмонбобо: «ҳоли тошкандиён чӣ шуд?»
Якбора фишори хунаш баланд гашт ва... Духтурон дар муқобили бемории вазнин оҷиз монданд. 7 май чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Масъалаи ба куҷо дафн карда шудани марҳум дурудароз муҳокима гашт. Ниҳоят, тобутро ба Тошканд оварда, барои видоъ ба толори консертии «Баҳор» гузоштанд. Марҳум ба қабристони Чиғатой, дар паҳлӯи оромгоҳи Ҳамроқул Турсунқулов дафн карда шуд.
У.Юсуфов соли 1929 ба украиндухтар Юлия Степаненко хонадор шуда буд. Панҷ фарзанд ёфтанд. Юлия ба мусибати ҷудоӣ аз шавҳар тоб оварда натавонист. Ба беморӣ печид ва зуд вафот кард.
Эҳтимол бисёриҳо ба миллат ва баромади иҷтимоии Усмон Юсуфов таваҷҷӯҳ созанд. Дар оилаи оддӣ таваллудёбиашро гуфтем. Юсуфака, ки дар замини вақф батракӣ мекард, тоҷик бошад, Ойнисоапа – модари У.Юсуфов, духтари ҳунарманд аз ноҳияи Тошлоқ, мансуб ба миллати ӯзбек буд. Оилаи онҳо соли 1916 аз Кафтархонаи Фарғона ба Қовунчӣ (Янгийӯли ҳозира) кӯч баст. Усмони ҷавон чун коргари оддӣ дар заводи пахтатозакунӣ ба фаъолият пардохт, ки дар ин бора ишора кардем. Баъд тақдир ӯро ба Тошканд пайваст, ба зинаҳои гуногуни мансаб по гузошт, болонишин гашт, вале то охири умр бо халқи оддӣ ҳамнафас монд.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: