ИНСОНИ САХИВУ МЕҲРУБОН БУД

То тавонӣ ба ҷаҳон хидмати муҳтоҷон кун, Ба даме ё дираме, ё қаламе, ё қадаме. (Саъдӣ)

Меҳрубон будан, бар замми ин саховату мурувват пеша кардан аз накӯтарин хислатҳои инсон аст. Ба хусус, инсоне, ки мақому манзалати худро дар байни мардум пайдо мекунад, пайваста шарики шодию ғам ва осоишу ранҷи одамон аст. Ин пешхате барои аҳли сахову ғамгусор бошад, ки ӯро саодатманду сарватманд мекунад ва наметавонад аз додани оромишу ишқ, меҳрубонию вафо ба дигарон худро нигаҳ дорад...
Ҷамоли Орзумурод ҳанӯз аз айёми донишҷӯйӣ, ки шабона таҳсили илм мекарду рӯзҳо кор, шиореро барои худ пазируфта буд. Он солҳо аз дӯстони мо, ки канори ҳам дар донишгоҳҳои Душанбешаҳр дониш меомӯхтем, касе набуд, ки аз ёриҳои ӯ бархурдор нашуда бошад. Доимо ҳавои моро дошт, аз маҳалли даромаду дастмояҳои худ китобу дафтар мехарид, ба синамо мебурд, ҷойҳои диданиро тамошо медод ва дар сурати бепул мондан ҳар яки мо деҳотиён аз ӯ қарз мегирифтем.
Ҷамоли Орзумурод пас аз итмоми донишгоҳ ба зодгоҳ баргашт. Ба унвони ҳисобдор дар паҳлуи сарҳисобдори хоҷагии ҷамоавии «Нурато»-и ноҳияи Нурато Мустафо Раҳимов ба кор сар кард. Солҳое буд, ки асрори касби нозуку пурмасъулият ва раванди кордориро аз устодони худ Мустафоака ва Зайниддин Амонов омӯхт. Ҷамол ҳарчи бештар таҷриба андӯхт, ба хурду рези кори хоҷагидорӣ ворид шуд ва оқибат, ба вазифаи раиси ҳисобдории яке аз бузургтарин хоҷагиҳои чорводории вилояти Навоӣ, ки дар фароҳам овардани пашму пӯсти марғуби қарокӯлӣ ва гӯшти босифат дар кишвар маъруф аст, баргузида шуд. Дар идома, бо мудирони дигар – Фазлиддин Аҳмадов, Ҳазрат Қурбонов ҳамкорӣ кард.
Ҷамоли Орзумурод гузашта аз кори давлатӣ ба соҳибкорӣ шуғл варзиду бо даст додани имконоти рифоҳу худкифоӣ ба рӯйи об овардани нияту орзуҳои қаъри дилаш пардохт. Аз маркази хоҷагӣ – шаҳраки Авлиё гирифта то деҳоти Эҷу Собу Синтаб ва нишемангоҳҳои саҳроӣ дар пеши назари ӯ чун муқаддасгоҳи азиз ҷилва намуданд ва ҳар ёрию ҳиммате, ки аз дасташ меомад, дареғ надошт. Ба унвони соҳибкор ба маъракаҳои мардумӣ хайру эҳсон кард, дар ҷашнҳо харҷи дасторхонҳои идонаро ба уҳда гирифт, пайваста ба мактабу боғчаҳои бачагона ҳадяю туҳфаҳои бешумор тақдим намуд, сари солмандону беморонро сила кард...
Нақл аст, ки рӯзе Ҳазрати Мӯсо бинни Умрон суол мекунад: «Худоё, агар ту инсон будӣ, чӣ ибодатеро анҷом медодӣ?». Худованд мегӯяд: «Эй Мӯсо, агар махлуқ будам, хидмат ба халқ мекардам...». Айнан ҳамин нукта шиори зиндагии Ҷамоли Орзумурод буд! Бо ин одобу одати писандидаи худ дӯстдори мардум гардид ва чандин сол ба унвони намояндаи мардумӣ низ интихоб шуду корҳои судманд анҷом дод. Агар аз як сӯ дар кори пурфарохи чорводорӣ саҳмгузор шуда, бо ҳамкорони худ саршумори гӯсфандро замоне то наваду панҷ ҳазор расонида бошад, аз ҷониби дигар ба дилу дидаи халқи худ роҳ ёфт, мунтазам дарду дархостҳои одамонро ба ҷойҳои дахлдор   расонд, ба вижа, мушкили  деҳотиёнро дар бахши обрасонӣ, роҳсозӣ, гузаронидани маросимҳо ва мусобиқот ва ғайра осон намуд.
Ҷамоли Орзумурод ҳамчун инсони дарёдил, бе муболиға, ҷони одам буд. Касе нест, ки аз ҳазлу шӯхиҳои намакин, зарофатгӯйиву мутоибаҳои дилкаши ӯ бархурдор нашуда бошад. Ӯ инсони шоду беғам, дидадаро ва маъракаоро буд. Орзу дошт ҳама мардум дар ниҳояти дӯстиву рафоқат ва меҳрубонӣ зиндагӣ кунанд, билхосса, дӯстии халқҳои таҳҷойӣ – тоҷику ӯзбеку қазоқро пайваста тараннуму тарғиб мекард. Агар дар хусуси оиладорию муҳаббати бепоёни ӯ ба хонаводааш ҳарф занем, вақт камӣ мекунад... 
Ҳазор ҳайфу сад афсӯс, ки ин марди худогоҳ, як тан инсони ҳалиму дасткушод дар остонаи шастумин солгарди умри худ ба марги муфоҷо гирифтор шуд. Ӯ орзу дошт 6-уми январи соли 2019 бо аҳли диёри худ шастсолагиашро ҷашн гирад, як бори дигар садоқату муҳаббати худро ба халқи азизаш нишон диҳад. Аммо 26-уми сентябри соли 2018 дар як тасодуми автомобилӣ риштаи ҳаёташ гусаст, ҳазору як орзуи некаш дар нимароҳ монд. Бо дили хаставу ғамгин танҳо дуо мекунем, ки Худованд ин инсони наҷибро дар биҳишт ҷой диҳад.

Узоқбой МУРОДОВ,
омӯзгори мактаби рақами 43,
ноҳияи Нуратои 
вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: