ИНСОНИ ШАРИФ БУД

Некию накӯкорӣ, меъёрест, ки қадру қимат, ҳосили умри инсонро муайян месозад.

Некию накӯкорӣ, меъёрест, ки қадру қимат, ҳосили умри инсонро муайян месозад. Шайх Саъдӣ беҳуда нагуфтааст: «Ба даст овардани дунё ҳунар нест, Якеро гар тавонӣ дил ба даст ор». Аз ин рӯ, ҳар касе , ки ҳаёти худро баҳри некӣ, дилёбию хидмати мардум бахшидааст, инсони шариф ва оне, ки дар ин ҷода хидматҳояш эътироф гардидаанд, шахси хушбахт аст. Рӯзгори фарзанди асили Бухорои шариф, марди соҳибдилу худогоҳ Карим Камолов дар ин бора намунаи ибрат буд. Вай соли 1955 дар шаҳри Бухоро ба дунё омада ба воя расид. Баъди хатми мактаби миёна шӯъбаи сохтмони Институти технологияи муҳандисии Бухороро хатм кард. Ӯ солҳои 1988-1994 ва 2007-2017 ҳамчун сардори трести сохтмон, солҳои 1994-2007, 2017-2020 чун ҳокими шаҳри Бухоро фаъолият нишон дод. Аз моҳи феврали соли 2020 то охири умраш иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Бухоро буд. Карим Ҷамолович баҳри ободию осоиштагии диёр бо масъулиятшиносии ба худ хос ором намегирифт, донишу таҷрибаашро баҳри ривоҷу равнақи вилоят сафарбар мекард. Фидокорӣ, хоксорию хушмуомилагӣ, соддадилию адлхоҳӣ барин фазилатҳои зиёди инсонии вай боиси таваҷҷӯҳи на фақат мардуми оддӣ, балки роҳбарони тоифаҳои гуногун, фермерону соҳибкорон мегардид. Имсол соли вазнин омад. Дар шароити пандемия ва офати табиии 27 апрели ноҳияҳои Қоракӯл ва Олоти вилоят ба вай лозим омад, ки баҳри ҳифзи аҳолӣ ва рӯҳбаландсозии мардум бештар давутоз кунад.
Бо мақсади дастрасшавии ҳосили фаровон ба кирмакпарварону деҳқонон такягоҳ шавад. 25 июли соли ҷорӣ сирояти коронавирус ба вай зоҳир гардид. Вай аввал дар Бухоро, баъд дар Тошканд муолиҷа гирифт. Ин хабар мардуми вилоятро ба ташвиш овард. Одамон ба идораҳои дахлдор занг зада аҳволи ӯро мепурсиданд. Чанде пас хабари нохуш ба дили аҳли вилоят соя андохт, вале он тасдиқи худро наёфт. Аз байн ду рӯз гузашт ё не, 22 август хабари навбатӣ вуҷуди одамонро ба ларза овард. Манораи Калон, арк, тоқу мадрасаҳои Бухорои шариф гӯё ба сукут рафтанд. Дили нисбати халқу ватан аз муҳаббат саршори роҳбари ғамхор, соҳиби орденҳои «Дӯстлик» ва «Меҳнат шуҳрати» К. Камолов аз тапиш монд. Ӯро на фақат дар вилоят, балки дар миқёси мамлакат ҳамчун роҳбари соҳибфазилат хуб мешинохтанд. Сарвари давлат Ш. Мирзиёев ба Бухоро ба маросими таъзияи К. Камолов омада қабри ӯро дар мазори Ҳазрати Имом (Абӯҳафси Кабири Бухороӣ) зиёрат кард, дар ҳавлии вай бо аҳли оилаи Карим Ҷамолович вохӯрда чунин гуфт: «Замоне нисбати вай беадолатӣ рух додааст... Хидматҳои ӯро давлат ва халқамон ҳаргиз фаромӯш намекунад». Ба муносибати фавти К. Камолов на фақат дӯстон, идораю ташкилот, садорату ҳокимиятҳои вилояту ҷумҳурӣ, балки роҳбарони сафорату созмонҳои байналхалқӣ низ ҳамдардӣ изҳор карданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи вай марсия, хотира ва таъзияномаҳои зиёд дарҷ ёфтанд. Яке аз шогирдони Карим Ҷамолович Ҷамол Носиров, ки ҳоло муовини аввали вазири маданияти Ӯзбекистон мебошад, дар бораи ӯ чунин навиштааст: «Он гоҳ ҷонишини ҳокими вилоят будам. Хостам, ки аз устодам Карим Ҷамолович (он гоҳ вай ҳокими шаҳр буд) маслиҳате гирам. Бо ин мақсад ба кабинети кориаш рафтам. Сӯҳбати мо қариб як соат давом кард. Вақти бозгашт дидам, ки қариб 50 нафар ӯро интизоранд. Ҳар кадоме бо «дарде» омада яке бо тамкин, дигаре асабиёна ба ҳоким муроҷиат мекарданд. Карим Ҷамолович бо самимияти ба худ хос ва чеҳраи кушод бо онҳо мулоқот менамуд. Вақте ки онҳо рафтанд, аз ӯ пурсидам: – Карим Ҷамолович, ҳар гоҳ, ки наздатон оям, хоҳ шаб, хоҳ рӯз пеши даратон корафтодагони зиёдро мебинам. Бо ҳар кадоми онҳо муомилаи дилкаш доред. Ба ин асабҳоятон чӣ гуна тоб меоранд? Аз ӯ ҷавоби «Дар давоми 16 соли ҳокимӣ ба ин кайҳо одат кардаам»-ро интизор будам. Вале вай гуфт: – Ҷамолҷон, одамонро дӯст доштан лозим. 
Ҳамин чор калима дар ҳаётам дигаргунӣ даровард. Дӯст доштани онҳоеро, ки имдодталабона наздам меоянд, аз Карим Ҷамолович омӯхтам. Ин сабақро ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард. 
***
Банда Карим Ҷамоловичро аз солҳои 90-уми асри гузашта ин ҷониб мешиносам. Минбаъд дар давоми даҳсолаҳо аз фазилатҳои ӯ огоҳ гардида қаноатманд будам, ки Бухорои шариф чунин роҳбар, фарзанди асили ба халқу ватан бовафое дорад. Ҳатто бо вай фахр мекардам. Албатта, роҳбарони хуб кам нестанд, вале монанди Карим Камолов комил ва худододашро ҳанӯз надидаам. Бешубҳа, роҳбарӣ вазифаи басо мушкил ва масъулиятнок аст. Одатан одамон ба роҳбар баъди аз кор рафтани ӯ баҳои ҳақиқӣ медиҳанд. Карим Ҷамолович роҳбаре буд, ки меҳри ӯ дар дили хурду калон маъво дошт. Вай бар хилофи роҳбарони дилозор бо забони ширин, хушмуомилагӣ ва эҳтироми шахсияти тобеъонаш ба мақсад мерасид, ба иҷрои ҳар гуна вазифа комёб мегардид. Мардум беҳуда «забони ширин морро аз хонааш кунад берун» нагуфтаанд. Карим Ҷамолович барои банда роҳбари идеалӣ ба шумор мерафт, зеро солҳои тӯлонӣ дар кӯчаю қабулгоҳ, ҷамъомаду ҷараёни кор муомилаи ӯро бо мардум дида ба ин хулоса омадаам. Дил мехост, ки на фақат дар вилоят, балки дар мамлакат низ ин тоифа роҳбарон зиёдтар бошанд. Аз ин ҳам мардум бурд мекунанду ҳам давлат. Борҳо гувоҳ шудаам, бештарини роҳбарон он солҳо мекӯшиданд, ки аз қабули одамон гурезанд, вале К. Камолов баръакс, корафтодагонро то охир қабул мекард ва ҳатто ба қабулгоҳ баромада мепурсид: «Боз кӣ монд?»  Инро дида меандешидам: «Карим Ҷамолович ба ҳар гуна вазифаи волотар низ муносиб аст». Вале... «гапи хона ба бозор рост наомад». Ӯро аз ҳокимӣ гирифта ба ҷойи аввалааш трести 20-уми сохтмон роҳбар таъин карданд. Дилам ба ӯ месӯхт. Хостам вайро аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ кунам: дар борааш чизе нависам. Бо ин мақсад ба коргоҳаш рафтам. Ҳамкорон гуфтанд, ки К. Камолов серкор аст, вай бо мақсади назорати объектҳо ба дигар вилоятҳо низ меравад. Агар ӯ дар Бухоро бошад, вайро фақат шаб ёфтан мумкин аст. Ҳамин тариқ, ба ҷустуҷӯяш боз чанд бори дигар рафтам. Ниҳоят корам омад карду бегоҳие вайро дар кабинети кориаш танҳо дидам. Ҳамон Карим Ҷамоловичи пурғайрати самимӣ чун пештара моро бо чеҳраи кушод қабул кард. Баъди ҳолпурсӣ аз мақсадам огоҳ гардида гуфт: 
– Барои эътиборатон ташаккур. Мо акнун аз саф баромадем. Навиштан ҳоҷат надорад. Дар бораи «одами задашуда» навиштан барои худатон ҳам судовар нест. 
Бо вуҷуди ин фикрам тағйир наёфт. Дере нагузашта дар «Овози тоҷик» очерки банда дар бораи ӯ «Роҳбарӣ осон набувад» рӯйи чопро дид. Рӯзе, ки онро наздаш бурдам, хушҳолона, рӯзномаро ба даст гирифта аз як сар ба он чашм давонд. Ниҳоят сурат ва маводи ба худаш алоқанок диққаташро сӯяш кашид. – Хонда диҳам? – пурсидам аз вай. – Не, худам мехонам, – ӯ эътироз намуд. Воқеан вай забони модариаш — тоҷикиро хеле дӯст медошт ва мулоқотҳояш бо мардуми диёр ба ин забон ӯро маҳбубтар гардонда буд. Ниҳоят, баъди каме мутолиа сар боло карда пурсид: – Аз мо чӣ хидмат? – Ҳеҷ гуна. Камина вазифаи касбии худро иҷро кардам. 
Вай сипосгузорӣ намуд.
***
Тобистони соли 2017 дар муолиҷагоҳ аз рафиқи бухорогиам шунидам, ки К. Камоловро бори дуюм ҳокими шаҳри Бухоро таъин кардаанд. Рости гап, аз ин хабар сарам ба осмон расид. Беадолатие, ки нисбати ҳокими собиқи шаҳри кӯҳна зоҳир гардида буд, бо шарофати сарвари оқил ва қадршиноси мамлакат Ш. Мирзиёев ислоҳ гардид. Ҳаёт бори дигар исбот намуд, ки садоқат ва фидокорӣ ҳаргиз беҷавоб намемонад. Моҳи феврали соли равон бошад, роҳбарии вилоятро ба ӯ бовар карданд. Ин эътирофи навбатии асолат, садоқат ва фидокорӣ буд. 
***
27 июни соли 2020 дар маҷлисгоҳи хурди ҳокимияти вилоят дар маросими бахшида ба муносибати иди касбии кормандони матбуот ва ВАО роҳбари вилоят Карим Камолов даъватшудагонро муборакбод гуфта, ба онҳо ифтихорномаю тӯҳфаҳо супурд. Он гоҳ дар қатори дигарон ба муаллифи ин сатрҳо лозим омад, ки арзи дил гӯям, бобати фазилатҳои роҳбари вилоят ҳарф занам, то ки ҳамкасбони ҷавон ӯро хубтар шиносанд. Аҷиб, он гоҳ ҳеҷ кас намедонист, ки ин охирин мулоқоти мо бо вай буд. 
Беихтиёр мисраъҳои зерини шоири машҳури халқи тоҷик Мирзо Турсунзода ба хотирам мерасад:
Касе, ки боварии халқро 
арзанда мегардад, 
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар 
хонаро зебанда мегардад.
Бемуҳобот, Карим Камолов ҳамин гуна инсони шарифи шаҳри шариф буд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: