Дар байни мардуми мо мақоле ҳаст, ки «Саломатӣ – бехи давлат» аст.
Дарҳақиқат, чунон ки барои инсон аз саломатии ӯ дида сарвати бузургтаре нест, одами солим сарвати ҳақиқии ҷамъият аст. Бинобар, ин Сарвари давлатамон дар мулоқоти ошкоро бо намояндагони соҳаи тандурустӣ дар мавзӯи «Ислоҳот дар соҳаи тиб – барои қадри инсон» гуфта буд, танҳо мардуми солим, миллати баркамол аз ӯҳдаи корҳои бузург мебарояд.
Мулоқоти мазкур, ки дар таърихи мамлакати мо бори аввал баргузор шуд, далели равшани он гардид, ки дар мамлакатамон ба мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани сифати хизмати тиббӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ эътибор дода мешавад. Дар баробари ин, ин мулоқот дар муайян намудани ҳадафу вазифаҳо, ки ба ислоҳотсозии сохтори соҳаи тандурустӣ дар сатҳи талаботи замон, бинобар пешниҳодоти кормандони соҳа ва мардуми мо нигаронида шудааст, нақши муҳим бозид.
Дар ҷаласаи видеоселекторӣ бахшида ба чораҳои амалисозии вазифаҳои дар соҳаи тандурустӣ ба миён гузошташуда, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таъмини иҷрои вазифаҳои дар фармони 24-уми март оид ба масъалаҳо ва пешниҳодҳои дар мулоқоти кушод баёнгардида, баррасӣ шуданд.
Ҷолиби диққат аст, ки муҳлати аниқи иҷрои ҳар як вазифаи супурдашуда, тадбирҳои андешидашуда нишон дода шудаанд. Дар қарор аз рӯйи 7 самт 50 чорабинӣ муайян карда шуда, барои ҳар кадоми онҳо масъулҳо интихоб шудаанд.
Дар маҷлис қайд карда шуд, ки аз рӯйи ҳамаи ташаббусҳое ки халқи мо нишон додаанд, зудтар қарорҳо қабул карда мешавад ва кори амалӣ набояд кашол дода шавад.
Аз ҷумла, дар моҳи апрел скрининги мақсадноки 1 миллион аҳолии зери хатар, 700 ҳазор кӯдак ва 100 ҳазор зани ҳомиладор ба нақша гирифта шудааст. Ин раванд дар ошкорсозии барвақти бемориҳои ин тоифаи аҳолӣ, равона кардани шаҳрвандони гирифтори ин беморӣ ба табобати барвақт муҳим аст. Мо медонем, ки табобати беморӣ ҳар қадар барвақт оғоз шавад, бемор ҳамон қадар зудтар сиҳат шуда, беморӣ ба ӯ ҳеҷ мушкилии ҷиддӣ боқӣ намегузорад.
Яке аз дигаргуниҳои муҳим дар сохтори тиббӣ дар ҳар як поликлиникаи оилавӣ ташкил кардани беморхонаи рӯзона мебошад. Бо камоли боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ин орзуи халқи мо буд. Ҳамзамон дар 400 маҳалла марказҳои тиббии оилавӣ ва дар ноҳияҳои дурдаст дар контейнерҳо 1700 бунгоҳи тиббӣ ташкил карда мешавад.
Ғайр аз ин, шабакаи поликлиникаҳои маҳаллӣ боз ҳам васеъ карда, имсол фаъолияти 136 ва дар оянда 140 поликлиникаи нав ба роҳ монда шуда, 1100 бунгоҳи шифокори оилавӣ, дар маҳалҳои дурдаст зиёда аз 2000 бунгоҳи тиббӣ ташкил карда мешавад. Дар натиҷа сохторе ба вуҷуд меояд, ки 85 фоизи муаммоҳои ёрии аввалини тиббиро ҳал мекунад.
Барномаи «Духтури деҳа» боз ҳам такмил дода шуда, аз 1 маи соли ҷорӣ ба духтуроне, ки дар ноҳияҳои дурдаст кор мекунанд, моҳе 2 миллион сӯм музди иловагӣ дода мешавад. Ба ин духтурон то 50 фоизи хараҷоти хариди манзил аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бар асоси ипотека ҷуброн карда мешавад. Духтуре, ки се сол пай дар пай дар ноҳияи дурдаст кор кардааст, бе имтиҳон ба орденатураи клиникӣ қабул карда мешавад.
Ин тадбирҳо на танҳо мушкили нарасидани духтурон дар минтақаҳои дури кишварро ҳал мекунад, балки имкон медиҳад, ки аҳолии дар чунин минтақаҳо истиқоматкунанда ба марказҳо нарафта, аз хидмати табибони соҳибихтисос истифода баранд.
Ин, инчунин вақт ва пулро сарфа мекунад. Мо медонем, ки тарзи ҳаёти солим гарави саломатии инсон аст.
Тарзи ҳаёти солим маънои хӯрокхӯрии дуруст, шуғл варзидан бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, даст кашидан аз одатҳои бадро дорад. Мутаассифона, чунон ки аксарият инро хуб донанд ҳам, амал намекунанд. Аз ин рӯ, дар сохтори маҳаллабайъ кор кардан, ба аҳолӣ наздик кардани хидмати босифати тиббӣ, омӯхтани, тарзи ҳаёти солим ба одамон, инчунин паҳн кардан бояд вазифаи асосӣ бошад.
Маълум аст, ки дар панҷсолаи охир қариб 2 ҳазор муассисаи тиббӣ сохта, таъмир карда шуд ва ин корро давом дода, шароити 1100 муассисаи тиббӣ беҳтар мегардад. Аз ҷумла, дар доираи барномаи сармоягузорӣ барои сохтмону таъмири муассисаҳои тиббӣ соли равон аз буҷет 1 триллиону 200 миллиард сӯм ҷудо шудааст. Сарвари давлат ба масъулон супориш дод, ки ба корҳои сохтмон суръат бахшанд ва низоми хидматрасонии техникӣ ба таҳҷизоти тиббӣ ба роҳ монда шавад. Тағйироти дигари ҷиддӣ дар сохтори тиб – дар баробари беморхонаҳои давлатӣ тиббиёти хусусӣ рушд меёбад. Аввалҳо ин гуна хидматрасониҳо танҳо дар соҳаи стоматология пешниҳод мешуд, ҳоло дар ҳама соҳаҳо клиникаҳои хусусӣ фаъолият мекунанд. Имрӯз шумораи онҳо ба 8 ҳазор расидааст.
Дар ҷаласа доир ба ислоҳ кардани низоми «ордер», ки барои иштироки сектори хусусӣ имконият фароҳам меорад, таклифҳои аниқ ба миён гузошта шудаанд. Аз ҷумла, тарифҳои ягонаи бемориҳо дар бемористонҳои давлатӣ ва хусусӣ тасдиқ карда шуда, феҳристи дармонгоҳҳои хусусие, ки хидматрасонии тиббӣ доранд, бар асоси муроҷиатномаҳо тартиб дода мешаванд.
Ин тадбирҳо дар навбати худ барои боз ҳам ривоҷ ёфтани шабакаи хусусии тиббии мамлакатамон шароити мусоид фароҳам меоварад.
Хулоса, дар роҳи ғамхорӣ зоҳир намудан ба саломатии халқамон марраҳои калон муайян шуданд. Таъмини иҷрои он на фақат ба мақомоти маҳаллӣ, балки барои ҳамаи мо бояд вазифаи аввалиндараҷа бошад. Зеро ба инсон аз саломатиаш дида сарвати бузургтаре нест.
Улуғбек ИНОЯТОВ,
муовини Раиси Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис, роҳбари фраксияи Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон.