ИНСОНИ ЗАҲМАТПИСАНД, ХОКСОР ВА ДАРЁДИЛ

Тирамоҳи заррини соли 1951 дар оилаи амаки Маҳмудҷон писараки дӯстрӯяке ба дунё омад.

Тирамоҳи заррини соли 1951 дар оилаи амаки Маҳмудҷон писараки дӯстрӯяке ба дунё омад. Офтоб ҳамон рӯз зиёд шаъшаъапошӣ мекард. Бо назардошти ин, бино ба салоҳдиди пири гузар ба ӯ номи Анварро доданд.
Мисли ҳамаи хурдсолон Анварро овони ҳафтсолагӣ мактаби миёнаи таълими ҳамагонии зодгоҳаш — шаҳри Чусти бостонӣ ба оғӯш гирифт. Хонандаи кушо тез хату савод баровард. Забон ва адабиёт аз фанҳои дӯстдоштааш буданд. Аз иштирокчиёни фаъоли маҳфили «Адибони ҷавон»-и мактаб буд. Яке шеър машқ мекарду дигаре ҳикояҳои хурд. Диққати Анвари ҷавонро бештар хабару мақолаҳо мекашиданд. Паёмнигориро орзу мекард. Вақте дар синфи 7 мехонд, бо кӯмаки муаллими адабиёт ду хабараш аз ҳаёти мактаб ва бригадири пешқадам дар рӯзномаи ноҳиявӣ рӯйи чопро дид. Анвар дар гӯшаи хаёлаш намеовард, ки меҳнати ноарзандаи ӯ қадр меёбаду ба ӯ ҳаққи қалам дода мешавад.
Баъди хатми мактаби миёнаи таълими ҳамагонӣ, Анвар бино ба тақозои шароити оила, фаъолияти меҳнатиашро чун коргар дар  колоннаи сайёри механизатсиякунонидашудаи байниколхозии Чуст оғоз кард. Вале матбуот ва корҳои табъу нашр ҳамеша ақлу ҳуши ӯро мерабуданд. Вақте фурсат даст дод, бе ҳеч дудилагӣ, ҳуҷҷатҳояшро ба факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд супурд. Ба орзуяш расид, донишҷӯ шуд. Дар тӯли таҳсил асрори касби дӯстдоштаашро амиқ омӯхт.
Соли 1981, баъди хатми донишгоҳ, ӯро дар Маркази эҷодиёти бачаҳою наврасони шаҳри Чуст ба сифати роҳбар ба кор қабул карданд. Донишҳои андӯхтааш кор дод, ба кашфи истеъдодҳои ҷавон камари ҳиммат баст.
Дона то бар хок н-афтад кай ба боло 
қад кашад,
Қадри одам ҳам баланд аз 
хоксорӣ мешавад.
Ҷавони хоксору донишманд ва чашмикордон дар байни  ҷамоа обрӯ пайдо кард. Солҳои бозсозӣ дар ҳаёти фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайвастанд. Бо ташаббуси роҳбари якуми ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ Рафиқ Нишонов дар бисёр шаҳру ноҳияҳои мамлакат саҳифаву рӯзномаҳои тоҷикӣ таъсис ёфтанд. Ба сабаби он, ки дар ноҳияи Чусти вилояти Намангон тоҷикон зиёде будубош доранд, тасмим гирифта шуд, ки як саҳифаи рӯзномаи ноҳиявии Чуст — «Чуст ҳақиқати» низ тоҷикӣ шавад. Масъалаи кадр пеш омад. Гуфтанд, ки бори саҳифаро танҳо Анвар бардошта метавонад: роҳбари маҳфил, мактаби тоҷикиро хатм кардааст, маълумоташ олӣ, журналист.
Шурӯъ аз соли 1993 Анвар Муродов чун масъули саҳифаи тоҷикии рӯзномаи «Чуст ҳақиқати» ба кор пардохт. Акнун ба хонадони чустиён, дар баробари хабару мақолаҳои хонданӣ нафосату салосати каломи тоҷикӣ низ ворид мешуд. Анвар Муродов ҳамкориро бо рӯзномаи «Овози тоҷик» низ идома дод. Хабару мақола ва гузоришҳои тозаи ӯ аз вилояти Намангон дар рӯзномаи ҷумҳуриявӣ пайваста рӯйи чопро медиданд.
Тавону салиқаи ӯро ба назар гирифта таҳририяти рӯзнома Анвар Муродовро чун хабарнигори вилоятӣ ба кор даъват кард. Инак, мавсуф чанд сол аст, ки дар ин вазифа кор мекунад. «Зиндагӣ рӯди равон аст» гуфтаанд шоирон, ки ҳақ асту рост. То як мижа задан гузашта меравад. Мо ҳамкорони акаи Анвари хоксору фурӯтан бехабар мондаем, ки эшон, аллакай, ҳафт даҳсоларо пушти сар гузоштаанд. Ба ин муносибат ӯро самимона табрику таҳният мегӯем. Бигузор, танашон ҳамеша сиҳат бошад, рӯйи камиро набинанд, бо қалами тезу каломи ҳадафрасашон солҳои зиёд дар хидмати халқамон бошанд. 

ҲАМКОРОН АЗ «ОВОЗИ ТОҶИК».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: