ИНСОНҲОИ МАЪРИФАТНОКРО ЧУН НАМУНА НИШОН ДИҲЕМ

Баромади Президент Шавкат Мирзиёевро 20 январи соли равон дар ҷамъомади видеоселекторӣ оиди куллан такмил додани низоми корҳои маънавию маърифатӣ шунида, дар ҳаёти имрӯзу фардо ва фаровонии ҳаётамон воқеан муҳим будани масъалаҳои маънавиятро ҳис кардам.

Баромади Президент 
Шавкат Мирзиёевро 20 январи соли равон дар ҷамъомади видеоселекторӣ оиди куллан такмил додани низоми корҳои маънавию маърифатӣ шунида, дар ҳаёти имрӯзу фардо ва фаровонии ҳаётамон воқеан муҳим будани масъалаҳои маънавиятро ҳис кардам.
«Дар тарбия танаффус намешавад» – мегӯяд халқ. Вале узван пайвастагии корҳои маънавию маърифатӣ алҳол қонеъкунанда нест. Имрӯзҳо мактаб, боғча, таълими олӣ ва маҳаллаҳо дар ин бобат ба таври алоҳида кор мебаранд, ки ин айни ҳақиқат. Барои ҳамин вазифа гузошта шуд дар мактаб, муассисаҳои миёнаи махсус ва таълими олӣ сохтори тамоман нави корҳои маънавию маърифатӣ кор карда бароварда шуда, онҳо самаранок фаъолият баранд.
Имрӯз барои саводнок, соҳиби фазилат, бо маърифату маънавият тарбия намудани фарзандонамон таъмини муассисаҳои таълимӣ бо дастуруламал, кӯмаки методӣ ва адабиёти лозимӣ хеле зарур.
Фикр кунем, гӯё сеҳр ҳаст дар маҳалла, ки ба мо дилгармӣ мебахшад. Таърихи ба худ хос доранд маҳаллаҳо. Барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ё гувоҳномаи ақди никоҳ низ ба маҳалла мерафтем, ба раиси маҳалла эҳтироми зиёд доштем, «раисбобо» мегуфтем. Тӯй ва маъракаҳо бе ризоияти ӯ намегузашт. «Ҳама ба ҳашар!» гӯяд, мардум сарҷамъ мушкилоти оилаҳоро осон месохт. Дар кушодани гиреҳи ҷиноят, оштӣ додани носозҳо ва масъалаҳои дигар маҳалла сару бар буд.
Аз нуқтаи назари маънавияту маданият мисле аз маҳалла то андозае дур шудаем. Бояд баҳри таъмини барқарории муҳити иҷтимоию маънавии маҳалла эътибори алоҳида нигаронем.
Дар асоси тамоюли «Як зиёӣ ба як маҳалла – ҳомии маънавӣ» таклиф карда шуд, ки ба ҳар як маҳалла профессорон-устодон ва зиёиҳо вобаста карда шаванд. Барои ба амал баровардани ин механизм ҳар яки мо бояд дар корҳои маҳаллаи худ фаъолона иштирок кунем. Масъулҳо бо кори худ банд шуда, дигарон худро канора кашанд, беҳтар шудани муҳити маънавии маҳалла осон намекӯчад.
Барои ин барпои инфрасохтор ба нақша гирифта мешавад. Президент дар маркази ҳудудҳо дар асоси лоиҳаҳои намунавӣ барпо кардани масканҳои маънавият ва маърифат, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ҷудо кардани штатҳои иловагиро пешниҳод кард. Қайд гардид бо мақсади афзун сохтани самаранокии корҳои маънавию маърифатӣ, рушди адабиёт ва китобхонӣ дар ҳузури Фонди ҷамоатии «Эҷод» бунёди дастгирии маънавият ва эҷод ташкил карда шавад. Барои беҳтар сохтани муҳити маънавӣ, фикр мекунам, инсонҳои маърифатноки маҳалла ва оилаҳои намунавиро чун намуна ба дигарон нишон додан мувофиқи мақсад аст.

Ӯрол ӮРАЗБОЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: