ИНСПЕКТОРОНИ ОИД БА ПРОФИЛАКТИКА РАҒБАТНОК КАРДА ШУДАНД

Дар Маркази ҷавонони вилояти Бухоро бахшида ба рағбатноксозии гурӯҳи инспекторони профилактика ва намояндагони ҷомеаҳо чорабинӣ баргузор шуд.

Алҳол дар вилоят 540 ҷамоати шаҳрвандони маҳалла амал мекунанд, ки якҷо бо бунгоҳҳои такягоҳии идораи корҳои дохилӣ бобати ҳифзи оромиву осудагӣ, нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудудҳо ба натиҷаҳои хуб муваффақ мегарданд.
Ҳоли ҳозир ба рағбатноксозии кормандоне, ки дар мубориза ба муқобили ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ ба натиҷаҳои баланд муваффақ шудаанд, эътибори махсус дода мешавад. Дар раёсати  корҳои дохилии вилоят бунёди рағбатноксозии таъминоти амнияти ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст. Аз ҳисоби маблағҳои бунёди мазкур бори аввал 111 нафар инспекторони оид ба профилактика, 57 нафар раисони маҳаллаҳо, 18 мутахассиси кор бо занон ва мустаҳкам кардани  суннатҳои маънавиву ахлоқӣ дар оилаҳо бо мукофотҳои пулӣ рағбатнок карда шуданд, ҳамчунин 29 нафар аъзои сохтори ҷамъиятии «Посбони маҳалла», ки ба содир шудани ҷиноятҳои ҳудуди вобастаи онҳо роҳ надодаанд ё худ ба коҳиш ёфтани сатҳи ҷиноят ва пурзӯр намудани пешгирии қонунвайронкуниҳо муваффақ шудаанд, ҳавасманд гардонида шуданд.
Мувофиқи маълумоти идораи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои Раёсати корҳои дохилии вилоят, ба шарофати самарабахш ба роҳ мондани чорабиниҳои профилактикӣ соли гузашта миқдори умумии ҷиноятҳо дар минтақа 45 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар давраи сипаришудаи соли равон дар 497 маҳалла ягон ҷиноят содир нагардидааст. Ин шаҳодати он мебошад, ки миқдори чунин маҳаллаҳо нисбати соли гузашта 100 адад афзудааст.
– Дар ҳудуди маҳаллаи мо зиёда аз  2 ҳазор нафар истиқомат мекунанд, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Бурҷак»-и ноҳияи Олот Ҳақбердӣ Кӯмаков. – Барои таъмин сохтани ҳаёти орому осудаи шаҳрвандон, амнияти онҳо, ошкор кардан ва аз байн бардоштани омилҳое, ки  дар минтақа сабаби амалҳои ғайриқонунӣ мегарданд, муҳим мебошанд. Дар ин самт робита ва ҳамкории роҳбарияти ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо, намояндагони ҷомеаҳо бо инспекторони оид ба профилактика торафт мустаҳкамтар мегардад. Ҳар як мушкилоте, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба миён меоянд, сари вақт муҳокима мешаванд, таъсири ҷомеа бештар мегардад. Ҳодисаҳои иҷтимоиву маишие, ки дар баъзе оилаҳо то ба дараҷаи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ мерасанд, пешгирӣ карда мешаванд. Эътироф шудан ва қадр гардидани хидматҳоямон дар самти мазкур моро ба фаъолияти самарабахштаре ҳидоят менамояд.
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Бухоро Ӯ.Барноев баромад кард.

Эркин ЁДГОРОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: