Интернет дар Тошқӯрғони тоҷикнишин

Тошқӯрғон ноҳияи мухтори тоҷикнишини минтақаи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин, ки дар шимолу ғарбии ин кишвар дар баландии 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, бо интернети баландсуръати нахи шишаӣ (оптоволокно) таъмин шуд.

Тошқӯрғон ноҳияи мухтори тоҷикнишини минтақаи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин, ки дар шимолу ғарбии ин кишвар дар баландии 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, бо интернети баландсуръати  нахи шишаӣ (оптоволокно) таъмин шуд. Акнун баландтарин минтақаи кӯҳии Чин метавонад аз интернет бе мушкилӣ истифода барад, шабакаҳои интернетии телевизионӣ ва радиоиро тамошо ва гӯш кунад.
Ноҳияи мухтори тоҷикнишини Тошқӯрғон шомили минтақаи Қошғар аст. Барномаи таъминсозӣ бо интернет ба беш аз 5 ҳазору 200 хонаводаи ноҳияҳои кӯҳӣ имкони дастрасӣ ба хидматрасонии интернетиро дод. 
Мудири идораи иттилоотӣ-саноатии Қошғар гуфт, ки ин барнома бо беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардуми маҳаллӣ ҳамзамон ба мубориза алайҳи бенавоӣ саҳми арзанда мегузорад.

Аз интернет таҳияи 
Фариштаи САОДАТ.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: