(Ҳикоя)
Рӯзе омӯзгори ҷавоне дар гузаргоҳе устоди даврони мактабхониашро диду наздик рафт ва аз ӯ пурсид:
– Маро дар ёд доред?
– Бале, дар ёд дорам, бо чӣ кор машғул ҳастӣ?
– Ман омӯзгор ҳастам. Сабаби омӯзгор будани ман шумо ҳастед...
– Наход? Ку бигӯ, чӣ гуна ман сабаб шудам?
– Рӯзе Собир хушҳол ба дарс омад, дар даст соати зебое дошт. Ӯ соаташро аз даст бароварду дар таги миз гузошт. Ман ҳамеша орзу мекардам, ки чунин соати зебо дошта бошам. Тоқатам тоқ шуду соати ӯро пинҳонӣ гирифта дар ҷайбам гузоштам.
Вақте Собир соаташро наёфт, ба назди шумо гирякунон рафту гуфт: “Касе соатамро дуздидааст”. Шумо ба сӯйи мо нигоҳ карда гуфтед: “Касе соати Собирро гирифтааст, хоҳиш мекунам баргардонад”. Ман худро нороҳат ҳис кардам, аммо намехостам соат аз дастам равад, аз ин рӯ барнагардондам. Шумо дари синфхонаро маҳкам бастеду хоҳиш кардед, ки ҳама аз ҷо хезем ва чашмонамонро пӯшем, соатро пайдо мекунем. Мо аз ҷо хеста чашмонамонро пӯшидем. Шумо ба ҷайби ҳар кадоми мо даст халондед. Вақте соатро аз ҷайби ман ёфтед, ҷустуҷӯро давом дода, ҷайби дигаронро низ кофтед. Баъд гуфтед: “Акнун метавонед чашматонро кушоед”. Соатро ба соҳибаш баргардондеду дигар дар бораи ин моҷаро чизе нагуфтед. Он рӯз шумо маро дар назди ҳамсинфонам шарманда накардед. Нагуфтед, ки ман дузд, дурӯғгӯй ва бачаи бетарбия ҳастам.
Ин амали хуби шумо боис шуду ман ҳам касби омӯзгориро интихоб намудам.
Ҳар ду лаҳзае хомӯш монданд. Баъдан ҷавон аз устодаш пурсид:
– Вақте шумо маро дидед, он моҷаро ба ёд наомад?
Устод ҷавоб дод:
– Вақте ҷайбҳои шумоёнро мекофтам, чашмони ман низ пӯшида буданд...
Самариддин САМАДӢ.