ИНТИХОБИ МУНОСИБҲО – БО ХОҲИШИ МАРДУМ

Аз рӯзҳои аввали истиқлолият дар ҷумҳуриамон ба масъалаи ташаккулёбии сохтори маҳалла, ки самти асосии мақомоти худидоракунии шаҳрвандон мебошад, эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Дар таърихи давлатдорӣ мавҳуми «маҳалла» маротибаи аввал ба конститутсияи мо дохил карда шуд ва мавқеи он дар идоракунии давлат муайян гардид. Институти наздиктарини халқ ин маҳалла мебошад. Ободу зебо намудани мамлакат, фаровонии ҳаёти халқ, даставвал ба осоиштагӣ ва ободии маҳалла вобаста аст. Дар чаҳорчӯбаи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 моҳи ноябри соли 2018 таҳрири нави қонун «Дар бораи интихоби раисон (оқсақолон)-и ҷамоати шаҳрвандон» қабул карда шуд.
Мувофиқи он раисон ба муддати се сол интихоб мешаванд ва интихоботи мазкур аз 1 май то 20 майи соли ҷорӣ идома меёбад. 
Дар интихобот аз ноҳияи Олмазори пойтахт 58 нафар раис (оқсақол)-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо интихоб карда мешаванд.
– Номзадҳо аввало бояд шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бошанд, дорои маълумоти олӣ, беш аз 5 сол муқими маҳалла, соҳиби қобилияти ташкилотчигӣ, таҷрибаи зиёди ҳаёт, соҳибкор, пурдида ва дар байни мардум обрӯву эътибори баланд дошта бошанд, – гуфт ҳамсуҳбати мо роҳбари маркази тарғиботу маънавияти ноҳияи Олмазор Муаззам Алибоева.
– Дар суҳбату ҷамъомадҳо, ки дар маҳалла ва ҳудудҳои ноҳия баргузор мегарданд, аввало оид ба қонун «Дар бораи тайёрӣ дидан ва гузарондани интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоати шаҳрвандон» дохил шудани баъзе дигаргунӣ ва иловаҳо маълумот дода мешавад. Бархе аз иштирокдорон номзадиро аз намояндагони ҷавон бештар интихоб карданро тавсия намоянд, дигаре таклиф мекунанд, ки номзад соҳиби таҷрибаи ҳаёт ва пурдида бошад, мувофиқи мақсад мебошад. Дар ҷараёни интихобот ба хешу таборӣ роҳ дода намешавад, бояд шаффоф ва бо хоҳиши мардум интихоб шаванд.
Дар ноҳияи Олмазор чорабиниҳои интихоботӣ аллакай оғоз ёфтаанд. То ҳоли ҳозир дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои Мойариқ, Мискин, Хончорбоғ, Бӯстонобод, Исломота, Гузарбошӣ, Хислат, Ғалаба, Олтинсой, Қӯштут, Чиғатой... интихоби раисон (оқсақолон) ботартиб гузаронда шуд. 

Ориф ҶУМЪАЕВ.   
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: