ИНТИХОБОТ БА ТАЪМИНСОЗИИ ҚАДРИ ИНСОН ХИДМАТ МЕКУНАНД

Мардуми Ӯзбекистон туфайли истиқлол ба манбаи ҳокимияти давлатӣ, соҳиби ягонаи он табдил ёфтанд.

Алҳол барои халқи Ӯзбекистон, ки иштирокдори фаъоли ҷомеаи ҷаҳон гардидааст, баҳри аз тариқи интихобот ҳамаҷониба ба амал татбиқ сохтани ҳуқуқи соҳиби ҳокимияти давлатӣ будани худ тамоми шароитҳои зарурии ҳуқуқиву ташкилӣ мавҷуданд. Зеро халқ аз тариқи интихобот ҳокимияти давлатиро ташаккул медиҳад, ояндаи ҷамъиятро мушаххас менамояд. 
Бинобар қарори ҷамъомади Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон аз 26 июл Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон эълон кард, ки интихоботи Шӯрои депутатҳои маҳаллӣ таҳти шиори «Интихоби ман – Ватани обод» 27 октябри соли 2024-ум гузаронида шавад. Тӯли солҳои истиқлол қонунгузории интихоботӣ дар ҷумҳурӣ ба тарзи муттасил такмил ёфт, амалиёти ташкил кардани интихобот ва гузаронидани он пеш рафт, фаъолнокии ҷараёни равшанкунии интихобот дар расонаҳои ахбори оммавӣ афзуд. Баробари ин халқи мо дар интихоботи Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллӣ, ҳамчунин интихоботи Президент фаъолона иштирок карданд, дорои таҷрибаи бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқӣ гардиданд.
Дар интихоботе, ки солҳои охир дар Ӯзбекистон бинобар шароити ошкоро ва рӯшодбаёнӣ, мувофиқи меъёрҳои байналхалқии ҳуқуқ баргузор мешаванд, фаъолнокии иҷтимоиву сиёсии халқамон, афзудани обрӯву эътибор ва нуфузи ҳизбҳои сиёсӣ, идораҳои шаҳрвандӣ эҳсос мегарданд, онҳо намоиши ба худ хоси натиҷаҳои амалии дигаргуниҳои демократӣ ва ислоҳоте мебошанд, ки дар асоси  ҳаётамон муттасил татбиқ мешаванд. 
Халқи мо ҳуқуқҳои мустақили худро дар асоси Сарқонуни Ӯзбекистон дар таҳрири нав ва ҳуҷҷати ягонаи ҳуқуқӣ, ки қонунҳои доир ба интихоботро муҷҷассам менамоянд, яъне дар асоси Кодекси интихобот ба ҳаёт татбиқ месозад, аз тариқи намояндагони озодона интихобшудааш дар идораи мамлакат иштирок мекунад. Ӯзбекистон ба сифати давлати узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо «ҳуқуқи дар идораи мамлакат бевосита ё худ аз тариқи намояндагон дар ҷараёни интихоботи ҳалол интихобшуда иштирок кардаашонро эҳтиром менамояд». (Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои байналхалқии САҲА). 
Қонунгузории интихоботи мо ба равандҳои умумӣ ва ягонае, ки бояд тамоми иштирокдорони ҷараёни интихобот тибқи он амал кунанд, яъне ба ҳуқуқи умумӣ, баробар, бевосита интихоб шудан такя карда, ҳуқуқи интихоботи шаҳрвандон, ифодаи озодонаи иродаи онҳо, ба амал татбиқ ёфтани манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқи ҳифзи онҳоро таъмин менамояд. 
Бартарии қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва амалиёти он аз қонунгузориҳои интихоботии як қатор давлатҳо дар он мебошад, ки комиссияҳои марказӣ ва ҳудудии интихобот; комиссияҳои интихоботии ноҳия ва шаҳрҳо; комиссияҳои интихоботии ҳавзаҳои оид ба гузаронидани интихобот дар шӯроҳои  депутатҳои халқии вилоятҳо ва шаҳри Тошканд; комиссияҳои интихоботии қитъаҳоро ташкил мекунад ва баргузор менамояд. 
Дар Ӯзбекистон танҳо ҳизбҳои сиёсӣ дорои ҳуқуқи пешниҳод кардани номзадҳо ба депутатӣ мебошанд. Дар қонунгузории интихобот мустаҳкам карда шудани ин меъёр, агар аз як ҷониб муқобилнокии интихоботро таъмин созад, аз ҷониби дигар имконияти интихоби номзади муносибро фароҳам меоварад. Ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон панҷ ҳизби сиёсӣ, яъне Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон, Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон, Ҳизби демократии «Миллий тикланиш», Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ва Ҳизби экологӣ дар интихобот иштирок мекунанд.  
Боз як ҷиҳати ба худ хоси интихобот дар Ӯзбекистон ин таъмин гардидани ҳуқуқи  иштироки мушоҳидони ҳам маҳаллӣ ва ҳам байналхалқӣ дар тамоми зинаҳои маъракаи интихобот ба шумор меравад. Дар баъзе давлатҳо бошад, мушоҳидон танҳо рӯзи овоздиҳӣ ширкат меварзанд. 
Дар кишвари мо барои ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба депутатӣ шароитҳои мусовӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботӣ бобати равшан кардани интихоботи Ӯзбекистон марказҳои матбуоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ташкил карда мешаванд, дар онҳо намояндагони воситаҳои ахбори оммавии маҳаллӣ ва хориҷӣ метавонанд иштирок кунанд. 
Агар ба ҷиҳатҳои ба худ хоси интихоботи соли ҷорӣ таваққуф намоем, бояд гуфт, ки моҳи декабри соли 2023-юм ба Кодекси интихобот дигаргунӣ ва иловаҳо ворид карда шуданд, он усули низоми интихобот ва моҳияти онро куллан тағйир дод. Дар ҳуҷҷати мазкур, пеш аз ҳама, дар Палатаи қонунгузорӣ тартиби нави гузаронидани интихоботи омехта, яъне низоми интихоботи мажоритар-пропортсионал муайян карда шуд. Минбаъд аз 150 нафар депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ ҳафтоду панҷ нафарашон бинобар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб карда мешаванд; ҳафтоду панҷ нафари дигар мувофиқи ҳавзаи ягонаи интихобот мувофиқи овозҳое, ки ба ҳизбҳои сиёсӣ ба тариқи мутаносиб дода шудаанд, дар асоси рӯйхати ҳизб интихоб мешаванд. 
Ҳамчунин мувофиқи навгонӣ, агар ҳафт ва фоизи аз он зиёди овози ба интихоб иштироккардагонро як ҳизби сиёсӣ ба даст оварда бошад, ҷойи депутатҳо дар байни ҳизби дуюми сиёсие, ки соҳиби овози зиёд гардидааст, тақсим карда мешавад. Ғайр аз ин, бинобар дигаргуниҳо ҳадди ақалл панҷ нафар депутати Палати қонунгузорӣ ҳуқуқ доранд фраксия ташкил диҳанд (дар собиқа миқдори онҳо нуҳ нафар буд). 
Комиссияи марказии интихоботӣ (КМИ); комиссияҳои интихоботии ҳудудӣ; комиссияҳои интихоботии ноҳия ва шаҳрҳо; комиссияҳои интихоботии ҳавзаҳои шӯроҳои депутатҳои халқии оид ба гузаронидани интихобот дар ҳавзаҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд; комиссияҳои интихоботи минтақавӣ ба низоми комиссияҳои интихоботӣ дохил мешаванд (Моддаи 11-уми Кодекси интихобот). 
Миқдори аъзои Комиссияи марказии интихоботӣ низ аз 15 ба 9 нафар кам карда шуд. Баробари ин раиси он мувофиқи пешниҳоди Президенти Ӯзбекистон интихоб карда мешавад. Ғайр аз ин,  ӯ наметавонад дар ин вазифа пайи ҳам беш аз ду бор интихоб карда шавад, ҳамчунин ақаллан як нафари узви Комиссияи марказии интихоботӣ бояд аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон бошад. 
Миқдори бонувон бинобар ҳавзаҳои интихоботи якмандатӣ, ҳамчунин дар асоси рӯйхати ҳизб ҳадди ақалл бояд чил фоизи (пештар 30 фоиз буд) номзадҳои аз ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳодшударо ташкил диҳад, ки низ навгонии ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Ин маънои онро дорад, ки аз панҷ нафар номзади пешниҳодкардаи ҳизб бояд ду нафар занон бошанд. 
Хулоса, интихоботи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, Шӯрои депутатҳои маҳаллӣ дар Ӯзбекистон мувофиқи меъёрҳои байналхалқии интихоботӣ ва талаботи қонунгузории миллӣ ташкил карда мешаванд. Мақсади асосии интихобот таъмин сохтани ҳуқуқи конститутсионии интихобкунӣ ва интихобшавии шаҳрвандон ба шумор меравад. Вазифаи асосии интихобкунандагон бошад, иштироки фаъол дар интихобот, овоздиҳӣ ба номзади муносиб ба депутатӣ, барномаи пешазинтихоботии ҳизбҳо ва номзадҳои онҳо, ташаккул додани мақомоти ҳокимияти давлатиест, ки ба пешрафти ҷамъият хидмат хоҳад кард.

Амонулло МУҲАММАДҶОНОВ, доктори фанҳои ҳуқуқшиносӣ, 
профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд.                

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: