ИНТИХОБОТ ДАР ПОЯИ ТАМОЮЛҲОИ ДЕМОКРАТӢ, РӮҲИ НАВ БАРГУЗОР МЕШАВАНД

Ӯзбекистон дар арафаи ҷараёни бузурги сиёсӣ – интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва депутатҳои Кенгашҳои маҳаллӣ қарор дорад. Интихобот барои ба амал татбиқ намудани ислоҳотҳои демократие, ки дар кишвар татбиқ мегарданд, вазифаҳои барномавие, ки дар ояндаи наздик ва дур пешрафти стратегиро муайян мекунанд, аҳамияти махсус дорад.

Комиссияи марказии интихоботӣ дар маҷлисаш, ки ҳафтаи гузашта баргузор гардид, 22 декабри соли 2019-умро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзи интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва депутатҳои Кенгашҳои маҳаллӣ муайян кард. Эълон шуд, ки маъракаи интихобот аз 20 сентябр оғоз меёбад.
Интихоботе, ки 22 декабр баргузор мегардад, аз интихоботи аввала куллан фарқ хоҳад кард. Пеш аз ҳама, мувофиқи  қоидаҳои конститутсиявӣ ва меъёрҳои байналхалқии интихобот навшавии таркиби мақомоти ваколатдори ҳокимияти қонунбарори Ӯзбекистон ва ҳокимияти давлатии маҳаллӣ дар асоси раванди даврӣ таъмин карда мешавад.
Ба тарзи нав ташкил гардидани интихобот, пеш аз ҳама, аз боло рафтани шуури сиёсиву ҳуқуқӣ ва маданияти шаҳрвандон, сониян, гуногунрангӣ касб кардани барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ, ба ҳаллу фасли муаммоҳои муҳими ҳаёти ҷамъият ва давлат нигаронида шудани онҳо, сеюм, ба маънои пурраи сухан ҳамчун «ҳокимияти чаҳорум» мақоми худро пайдо кардани расонаҳои ахбори оммавӣ, аз ҳама муҳимаш, дар пешрафти тамоми соҳаҳои мамлакат ба омилҳои ошкорбаёнӣ, рӯшодӣ эътибори зиёд дода шудан вобаста мебошад.
Дар Ӯзбекистон, ки ба давраи нави тараққиёти худ қадам гузошт, барои интихоб кардани депутатҳои парлумони нав ва Шӯроҳои намояндагони халқи нави маҳаллӣ маъракаи интихоботӣ дар рӯҳи нав оғоз ёфт. Интихоботи соли равон бино бар панҷ самти муҳиму устувори пешрафти мамлакат, ки дар Стратегияи амалиёт ифода гардидаанд, боз як ифодаи равшани дарамал татбиқ гардидани ғояҳои пешқадами демократӣ хоҳад шуд. Баробари ин интихоботи мазкур ҷузви узвии ислоҳотест, ки дар тамоми соҳаҳои Ӯзбекистон, аз ҷумла самтҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ, маънавиву маърифатӣ васеъ ва бо суръати баланд татбиқ мешаванд.
Ин сиёсати муттасил ва босубот, ки давлати мо татбиқ менамояд, самараҳои баланди худро медиҳанд. Ҷомеаи ҷаҳон нуфузи торафт баландшудаистодаи Ӯзбекистонро васеъ эътироф карда, бо кишварамон ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро вусъат медиҳанд. Дар ҳаёти ҷамъияти мо тамоюлҳои бисёрҳизбӣ, чандандешии сиёсӣ, гуногунрангии афкор, рӯшодиву ошкорбаёнӣ, кушодадилӣ торафт мустаҳкам мешаванд.
Махсус бояд таъкид кард, ки 25 июни соли 2019-ум, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расидани Қонун бобати ба амал татбиқ намудани Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, маънавиву маърифии мамлакатамон воқеаи бузург гардид.
Соли равон интихобот ба парлумони мамлакат ва депутатҳои халқии Кенгашҳои маҳаллӣ бори аввал дар пояи Кодекси нави интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузарад ва дар интихобот бори аввал панҷ ҳизби сиёсӣ ҳуқуқ доранд номзадҳои худро пешбарӣ кунанд. Инҳо – Ҳизби демократии «Миллий тикланиш», Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон, Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон, Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ва Ҳизби экологии Ӯзбекистон мебошанд.
Тайёрӣ ба интихобот дар замони торафт вусъат пайдо кардани ҷараёнҳои демократикунонии ҷамъият, боло рафтани фаъолнокии иҷтимоиву сиёсии шаҳрвандон, афзудани нақши ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷамоатҳои шаҳрвандон, ҳамчунин бозсозии низоми интихоботи мамлакат сурат мегирад. Дар ин кор ҳамкорӣ бо созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ, ИДМ, бахусус идораҳои демократӣ ва бюрои ҳуқуқҳои инсони САҲА самараҳои худро медиҳанд.
Интихоботи имсола дар Ӯзбекистон дар пояи равандҳои интихоботи байналхалқии аз ҷониби умум эътирофшуда – гуногунрангӣ, баробарӣ, озодӣ, адолатнокӣ, хуфиёна, рӯшод ва ҳисобдорӣ баргузор мегарданд. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як овоз ба инобат гирифта мешавад ва ҳар як шаҳрванд барои ташаккул ёфтани мақомоти ваколатдори ҳокимияти давлатӣ бевосита иштирок мекунад, ҳар як интихобкунанда соҳиби як овоз мебошад. Ин боз маънои онро дорад, ки дар интихоботи Ӯзбекистон ошкороӣ, рӯшодӣ ва шаффофият дар амал васеъ таъмин карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки аз комиссияҳои интихоботии қитъаҳо то Комиссияи марказии интихоботӣ – комиссияҳои тамоми дараҷаҳои интихобот кори худро дар асоси равандҳои олитарини демократӣ татбиқ менамоянд.
Барои ин дар Ӯзбекистон тамоми  асосҳои ҳуқуқӣ ва имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд: меъёрҳо ва усулҳои асосии байналхалқии интихобот, ки аз ҷониби умум эътироф шудаанд, ҳам қонунгузории миллии интихоботии имплентатсияшуда, ҳам таҷрибаи миллии чандинсолаи баргузоркунии интихобот, ҳам технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ, ҳам кадрҳои соҳибтахассус мавҷуданд. Аз ҳама муҳимаш, садоқати бузурги роҳбарияти Ӯзбекистон ба анъанаҳои миллӣ ва ғояҳои замонавии демократӣ, иродаи мустаҳками сиёсӣ мавҷуд мебошад. Дар ҷамъият муҳит ва тамоилҳои демократии иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, маънавиву маърифатӣ мустаҳкам қарор ёфтааст. 
Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва комиссияҳои интихоботии тамоми дараҷаҳои дигар дар ҷараёни тайёрӣ ва баргузории интихобот кори худро дар пояи тамоюлҳои рӯшодӣ, ошкорбаёнӣ ва шаффофият ташкил мекунанд. Мисоли равшани он – рӯзи оғози маъракаи интихобот ба кор сар кардани Маркази байналхалқии матбуоти Комиссияи марказии интихоботӣ, ки бо восита ва технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ таъмин шудааст, ба шумор меравад. Дар маросими кушоиши марказ аъзоёни комиссияҳои гуногундараҷаи интихоботӣ, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагони расонаҳои ахбори оммавии мамлакат ва хориҷӣ, вакилони идораҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ иштирок карданд. Бояд таъкид намуд, ки бахшҳои ҳудудии Маркази байналхалқии матбуот низ кори худро оғоз карданд. Онҳо низ бо технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Дар онҳо низ журналистон, олимон ва мутахассисони коршинос фаъолият доранд, ки дар соҳаи интихобот дорои таҷрибаи бузург мебошанд. Вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ, мушоҳидон, аз ҷумла мушоҳидони байналхалқӣ, интихобкунандагони оддӣ – ҳар кас метавонад аз тариқи Маркази байналхалқии матбуот аз колл-маркази шабонарӯз фаъоли он нафақат дар бораи ҷараёнҳои интихобот, балки дар бораи тараққиёти кунунӣ, таърих ва истиқболи мамлакати мо маълумот пайдо кунад, ба саволҳояш ҷавоб ёбад.
Дар ин маврид мехоҳам дар бораи чӣ гуна ба роҳ монда шудани тайёрӣ ба интихоботи пешистодаи кишвар мухтасар таваққуф намоям. Пеш аз ҳама, қонунҳои соҳаи интихобот ба шакли як ҳуҷҷати ягона дароварда шуданд, Кодекси ҳамаҷониба пухта, ихчам ва ягонаи интихобот коркард шуд, ки ба меъёр ва стандартҳои байналхалқӣ ҷавоб дода метавонад. Лоиҳаи баъд аз муҳокимаи батафсили ҷомеаи васеъ, бо иштироки коршиносони миллӣ ва байналхалқӣ муҳокимашуда, аз ҷониби парлумони мамлакат қабул гардид. Кодекси интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 18 боб ва 103 модда иборат мебошад.
Боз як навгонии муҳим – ба сохтори интихоботи миллии Ӯзбекистон Сохтори ахбори идораи ҷараёни интихобот (САИҶИ) ва Рӯйхати ягонаи электронии интихобкунандагон (РЯЭИ) ҷорӣ карда мешавад. Корҳои тайёркунии кадрҳо оид ба мақомоти интихобот ва бозомӯзонии онҳо низ мувофиқи талаби замон такмил меёбанд. Ин низоми ахборот ба сифати таҷрибаи ҳуқуқӣ моҳи декабри соли 2017-ум дар шаҳри Тошканд аз санҷиши депутатҳои Шӯроҳои халқии ноҳия гузашта, аз ҷониби коршиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ баҳои баланд гирифта буд.
Мувофиқи барномаи тадбирҳои асосии тайёрӣ ба интихоботи депутатҳои Олий Маҷлис, депутатҳои халқии Шӯроҳои вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо, ки дар моҳи декабри соли 2019-ум баргузор мегардад, бо қарори Комиссияи марказии интихоботӣ аз 27 майи соли 2019-ум корҳое, ки ба зиёд кардани дониш ва таҷрибаи аъзои комиссияҳои тамоми дараҷаҳои интихобот нигаронида шудаанд, дар 8 давра мувофиқи услуби «каскад», яъне аз боло ба поён, ба тарзи мукаммалшавӣ ташкил мегарданд, ки зикри он бамаврид мебошад. Зеро, дар ҷараёни ташкил кардан ва баргузор намудани интихобот пайваста ва васеъ таълим додан ба фаъолони интихобот дар таърихи мамлакати мо бори аввал ба роҳ монда шуд. Дар интихоботи имсола ба роҳ мондани кори беш аз 16 ҳазор ҳавзаҳои интихоботӣ ва қитъаҳои интихоботӣ пешбинӣ шудаанд.  То имрӯз 70 нафар мураббии ҷумҳурӣ ва дар ҳудудҳо 748 нафар мураббиёни ноҳиявӣ ташаккул дода шуданд. То имрӯз аз ҷониби ин мураббиён қариб 51 ҳазор нафар раисони комиссияҳои интихоботӣ, муовинон ва котибони онҳо таълим гирифтанд. Бинобар ташкил ва баргузор кардани интихобот дар машварат-тренингҳо ҷамъ тақрибан 170 ҳазор нафар аъзои комиссияҳои интихоботӣ дониш ва таҷрибаи худро зиёд мекунанд.
Ҳоли ҳозир барои истифодаи босуръати аъзои комиссияҳои интихоботӣ иловаи мобилии махсуси «Интихобот-2019» коркард шуд ва бо маълумотҳои зарурӣ пурра гардид. Инчунин шабакаи махсуси мессенҷерии Телеграм-бот амал мекунад.
Бобати мувофиқи Кодекси интихобот ташкил кардан ва баргузор намудани интихобот таҳияи   ҳуҷҷатҳои нави меъёриву ҳуқуқӣ, регламенту низомҳо ва қабул кардани онҳо самтҳои муҳимтарини кори Комиссияи марказии интихоботӣ ба шумор меравад. То оғози маъракаи интихоботӣ дар ин бобат беш аз даҳ ҳуҷҷат қабул карда шуд.
Барои зиёд кардани ҷараёни фаъолнокии овоздиҳии шаҳрвандони имконияташон маҳдуд тамоми чораҳо андешида мешаванд, ки яке аз ҷиҳатҳои шоистаи эътибори махсуси интихоботи имсола мебошад. Ҷойи ҷойгиршавии  комиссияи интихоботии қитъа барои ба ҷойи овоздиҳии интихобкунандагони ногиро, рафтуомади онҳо, аз ҷумла рафтуомадашон бо нақлиёт, даромаду баромадашон, ҳаракати онҳо дар дохили бино, барои озодона ва бемонеа овоздиҳии онҳо ҳамаҷониба мусоид (роҳравҳои қиётекс ё худ сохторҳои махсус, кабинаҳои махсус) буданашон, тайёр кардан ва паҳн кардани маводи ташвиқотии чопӣ, намоишномавӣ, аудиовизуалӣ ва ғайраи ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба депутатӣ, ба аз тариқи вохӯриҳо бо интихобкунандагон ба эҳтиёҷи интихобкунандагоне, ки ногиро мебошанд, (забони имову ишора, навиштаҷоти субтитр, алифбои Брайн) эътибор дода шудааст.
Корҳои вобаста ба тайёриву баргузории интихобот ба парлумони мамлакат ва Шӯроҳои маҳаллӣ, аз ҷумла, ҷараёни овоздиҳии интихобкунандагон ба интихоботро ҳизбҳои сиёсии мамлакат, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, созмонҳои байналхалқӣ ва вакилони давлатҳои хориҷӣ, журналистон, аз ҷумла журналистони хориҷӣ – ҳазорҳо нафар одамон бевосита мушоҳида мекунанд.
Ҳангоме ки сухан аз хусуси мушоҳидони созмонҳои байналхалқӣ меравад, зикри як рақам зарур мебошад. Агар дар интихоботи пешинаи парлумон аз идораҳои демократии САҲА ва бюрои оид ба ҳуқуқҳои инсон ҳайати маҳдуди онҳо – тақрибан сӣ нафар мушоҳид иштирок карда бошанд, дар интихоботи имсола тақрибан сад нафар вакилони бюро ба сифати мушоҳид ширкат хоҳанд кард. Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ ҳайати ин гурӯҳ аз 30 нафар мушоҳиди дарозмуҳлат ва 250 нафар мушоҳиди кӯтоҳмуддат иборат мешавад. Агар назорати давраҳои гуногуни ҷараёни интихобот дар ҳудудҳо вазифаи мушоҳидони дарозмуҳлат бошад, назорати дар ноҳияҳо овоздиҳии интихобкунандагон вазифаи мушоҳидони кӯтоҳмуддат мебошад.
Интихобот ҳамеша санҷиши ба худ хосест. Он ҳам барои мамлакат, ҳам барои интихобкунанда ва интихобшаванда, ҳам барои ташкилотҳои баргузоркунандаи он, ҳам барои журналистон имтихони махсус мебошад. Зеро, тавре ки роҳбари давлати мо таъкид кард, дар ҷараёни интихобот пеш аз ҳама ҷаҳонбинӣ, маданияти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, мавқеи шаҳрвандии мо бори дигар падидор мегардад.

Мирзо-Улуғбек АБДУСАЛОМОВ,
Раиси Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: