ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ВА ШАФФОФ ГУЗАШТ

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Комиссияи минтақавии интихоботии вилоят дар интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ 2 миллиону 229 ҳазору 469 нафар интихобкунандагон сабти ном шуданд. Аз ин шумор пеш аз муҳлат 219 ҳазору 455 нафар ба тарафдории номзадҳои дилхоҳи худ овоз доданд. Теъдоди умумии ҷавононе, ки бори аввал дар интихобот ширкат намуданд, 41 ҳазору 460 нафарро ташкил кард.

Соати 8-и субҳи рӯзи якшанбе дар 1 210 қитъаи интихоботии шаҳру ноҳия-ҳои вилоят суруди миллӣ – яке аз рамзҳои асосии истиқлолияти кишвари маҳбуб ва мояи ифтихору ватандории ҳар шаҳрванди мо баланд садо дод. Сонӣ маъракаи овоздиҳӣ оғоз ёфт ва интихобкунандагон яке аз паси дигар барои анҷоми қарзи шаҳрвандии худ вориди қитъаҳои интихоботӣ шуданд. Ин маъракаи сиёсӣ таҳти шиори «Интихоби ман – кишвари ободи ман» сурат гирифт.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Комиссияи минтақавии интихоботии вилоят дар интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ 2 миллиону 229 ҳазору 469 нафар интихобкунандагон сабти ном шуданд. Аз ин шумор пеш аз муҳлат 219 ҳазору 455 нафар ба тарафдории номзадҳои дилхоҳи худ овоз доданд. Теъдоди умумии ҷавононе, ки бори аввал дар интихобот ширкат намуданд, 41 ҳазору 460 нафарро ташкил кард.

Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров ба ҳавзаи интихоботии 88-уми Фарғона ҳозир шуд ва ба тарафдории номзади арзандаи худ овоз дод. Дар ин ҳавзаи интихоботӣ 2 ҳазору 754 нафар интихобкунанда сабти ном шуда, 37 нафари онҳоро ҷавононе ташкил мекарданд, ки бори аввал ба назди қуттиҳои раъйдиҳӣ ҳозир шудаанд.

– Ман дар Донишгоҳи давлатии Фарғона таҳсил мекунам. Ду моҳ пеш синни ҳаждаҳро пур кардам. Бори аввал аст, ки дар чунин маъракаи барои кишварамон ва мардуми он муҳим ширкат намудам. Эҳсосоти аҷиб ва ифтихору ғурур ҷисму ҷони маро фаро гирифта буд. Ман қарзи шаҳрвандиамро бо камоли майл ва сарбаландӣ адо кардам ва барои ояндаи худ овоз додам, – мегӯяд Шерзод Маҳмудов ном интихобкунанда.

Ногуфта намонад, ки як гурӯҳ мӯйсафедон аз ҳар кӯчаву хиёбони маҳалла худро ба қитъаҳои интихоботӣ мерасониданд ва шурӯъ ба овоздиҳӣ мекарданд. Чеҳраи ҳамаашон нурборон гардидаву дар фазои шодиву нишот ин амали хайру некро ба фарҷом мерасониданд. Ғайр аз ин, кормандони комиссияи интихоботӣ аз ҳар ҳавза ба ҳавлиҳое сафарбар карда шуданд, ки барои солхӯрдагон шароити овоздиҳиро фароҳам оваранд. Аз ҷумла, сокини 129 солаи ноҳияи Бувайдаи вилоят момои Ҳувайдо Умарова аз ҳамин гуна имконият истифода кардааст ва дар маъракаи раъйдиҳӣ ширкат намудааст.

Раванди интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллиро як гурӯҳ нозирони байналмилалӣ низ назорат карданд. Онҳо аз шароите, ки дар ҳавзаҳои раъйдиҳӣ фароҳам оварда шудааст, қаноат ҳосил намуданд. Яке аз ин нозирон Сенатори парлумони Миср, сардабири рӯзномаи «Аш-Шурук» Имодуддин Ҳасан Аҳмад Муҳаммад мебошад.

– Ман аз ташриф ба вилояти Фарғона хеле ифтихор мекунам. Зеро он сарзамини Аҳмади Фарғонӣ барин олим ва донишманди бузург мебошад. Бемуҳобот, ин шахсият дар пешрафту тараққиёти кишвари ман – Миср низ саҳми сазовори худро гузоштааст, – гуфт Имодуддин Ҳасан Аҳмад Муҳаммад.

Вай афзуд, ки дар ҷараёни ин сафар аз ҳавзаи интихоботии 256-и шаҳри Марғелон боздид намуд. Ба таъкиди ӯ дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол равандҳои демократӣ сол аз сол рушд менамоянд ва ин боиси эътироф мебошад. Вай боз тазаккур дод, ки мизони баланди иштироки интихобкунандагон ин гуфтаҳои ӯро хеле хуб собит кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: