ИНТИХОБОТ ДАР ТОҶИКИСТОН

дар Тошканд низ овоз доданд

дар Тошканд низ овоз доданд

Якшанбеи гузашта ба палатаи поёнӣ – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихобот баргузор гардид, ки дар он ҳафт ҳизби сиёсӣ ва худпешбарикардагон барои 63 мандати депутатӣ мубориза бурданд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, инчунин дар шаҳри Тошканд дар сафоратхона участкаи интихоботии ҳавзаи №3-ро марбут ба ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъсис додааст.
– Алҳол дар Ӯзбекистон 2896 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд, ки онҳо дар вилоятҳои гуногунанд, – мегӯяд сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ. – Барои онҳо омада, овоз додан дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурии худ бефарқ набудани ин шаҳрвандонро ифода менамояд.
Ҷараёни интихобот дар сафоратхона низ муташаккилона тамоми рӯз идома дошт ва ходимону мутасаддиёни он андармони ин маъракаи сиёсӣ буданд.
– Ҳашт моҳ аст, ки бо тақозои вазифа дар Тошканд ҳастам, – мегӯяд мушовири корхонаи муштараки «Каспиан – Тош» Муқимҷон Аббосов. – Омадам, ки қарзи шаҳрвандии худро адо кунам. Ҳатто дар берун аз кишвар ба ҳаёти сиёсии ватан бефарқ буда наметавонам. Манро шароит ва тартиби коре, ки дар сафорат бинобар интихобот ба вуҷуд оварда шудааст, хушҳол кард, ки дар ин ҷо ҳама маълумотро роҷеъ ба интихобот пайдо кардан мумкин буд. 
Тавре ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон намудааст, аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби аграрӣ 16,50 фоиз, ба тарафдории Ҳизби демократӣ 5,10 фоиз, ба ҷонибдории Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 16,61 фоиз, ба тарафдории Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 3,11 фоиз, барои Ҳизби сотсиалистӣ 5,15 фоиз, ба ҷонибдории Ҳизби сотсиал-демократӣ 0,32 фоиз ва ниҳоят ба тарафдории Ҳизби халқии демократии ҷумҳурӣ 50,40 фоиз овоз додаанд. 
Тавре ки раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода иброз доштааст, дар ин маъракаи сиёсӣ қариб 4 миллиону 246 ҳазор нафар интихобкунанда иштирок намудааст, ки ин 86,4 фоизи шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.
Ғайр аз ин 41 нафар вакилон аз ҳавзаҳои якмандатӣ низ интихоб гардидаанд.
Тибқи муқаррароти қонунгузории ҷумҳурӣ намояндагони 6 ҳизби сиёсӣ вакилони Маҷлиси намояндагон интихоб гардидаанд.

Т. ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: