Он рӯз кишвари маҳбубамон қабои идона дар бар дошт.
Он рӯз кишвари маҳбубамон қабои идона дар бар дошт. Дар чеҳраи пиру барнои деҳа, меҳри меҳани азиз ҳувайдо буд. Пагоҳии барвақт ҳама ба ҷониби манзиле, ки шаст рӯз пеш, барои интихобот муайян карда буданд, раҳсипор мешуданд. Вақте ки вориди мактаби рақами 38-и ноҳияи Сариосиё мешудем, гулу гулзор ва арчаҳои бо як санъати зебо ородода, диққати ҳамаро ба худ ҷалб менамуд. Ин аз масъулияти хуб ва таҷрибаи зиёд доштани раиси интихобот Бадриддин Мирзоев далолат медод.
Пагоҳии рӯзи бисту чоруми октябр, соати ҳашт, бо садо додани суруди миллӣ, ба интихоботе, ки тақдири кишвар ҳаллу фасл мешуд, ҳусни оғоз бахшиданд. Дар назди дари даромадгоҳ зиёда аз сад нафар пирони барнодил, собиқадорони меҳнат ва модарону хоҳарон ҷамъ омада буданд. Аз чеҳраҳои ҳама шодию сурур ҳувайдо буд. Баъди шунидани суруди миллӣ, раиси ҷавону роҳи кордон, тадбиркори ботаҷриба Бадриддин Мирзоев ҳозиринро ба ин санаи муборак, ба ин рӯзи таърихӣ, ки тақдири кишвари маҳбубамон ҳал мешавад, хуш омадед гуфта, собиқадорони меҳнат, собиқ раиси хоҷагии ҷамоавии ба номи Охунбобоев Абдураҳмонака Раҳмонов ва собиқ омӯзгори ботаҷрибаи мактаби мазкур ҳоҷибобо Ӯрунбой Бобокалоновро даъват намуд, ки бо як дуои хайр интихоботро оғоз намоянд. Ин иқдоми неки ҳайати комиссияи ҳавзаи интихоботии рақами 742- юмро назоратчиёну мушоҳидакорони хориҷӣ ва вакилони ҳизбҳои сиёсӣ хеле хуб пазируфтанд. Дар назди даромадгоҳ сенздаҳ нафар аъзоёни ҳайати интихобот қоидаҳои санитариро риоя намуда, ба кор оғоз намуданд. Ҳамин тавр, интихобот бо як тартибу интизом, шаффоф ва одилона идома ёфт.
Қитъаи интихоботии рақами 742- юм, яке аз калонтарин ҳавзаҳои интихоботии ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё ба ҳисоб меравад, ки он зиёда аз 2355-то интихобкунанда дошт. Аз инҳо 55- нафарашон шахсони бистарӣ буданд, ки баъди зуҳр бо супориши раиси интихобот, бо ду нафар аъзо ба хонаҳои эшон ташриф оварданд. Онҳо низ аз ин иқдоми неки аъзоёни интихобот қаноатманд буданд.
Аъзои комиссияи интихоботии қитъавӣ вазифадор буданд, ки кӯча ба кӯча гашта, маъракаи рӯйихатгирии аҳолиро гузаронанд. Арӯсонеро, ки нав ба ин маҳалла омадаанд, муайян кунанд ва иштироки онҳоро дар рӯзи интихобот низ таъмин намоянд. Ин супориш низ бечуну чаро иҷро шуда буд. Имрӯз он чор нафар арӯс бори аввал дар ин интихобот иштирок карданд. Аъзоён иштироки 112- нафар шахсони то рӯзи интихобот ҳаждаҳсолашударо низ таъмин намуданд.
Хулоса, қитъаи интихоботии рақами 742- юм ин маъракаи муҳим, яъне интихоби Президенти кишварро бо як шукӯҳ ба итмом расониданд. Мо аминем, ки ин мардуми ватандӯсту хештаншинос, шахси арзандаи хешро барои сарварии давлати абарқудрати Ӯзбекистони маҳбуб интихоб намуданд...
Саодат САНГИНОВА,
муовини раиси комиссияи қитъавии интихобот.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.