ИНТИХОБОТ ОШКОРОВУ ФАЪОЛОНА ГУЗАШТ

Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Кокулон”-и шаҳри Қувасой интихоботи раиси маҳалла баргузор гардид.

Он бар асоси Қонун “Дар бораи интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоатҳои шаҳрвандон”дар бинои мактаби рақами 8 баргузор гардид. 
Ҳамон рӯз саҳни бинои мактаб идона оро ёфта буд. Ҳама ҷо тозаву озода. Дар як тарафи даромадгоҳи мактаб барои истироҳати солхӯрдагон кати махсус омода кардаанд. Ходимони тиббиёт низ хилъати сафед ба бар дар хидмати интихобкунандагон қарор доштанд. Ду мошини сабукрав барои интиқоли интихобкунандагони синнашон бузург хидмат мекард.  Хуллас, манзара ба чашм идона менамуд.
– Дар интихоботи имрӯза 286 нафар интихобкунанда  ба тарафдории се нафар номзадҳои пешниҳодшуда овоз хоҳанд дод. Шахси ба мақоми раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла интихобшуда аз роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ба муддати се сол интихоб мешавад. Солҳои муқаддам ин муддат дуним сол муқаррар шуда буд, – гуфт узви гурӯҳи кории баргузории ҳавзаи интихоботӣ Муҳсинҷон Меҳмонов. 
Тавре ки мавсуф илова кард, дар интихоботи кунунӣ тартиби интихоби мушовирони раисони маҳалла низ бекор гардидааст. Ба гуфтаи ӯ тамоми талоши худро ба харҷ хоҳанд дод, ки интихобот шаффофу демократӣ баргузор шавад ва мардуми маҳалла низ аз он розӣ бошанд.
Баъд  овоздиҳии пинҳонӣ ба вуқӯъ пайваст. Интихобкунандагон ба назди қуттиҳои раъйдиҳӣ ҳозир шуда, ба тарафдории номзади дилхоҳи худ овоз доданд. Натиҷаи раъйдиҳӣ маълум кард, ки ба тарафдории Солиҷон Ашӯров 54 фоизи раъйдиҳандагони маҳалла мусбат овоз додаанд ва вай раиси ҷамоати шаҳрвандон интихоб гардид.  
– Ин боварии мардуми маҳалларо албатта бароварда хоҳам сохт. Дар айни ҳол аз баъзе расму ойинҳои зиёдатӣ сарфи назар хоҳем кард, ки хоси мардуми мо нестанд. Ҳамчунин барои ободу зебо гардонидани маҳалла, камхарҷ шудани маросимҳо низ камари ҳиммат хоҳам баст, – мегӯяд раиси навинтихобшудаи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Камолон” Солиҷон Ашӯров.
Ёдовар мешавем, ки дар тасарруфи шаҳри Қувасой 30 ҷамоати шаҳрвандон фаъолият мекунад. Дар айни ҳол дар ҷамоатҳои дигари шаҳр низ интихоботи раисон (оқсақолон)-и маҳаллаҳо идома дорад.

Файзулло ИБРОҲИМОВ.
Вилояти ФАРҒОНА. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: