ИНТИХОБОТ ШАФФОФ ВА БИДУНИ ҚОНУНШИКАНИҲО

Дар ҳоле, ки 22-юми декабр интихобкунандагон дар тамоми ҳавзаҳои интихоботӣ ба назди қуттиҳо ҳозир шуда, ба тарафдории номзадҳои дилхоҳи худ овоз медоданд, ин ҷараён дар мамлакат бори аввал аз тарафи кормандони идораҳои ҳуқуқ ва тартибот низ таҳти назорат қарор гирифта буд.

Онҳо шахсони алоҳида ё роҳбаронеро, ки ба раванди интихобот таъсир гузоштанӣ мешуданд ва ё барои бештар овоз гирифтани номзадҳои худ аз қоидаву тартиботи ғайриқонунӣ истифода мекарданд, мавриди огоҳӣ қарор медоданд.
Ёдовар мешавем, ки ин матлаб аз ҷараёни нишастҳои хабарӣ ва брифингҳое гуфта шуданд, ки  дар  Маркази байналмилалии матбуоти Комиссияи марказии интихобот  пиёда шуданд ва дар он роҳбарон ва ходимони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Додгоҳи олӣ ва идораву ниҳодҳои гуногуни давлатӣ ширкат карданд. Ба гуфтаи онҳо раванди интихобот, шикояту муроҷиатҳои интихобкунандагон ва амсоли он ба таври фаврӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва дар бартараф кардани камбудиҳои ҷараёни овоздиҳӣ ҷиддан иқдом намуданд.
Нахуст раиси Комиссияи марказии интихобот Мирзоулуғбек Абдусаломов дар баробари хабарнигорон брифинг баргузор намуд ва доир ба шурӯи маъракаи овоздиҳӣ, ширкати фаъоли интихобкунандагон маълумоти мухтасар дод.
Ба гуфтаи ӯ дар интихоботи Олий Маҷлис ва депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ дар дохил ва хориҷи кишварамон 20 миллиону 495 ҳазору 457 нафар ба феҳристи электронӣ шомил карда шуданд, ки аз ин шумор 18 миллиону 797 ҳазору 810 нафар, яъне бештар аз 91 дарсади раъйдиҳандагон дар дохил ва 1 миллиону 797 ҳазору 647 нафар ё бештар аз 8 фоиз  дар хориҷ ба назди қуттиҳои раъйдиҳӣ ҳозир шуда, барои номзадҳои худ овоз медиҳанд.
Мирзоулуғбек Абдусаломов тазаккур дод, ки дар қадами аввал онҳое огоҳ карда шуданд, ки дар даст ду-се шиноснома доштанд ва мехостанд, ки ба ҷои дигарон ҳам овоз диҳанд. Ҳамчунин, баъзе тарғибгарон низ ба қайд гирифта шуданд, ки ғайриқонунӣ дар назди ҳавзаҳои интихоботӣ ва берун аз он барои номзадҳои алоҳида тарғибот мебурданд. Ин камбудиҳо низ саривақт бартараф карда шуданд.
Дар пайи раиси КМИ барои хабарнигорон вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон Пӯлод Бобоҷонов   нишасти матбуотӣ баргузор кард. Вай гуфт, ки барои дар фазои суботу амн баргузор шудани интихобот тамоми чораҳои амниятӣ пиёда шудаанд. 
– Дар ҷараёни интихобот барои таъмини амну субот 53 ҳазор кормандони идораҳои ҳуқуқ ва тартибот ҷалб гардидаанд. Танҳо барои таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт 600 нозир бо экипажҳои хидматӣ дар роҳҳо назорат мебаранд, – изҳор кард Пӯлод Бобоҷонов. 
Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Илҳом Неъматов эълон кард, ки   аз 12 то 18 декабр 89 ҳазору 807 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон дар хориҷи кишвар пеш аз муддат ба тарафдории номзадҳои худ овоз доданд. 
Худоёр Неъматов, мудири котибияти Комиссияи марказии интихобот низ ба хабарнигорон роҷеъ ба раванди овоздиҳӣ дар саросари Ӯзбекистон маълумоти мухтасар дод. Ба гуфтаи ӯ тавре ки дар ягон кишвари олам интихобот куллан бидуни қонунвайронкуниҳо намегузаранд, Ӯзбекистон низ аз ин раванд дар канор нест. Аммо бо чунин фаъолияте, ки ҳоло аз тарафи КМИ сурат мегирад, эътимод ҳосил шудааст, ки интихоботи кунунӣ аз интихоботҳои қаблӣ куллан фарқ хоҳанд кард.
Додситони кулл Неъматулло Йӯлдошев зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ба унвони Додситони кулл 65 адад арзу шикоят  омадааст. Ба гуфтаи ӯ, аксари ин арзу шикоятҳо дар бораи ҳаминанд, ки баъзе номзадҳо ба ин мақом лоиқ нестанд ва ё баъзе ҳокимони маҳалҳо мехоҳанд ба раванди интихобот таъсир гузоранд. 
– Ҳамаи ин арзу шикоятҳо аз тарафи ниҳодҳои маҳаллии мо омӯхта шудаву ба шикояткунандагон посухи лозимаро ироа кардаанд, – иброз дошт Неъматулло Йӯлдошев.
Вай афзуд, ки аз натиҷаҳои ҳамаи масъалаҳои марбут ба интихобот, ки ба сифати арзу шикоят ва ё муроҷиат ба унвони Додситони кул расидааст, баъд аз анҷоми интихобот дар нишасти хабарӣ ошкоро ва кушоду равшан маълумот ироа карда  хоҳад шуд.  
Ногуфта намонад, ки дар кишварамон бори нахуст Прокурори генералӣ, вазири корҳои дохилӣ, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ, раиси Додгоҳи олӣ ва амсоли онҳо дар нишастҳои хабарии мустақим ширкат мекунанд ва онҳо дар хусуси раванди интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва вакилони мардумии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо маълумоти возеҳу равшан ироа  мекунанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: