ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ МУВОФИҚИ МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ТАШКИЛ КАРДА ХОҲАД ШУД

Шавқу рағбати доираҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва коршиносии мамлакатҳои хориҷӣ ба Ӯзбекистон, рушди муназзами он, равандҳои демократӣ, аз он ҷумла ба интихоботи парлумонии оянда бемайлон меафзояд.

Фикру ақида ва баҳои намояндагони давлатҳои хориҷӣ, ки онҳо пешрафти бузурги рушди ҷамъиятиву сиёсии мамлакатро қайд менамоянд, аз ин далолат медиҳанд. 
Абдулҳадӣ ал-Аҷмӣ, декани факултети таърихи Донишгоҳи Кувайт, профессор, доктори илмҳои таърих:
– Мо ба дигаргунсозиҳои васеъмиқёсе, ки таҳри роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев татбиқ мегарданд, баҳои баланд медиҳем. Ислоҳоти мазкури муттасили демократӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ хусусияти низомнок ва мутақобила дорад. 
Комёбиҳои соҳаи сохтмони ҷамъиятиву сиёсӣ, ҳамкорӣ байни шохаҳои ҳокимият, инчунин қадамҳои қатъӣ бинобар навсозии иқтисодиёт, таълим, нигаҳдории тандурустӣ, маданият, илм ва дигар соҳаҳо дар дараҷаи зиндагӣ ва баланд гардидани некӯҳолии халқ возеҳу равшан инъикос меёбад. 
Интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯроҳои намояндагони халқи вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, ки 22 декабри соли ҷорӣ баргузор мегарданд, барои демократикунонии минъбадаи мамлакат аҳамияти муҳим дорад. Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки онҳо мувофиқи андозаҳои байналхалқӣ баргузор мегарданд. 
Таҳанӣ ал-Обайдлӣ, ҳуқуқшинос-мушовир, омӯзгори Академияи полиси ба номи Саъд ал-Абдуллоҳ ас-Сабои назди ВКД Кувайт:
– Чун мутахассиси ҳуқуқи байналхалқӣ, бароям ба сифати нозири байналхалқӣ иштирок намудан дар интихоботи парлумонии Ӯзбекистон  шарафи бузург аст. Мо хуб медонем, ки дар ҷумҳурӣ бинобар дар дараҷаи баланд гузарондани чорабинии мазкури сиёсӣ омодагии васеъ дида мешавад. Интизорӣ меравад, ки интихобот дар шароити васеъ гардондани ваколати парлумон ва демократикунонии минбаъдаи низоми интихоботӣ баргузор гардида, бо ин онҳо дар роҳи рушди демократии мамлакат зинаи муҳими навбатӣ хоҳад гардид. 
Алоҳида таъкид кардан мехоҳам, ки Ӯзбекистон ба таълим эътибори калон медиҳад. Соҳаи мазкур барои ояндаи бомуваффақияти мамлакат такягоҳи асосӣ ба ҳисоб меравад. Он чиз ҷолиби диққат аст, ки дар ҷумҳурӣ зина ба зина дар соҳаи таълим барномаҳои мақсаднок татбиқ гардида, пойгоҳи моддиву техникии тамоми дараҷаҳои муассисаҳои таълимӣ, ки ба ҷавонон имкони дониши амиқ гирифтанро фароҳам меоранд, мустаҳкам карда мешаванд. 

АА «Дунё», 
Ал-Кувайт.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: