ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ: МАЪРАКАИ ИНТИХОБОТ ОҒОЗ ЁФТ

23 июли соли 2021 ҷамъомади навбатии Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар рафти он як рӯйдоди бузурги сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз ёфт.

23 июли соли 2021 ҷамъомади навбатии Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар рафти он як рӯйдоди бузурги сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз ёфт.
Дар чорабинӣ роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагони институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ ширкат варзиданд. Қайд карда шуд, ки Комиссияи марказии интихоботӣ 24 октябри соли 2021-ро ҳамчун рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин кардааст. Ва маъракаи интихоботӣ 23 июли соли равон оғоз меёбад.
Интихоботи президентӣ мувофиқи тағйироте, ки 8 феврали соли ҷорӣ ба моддаи 117 Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда шуд, моҳи октябр баргузор мешавад.
Раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Зайниддин Низомхоҷаев таъкид кард, ки интихоботи президентӣ дар асоси қонунгузории нави миллии интихобот, мувофиқи стандартҳои байналмилалии эътирофшуда, инчунин принсипҳои демократӣ – рӯшод ва ошкоро баргузор мешавад.
Интихобот ба тасдиқи равшани ғояҳои демократии дар Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2017-2021 муайяншуда табдил гардид.
Дар тӯли панҷ соли охир пас аз интихоботи президентии 4 декабри соли 2016 дар ҳаёти мардум ва давлат, ҷомеа ва қонунгузории миллии интихобот тағйироти азим ба амал омаданд. Чӣ тавре ки созмонҳо ва коршиносони бонуфузи байналмилалӣ қайд карданд, дар ин давра барои баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар соҳаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ ислоҳоти муҳим гузаронида шуданд.
Дар интихоботе, ки бори аввал мувофиқи Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ ва стандартҳои байналмилалии интихобот интихоби роҳбари кишвар, яъне Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз рӯи принсипи даврӣ таъмин карда мешавад.
Ғайр аз ин, пас аз ба як адад зиёд шудани шумораи ҳизбҳои сиёсӣ, рақобати байниҳизбӣ ба таври назаррас афзоиш меёбад.
Дар ҷамъомад махсус қайд карда шуд, ки дар маъракаи интихоботӣ барои ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои онҳо муҳити рақобати солим ва шароити баробар фароҳам оварда мешавад. Аз болои кор оид ба омодагӣ ва гузаронидани интихоботи президентӣ, аз ҷумла, ҷараёни овоздиҳии интихобкунандагон ҳизбҳои сиёсие, ки номзадии худро пешбарӣ кардаанд, мақомоти худидоракунии шаҳрвандон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ, рӯзноманигорон, алалхусус, хориҷӣ  - ҳазорон нозирон назорат мекунанд.
Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ баргузор кардани интихоботи дарпешистода, дар асоси барномаи асосии чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 14 апрели соли равон тасдиқ шудааст, Комиссияи марказии интихобот якҷоя бо ташкилотҳо як қатор корҳоро анҷом дода истодааст.
Мувофиқи он, ҳамчун вазифаи муҳим – ба интихобкунандагон ва ташкилкунандагони интихобот расонидани моҳият ва аҳамияти интихоботи президентӣ, хусусан интихобот, Кодекси интихобот, тағйиру иловаҳо ба қонунгузории интихобот муайян шудааст. Ҷолиби диққат аст, ки чунин чорабиниҳо, ки пеш аз эълони маъракаи интихобот баргузор шуда буданд, миллионҳо шаҳрвандонро фаро гирифтанд.
Дар ҷамъомад бо мақсади таъмини саривақтӣ ва муассири меъёрҳои дар қонунгузории интихобот муайяншуда, нақшаи тақвимии баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ карда шуд.
Дар ҷадвали тақвимӣ вазифаҳои марҳила ба марҳила ва ҳаррӯза муайян карда шуданд, ки Комиссияи марказии интихобот якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ баргузор менамояд. Ин ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботӣ, таъмини иштироки пешазинтихоботии нозирон, ташкили рӯйхати ягонаи электронии интихобкунандагон, иштироки пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳои ба вазифаи  президентӣ пешбаришудаи онҳо  ва шахсони боэътимоди онҳо, маблағгузории маъракаи интихобот, таблиғоти интихоботӣ, инъикоси раванди интихобот, гузарондани овоздиҳӣ ва дигар корҳо мебошанд.
Комиссияи марказии интихоботӣ, инчунин комиссияҳои интихоботии ҳамаи сатҳҳо кори худро дар самти омодагӣ ва гузаронидани интихоботи президентӣ дар асоси принсипҳои қонуният, мустақилият, ростқавлӣ, ошкорбаёнӣ ва шаффофият ташкил мекунанд.
Дар ҷамъомад, бо ин мақсад дар бораи таъсиси Маркази матбуоти Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва филиалҳои минтақавии он қарор қабул, инчунин мавқеи марказ тасдиқ шуд. Дар маркази матбуот ҳафт гурӯҳи махсуси рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон, тарҷумонҳо, коршиносон ва мутахассисони дигар кор хоҳанд кард.
Маркази матбуоти Комиссияи марказии интихобот, ки фаъолияти худро дар бинои Қасри симпозиумҳо, Маркази маърифат дар суроғаи Тошканд, кӯчаи Навоӣ, 1 оғоз мекунад, инчунин идораҳои минтақавии он бо технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ таъмин карда мешаванд. Дар он ҷо брифингҳо, конфронсҳои матбуотӣ, вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳо бо мақсади таъмин намудани рӯзноманигорон ва мардум бо маълумоти фаврӣ дар бораи интихобот баргузор мешаванд.
Маркази матбуот пешбурди веб-портали «Saylov 2021»-и Комиссияи марказии интихобот ва инчунин дигар маъхазҳои иттилоотиро таъмин мекунад.
Дар охири ҷамъомад Комиссияи марказии интихобот барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ доир ба масъалаҳои баррасишуда нишасти матбуотӣ ва презентатсияҳо баргузор намуд.
 
Хидмати матбуоти Комиссияи марказии интихоботӣ

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: