ИҚДОМ БА ЭҲЁИ НАВ

Ғояи Президент Ш.Мирзиёев оид ба барпо намудани Ӯзбекистони Нав ва ташаккул додани Ренессанси сеюм ба ҳақиқати зиндагӣ табдил мегардад ва мардумро ба сӯйи мақсадҳои бузург ҳидоят мекунад.

Ғояи Президент Ш.Мирзиёев оид ба барпо намудани Ӯзбекистони Нав ва ташаккул додани Ренессанси сеюм ба ҳақиқати зиндагӣ табдил мегардад ва мардумро ба сӯйи мақсадҳои бузург ҳидоят мекунад.
Дар зинаҳои гуногуни тамаддуни инсоният ва таърихи тараққиёти баъзе давлат, миллат ва халқҳо дақиқа, рӯзҳо ва ҳодисаҳое будаанд, ки ҷараёни болоравии ҳаёти минбаъдаи онҳоро таъмин кардаанд.
Доктори улуми иқтисод, Иқтисоддони шоистаи Ӯзбекистон, сенатор Муртазо Раҳматов якҷо бо академик, доктори илмҳои биологӣ, профессор Баҳриддин Зарипов китоби «Ӯзбекистони Нав дар остонаи Ренессанси Сеюм»-ро аз чоп бароварданд, ки дар он бобати ду Ренессанси бузургро аз сар гузаронидани мардуми сарзамини мо ва ба рушди илму фанни дунё ҳиссаи бузург гузоштани мутафаккирони ин сарзамин, инчунин қадаме ҷониби Ренессанси Сеюм ниҳодан, комёбиҳои инқилобии зинаи нави рушди кишварамон, ислоҳоти пуршиддатеро, ки таҳти роҳбарии Президент амалӣ мешаванд, бо забони оммафаҳм тасвир намудаанд.
Дар Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ бахшида ба тақдимоти китоби номбурда ҷамъомад барпо гардид. Роҳбарони маркази мазкур, муассисаҳои таълими олии шаҳри Тошканд, олимон, намояндагони санъат ва ходимони ВАО ба ин чорабинӣ даъват шуданд. Нотиқон ва ба музокира баромадагон бобати бо забони содаву фаҳмо навишта шудани рисола, тағйирот ва навовариҳои солҳои охир, ислоҳоти мустақим бинобар барпо кардани Ӯзбекистони Нав ва ғайра сухан гуфтанд.
Муаллифон дар китоб бо далелҳои дақиқ ба Ренессанси Сеюм иқдом гузошта, татбиқи болоравии нав ва ба зинаи рушд расидани роҳи стратегии интихобкардаи Ӯзбекистони Нав – тамаддуни навро нишон додаанд. Ислоҳоте, ки дар тӯли панҷ соли охир дар ҳамаи соҳаҳо амалӣ шудаанд, ҳамчунин ғояҳои инсонпарваронаи Президент Шавкат Мирзиёев аз ҷониби сарварону экспертҳои мамолики дунё эътироф мегарданд. Аз ҷумла, олим, академик Эфроим Гурман, аз иёлати Ню-Йорк гуфтааст:
«Президент Шавкат Мирзиёев аз аввалин раҳбарони давлатҳои дунёест, ки ғояи инсонпарваронаи «Халқ дар оянда не, балки имрӯз бояд беҳтар зиндагӣ кунад»-ро пеш гузошт ва роҳи муваффақ шудан ба онро нишон дод».
– Яке аз алломаҳои Ренессанси аввал Абу Наср Форобӣ ҷамъиятро чунин тасвир намуда буд: «Вазифаи давлат хушбахту саодатманд кардани инсон аст. Ин вазифа танҳо тавассути илм ва ахлоқи ҳамида ба амал бароварда мешавад». 
Имрӯз дигаргуниҳое, ки дар кишвари мо дар соҳаҳои илму маърифат амалӣ мешаванд, гуфтаҳои алломаро тасдиқ менамоянд», – гуфт дар баромади худ муаллифи китоб Муртазо Раҳмонов. – Зеро дар Ӯзбекистон дар фурсати кӯтоҳ муҳити нави сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, илмию маърифатӣ ва маданӣ фароҳам оварда шуд.
Китоб барои оммаи васеъ пешбинӣ шуда, бо ҳамкории таҳририяти рӯзномаҳои «Халқ сӯзи» ва «Народное слово» дар матбааи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Zamin nashr» аз чоп баромадааст.

Г. КАБИРОВА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: