Ҳоло инсоният дар замоне, ки ҷаҳон зуд тағйир меёбад, ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ ба миён меоянд, дар масъалаи эътидол ва рушди устувори халқҳо таҳдиду хурӯҷҳои нав ба нав пеш меоянд, давраи дигаргуниҳои амиқи фундаменталиро аз сар мегузаронад.
Дар чунин шароит саъю ҳаракати давлатҳо бобати фароҳам овардани механизмҳои устувори ҳамкорӣ ҳолати табиист. Яке аз онҳо, бешубҳа, мулоқоти байни тамаддунҳо ба шумор рафта, он шарти муҳими сохтори ҷаҳони муътадил мебошад, ки ба амнияти мустаҳкам ва пешрафти баробар ва сулҳу салоҳ мусоидат мекунад, ки дар он кишварҳо ва халқҳо байни ҳам мулоқот мекунанд, аз якдигар меомӯзанд, мувофиқи он эътимод ва ҳусни эҳтироми тарафайни маданиятҳои мухталиф меафзояд, онҳо боэътидол инкишоф меёбанд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев борҳо таъкид кардааст, ки гарави асосии пешрафти бомуваффақияти ҳамкории байналхалқӣ – ин амиқсозии эътимоди тарафайни байни кишварҳо ва халқҳо мебошад. Эътимод бошад, тавре ки маълум аст, омили муҳими ҳусни тафоҳум дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷанба ба шумор меравад.
Маҳз барои ҳамин ҳам дар пояи навсозии сиёсати хориҷии Ӯзбекистон равандҳои ҳамкории қарини тарафайн бо давлатҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама бо кишварҳои ҳамсоя, ҳаллу фасли муштараки масъалаҳои рӯзмарра, муваффақ шудан ба рушди устувор, таъмин сохтани сулҳу салоҳ, эътидол ва амният дар минтақа гузошта шуданд.
Дар муҳлати кӯтоҳи гузашта Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ ба натиҷаҳои мусбат ноил гардид, сиёсати нави хориҷии роҳбарияти мамлакат бошад, вазъиятро дар Осиёи Марказӣ, бо ворид намудани ғояҳои конструктивӣ ба рӯзномаи ҷаҳон куллан тағйир дод.
Барои муваффақ шудан ба ҳадафҳои умумӣ, барои сулҳу салоҳ ва пешрафт, ҳамгироии осуда, амиқсозии ҳамкории минтақавӣ аз ҷониби Ӯзбекистон як қатор ташаббусҳои муҳим пеш гузошта шуданд, ки дар байни онҳо, ташкил кардани Маркази Созмони ҳамкории Шанхай – идораи мунтазам амалкунандаи дипломатии халқӣ ба мақсади кӯмакрасонӣ ба таҳкими эътимод ва ҳамсоягии нек, ҳамдилии байнимиллӣ ва байнидинӣ, рушди мулоқоти байни тамаддунҳо низ ҳаст. Ғояи мазкур бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳамоиши СҲШ, ки соли 2017-ум дар шаҳри Остона баргузор гардид, садо дод.
Бидуни шубҳа, баробари рушди робитаҳои расмӣ дар дараҷаи олӣ ва баланд, ҳоло ба роҳ мондани иртиботи бевоситаи байни одамон, созмонҳои ҷамъиятие, ки ба беҳтар кардани муносибатҳои тарафайн, ҳамкории муфид, хубтар дарк намудани фарҳанг, урфу одат ва махсусиятҳои ҳаёти шаҳрвандони кишварҳои мухталиф, яъне аз тариқи истифодаи механизмҳои дипломатияи халқӣ мусоидат менамоянд, аҳамияти махсус пайдо мекунанд.
Ҳамин тариқ, ғояи сарвари Ӯзбекистон дар бораи созмон додани Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар мамлакати мо бағоят рӯзмарра гардид ва аз ҷониби ҷомеа васеъ дастгирӣ пайдо кард. Ба мақсади амалан татбиқ намудани ин пешниҳод як қатор муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, фарҳанг, маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Кумитаи давлатӣ оид ба рушди сайёҳӣ, академияҳои улум ва бадеӣ, иттифоқҳои ҷавонон, журналистон ва нависандагон бо ташаббуси таъсис додани марказ ба сифати созмони ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ баромад карданд.
Ғояи созмон додани чунин як идора дар доираи СҲШ, тавре ки маълум мегардад, куллан ба ҳадаф ва вазифаҳои ин иттиҳодияи минтақавӣ ва раванди муҳимтарини фаъолияти он – «рӯҳи Шанхай», ки муҳтавои асосии он эътимод ва манфиати тарафайн, баробарҳуқуқӣ, машварати тарафайн, эҳтиром ва гуногунрангии маданиятҳо ва фарҳангҳо, саъю кӯшиш ба рушди муштарак ба шумор меравад, мусоидат мекунад.
Созмони ҳамкории Шанхай – ҳамсоли асри кунунӣ – низ дар чунин як давраи таърихии пешрафти инсоният, ки олам бо таҳдидҳои нав ба сулҳу эътидол рӯ ба рӯ шуд, ташаккул ёфт, вай бино бар моҳият ва миқёси худ ҷиҳати муассири трансмиллӣ ва байналхалқӣ дорад. Дар чунин шароит ташкил ёфтани СҲШ аз саъю кӯшиши кишварҳои мо барои созмон додани механизмҳои устувори ҳамкории тарафайн, соҳат барои мулоқоти мунтазами сиёсӣ ва ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дарак медиҳад. Ба тарзи дигар гӯем, СҲШ ҷавоби ҷамоавии халқҳои минтақаи васеъ ба таҳдидҳои замонавӣ буд ва чунин боқӣ мемонад.
Алҳол он санад ошкоро мегардад, ки дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ Созмони ҳамкории Шанхай ба сохтори муассири байналхалқие табдил ёфт, ки дар муносибатҳои байналхалқӣ нақши назаррас дорад. Умуман, бо иловаи давлатҳои аъзо, мушоҳидон ва шарикон оид ба мулоқот созмони мазкур ҳоли ҳозир 18 давлатро муттаҳид менамояд.
Дар замони кунунӣ ҳудуди СҲШ тақрибан чаҳоряк қисми майдони кураи заминро ишғол мекунад ва тақрибан нисфи аҳолии сайёраро муттаҳид месозад.
Бешубҳа, бо чунин иқтидори бузург, Созмони ҳамкории Шанхай дар ташаккул додани намуди нави муносибатҳои тарафайн дар минтақаи Авроосиё нақши муҳим мебозад ва аз ин нуқтаи назар истифодаи васеи механизмҳои дипломатияи халқӣ ҳоли ҳозир аҳамияти махсус пайдо мекунад. Зеро кишварҳои СҲШ-ро риштаҳои амиқи таърихӣ ба ҳам мепайванданд. Шоҳроҳи абрешим намунаи равшани он мебошад, ки дар тӯли асрҳо халқҳои минтақаи васеъро аз тариқи савдо, мубодилаи фарҳанг ва суннатҳои маънавӣ муттаҳид мекард ва асоси ҳамкории тарафайни байни давлатҳо ва миллатҳоро гузоштааст. Ҳақиқати ҷаҳони кунунӣ зарурияти қаробати халқҳо ва ба роҳ мондани ин ҷараёнҳои таърихиро тақозо менамояд.
Ҳар як кишвари узви СҲШ дорои таърих ва мероси ғановатманди маданӣ, урфу одатҳои бисёрасринаи халқҳои худ аст, ҳудуди онҳо бошад Шарқ ва Ғарбро ба ҳам мепайваст, ки ҷойгоҳи ба ҳам омехтани тамаддунҳои бузург буд, ки дар замонҳои қадимтарин илм ва маданият инкишоф меёфт.
Дар соҳати СҲШ олимон ва мутафаккирони бузурге, ки дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ, илм ва санъат саҳми бемисл гузоштаанд, зисту зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Асарҳои онҳо доир ба математика, физика, химия, нуҷумшиносӣ, этнография, тиб, таърих, адабиёт, ахлоқ, фалсафа то имрӯз сарвати маънавии тамоми инсоният ба шумор мераванд.
Ёдгориҳои таърихии меъморӣ дар кишварҳои СҲШ ҳоло миллионҳо нафар сайёҳони тамоми ҷаҳонро ҷалб менамоянд ва то ҳол иншооти мавриди омӯзиши доираҳои илмӣ ба шумор мераванд.
Мутаассифона, тамоми ин дониш ва дастовардҳо на ҳамеша ба оммаи васеи нафақат кишварҳои СҲШ, балки кулли ҷаҳон дастрас мебошанд.
Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон дар назди худ мақсад гузоштааст, ки ба амиқсозии минбаъдаи мулоқоти байни тамаддунҳо ва беш аз пеш қаробат пайдо кардани кишварҳои СҲШ ва халқҳои онҳо, мустаҳкам намудани рӯҳи эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек аз тариқи дарки тарафайни фарҳангҳо, урфу одат ва анъанаҳо, вусъат додани робитаҳои маданиву инсонпарварӣ, фароҳам овардани шароит барои истиқрори ҳамкории амалии байни идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ҷавонон ва бонувон, инчунин муассисаҳои маданиятшиносӣ, академӣ, таҳлилӣ ва маърифатии кишварҳои СҲШ, ташаккул додани захираҳои иттилоотӣ ва ҳамкории тарафайн бо расонаҳои ахбори оммавӣ кумак расонад.
Барои муваффақ шудан ба ин ҳадафҳо татбиқ намудани корҳои васеъмиқёси маърифатӣ аз тариқи татбиқсозии лоиҳаҳои муштарак ва баргузор кардани чорабиниҳои мухталиф ба нақша гирифта шудаанд.
Дар соҳаи маданиву инсонпарварӣ созмон додани чорабиниҳои муштарак (ҷашнвораҳо, бозорҳо, намоишгоҳҳо ва ғайра), аз ҷумла, самти фолклор, ҳунармандӣ ва эҷодиёти халқ, пешбурди ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангии Шоҳроҳи абрешим, ба роҳ мондан ва афзун кардани робитаҳо бино бар самти китобхонаҳо, осорхонаҳо, театрҳои мамолики СҲШ, баргузор намудани намоишгоҳи комёбиҳои илму техника ва инноватсионӣ, ҷашнвораҳои кино ва ғайра пешбинӣ шудаанд.
Намоишгоҳи расмҳои бачагона «Олам аз назари кӯдакон», ки дар он беш аз 700 асари муаллифони наврас аз ҳашт давлати узви Созмони ҳамкории Шанхай намоиш дода шуд, нахустин чорабинии марказ гардид.
Мақсади асосии намоишгоҳи расмҳои бачагона дар кӯдакон тарбия намудани эҳсоси ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан, ҳамчунин ошкор кардани истеъдодҳои наврас, дар онҳо баланд брдоштани рағбат ба санъати тасвирӣ, идроки тарафайн, ғанӣ гардонидан ва паҳн кардани маданиятҳо, таърихҳо, анъанаҳо ва суннатҳои мамолики СҲШ буд. Натиҷае, ки аз ин чорабинӣ пешбинӣ мегардад, ин дар наврасон аз бачагӣ бедор кардани эҳсоси эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангҳо ва тамаддунҳо, кушодадилӣ дар муносибат бо халқҳои дигар мебошад.
Идома додани намоиши расмҳои бачагона дар кишварҳои дигари Созмони ҳамкории Шанхай ҳоло аз ҷумлаи нақшаҳои марказ ба шумор меравад.
Раҳматулла НАЗАРОВ,
директори Маркази дипломатияи халқии Созмони ҳамкории Шанхай
дар Ӯзбекистон.
(ӮзА).