ИҚДОМИ НЕК

Ба наздикӣ тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ дар бораи аз корҳои саҳро ва ҳашар манъ кардани ходимони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва дигар идораҳои буҷавиро шунида, хеле хурсанд шудам.

Бо ин иқдоми неки сарвари давлатамон ба яке аз иллатҳои собиқ барҳам дода шуд.
Пӯшида нест, ки дар ноҳияҳо бештар хоста гирифтани номзадҳо ба вазифаи директори мактаб ба сифатҳои педагогиаш не, балки ба сифатҳои хоҷагидорӣ, ба итоаткориаш эътибор медиҳанд, ҳатто мепурсанд, ки номзад автомобили сабукрав дорад ё не (чунки ба маҷлисҳо расида омаданаш лозим).
Бисёр директорони мактабҳо, ки педагогҳои ҳақиқӣ буданд, барои аз иҷрои супоришҳои ҳокимони ноҳия дар корҳои саҳро лангиданашон, аз вазифа озод карда мешуданд.
Ёд дорам, як шиносамро, ки директори мактаби махсуси фанҳои васеъомӯзондашаванда буд, мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия таъин карданд ва баъди як сол бо хоҳиши худаш аз ин вазифа рафт. Вақте ки аз ӯ сабабашро пурсон шудам, гуфт: аз корҳои саҳро ва кӯча рӯбонидани муаллимҳо хаста шудам. Соли гузашта ҳам ходимони муассисаҳои буҷавиро ҳамчун сокинони маҳаллаҳо ба корҳои саҳро ҷалб шуда буданд. 
Акнун педагогҳои муҳтарам дар тарбия ва таълими насли наврас нисбат ба пешина дучанд бояд меҳнат намоянд. Ба худомӯзии худ бештар эътибор диҳанд, дарсҳоро пурмазмун, ба таври илмӣ, бо истифодаи воситаҳои замонавии ашёҳо гузаранд. Бояд ҳар як дарс ба мазмуни як китоби бадеӣ баробар шавад. Хонандаи мактаби имрӯза омӯзгори босаводу худомӯзу дорои ҷаҳонбинии илмӣ доштаро ҳурмат мекунад.

Назирҷон ЭРГАШЕВ,
деҳаи Варзики 
ноҳияи Чуст.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: