ИҚДОМИ НЕК ДАР РОҲИ ДӮСТӢ

Солҳое, ки ман мактабхон будам, ғайр аз деҳаҳои Варзик ва Варзигон, дар ҳамаи мактабҳои шаҳри Чуст, таълим бо забони тоҷикӣ буд.

Барои ҳамин ҳам хатмкунандагони мактабҳои таълимашон  тоҷикии ноҳия, бештар таълими олиро дар таълимгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом медоданд.
Баъди хатми мактаби рақами 2-юми шаҳри Чуст, бе ҳеҷ дудилагӣ ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон супурдам. Аз ҳамаи имтиҳонҳои қабул гузашта, аз сафи донишҷӯён ҷой гирифтам.
Пас аз хатми донишкада фаъолияти меҳнатиамро дар ҳамин донишкада идома дода ба аспирантура қабул шудам. Соли 1981 рисолаи номзадиамро ҳимоя кардам ва ба унвони номзади илмҳои техникӣ сазовор шудам. Сонитар фаъолияти меҳнатиамро дар Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти зироаткорӣ идома додам.
Дар фаъолияти меҳнатиам оид ба ривоҷи хоҷагии қишлоқ 120 мақолаи илмӣ, 3 китоби илмӣ, 9 навгонӣ барои механиконии хоҷагии қишлоқ ба табъ расонидам. Барои омода кардани ду нафар номзади илм, 25 нафар магистр ва садҳо нафар мутахассисони ҳоҷагии қишлоқи  Тоҷикистон саҳм гузоштам. 
Вақтҳои охир аз Тоҷикистон ба Чуст рафтан душвор буд. Вале мерафтам. Ҳар боре, ки ба зодгоҳам оям, дӯстони овони мактабхонӣ Рустамҷон Суропов, Муҳаммадҷон Холиқов, Неъматҷон Саидҷонов маро бо хурсандӣ пешвоз мегиранд.
Баҳори соли ҷорӣ ба саъю кӯшиши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои мустаҳкамшавии риштаҳои дӯстии халқҳо қадами аввалин гузошта шуд.
Ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон як воқеаи таърихӣ буд.
Шукри офаридгор, ки орзуи халқҳои ӯзбек ва тоҷик ҷомаи амал пӯшид. Акнун ман ҳам зуд-зуд ба зодгоҳ рафта, аз дидори бародарону хоҳарон, хешовандон ва дӯстони ҷониам баҳраманд мешавам.
Бигузор сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон дар роҳи дӯстӣ, барои боз ҳам мустаҳкам кардани дӯстии халқҳои ӯзбек ва тоҷик боз як иқдоми нек гардад.

Ҳабибҷон ҲАМИДҶОНОВ,
мудири шуъбаи иқтисодиёти хоҷагии об ва ходими калони Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: