ИҚДОМИ НЕКИ ВОЛИДОН

Чанде пеш дар мактаби таълими умумии рақами 9-уми деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё иди “Алифбо” бошукӯҳ таҷлил гардид.

Ба ҳамин муносибат падару модарони донишомӯзони мактаб ба иқдоми нек даст заданд. Дар якҷоягӣ нимпайкараи нобиғаи бузург, мутафаккири беҳамтои Шарқ, шоири машҳур, олими тавоно ва табиби ҷаҳонӣ Абӯалӣ Ибни Синоро, ки хеле кӯҳнаву таъмирталаб гардида буд, дубора бозсозӣ намуда, дар саҳни мактаб гузоштанд.
Боиси эътироф аст, ки истиқболи ҷашни “Алифбо” дар назди нимпайкара дар донишомӯзони хурдсол низ таассуроти хуб гузошт. Хурсандии омӯзгорон, хонандагон ва аҳли деҳа ҳадду канор надошт. Гӯё нимпайкара ба мактаб файзу таровати дигар оварда буд. Ҳозирин ба Ибни Сино эҳтиром ба ҷо оварданд.
Нотиқон дар бораи шуҳрати ҷаҳонии Сино, таърихи бунёди нимпайкара, саҳми ҷавонони ҳимматбаланди Дарбанд дар таъмиру тармими он, аҳамияти гузоштани пайкараҳо дар тарбияи насли ҷавон ҳарф заданд ва ба булбулакони боғи дониш дар ҷодаи таълим бурдбориҳо таманно намуда, ният карданд, то дар оянда аз байни онҳо ҳам чун Сино инсонҳои маъруфу машҳур, мутафаккирони бузург ба камол бирасанд.
Ёдовар мешавем, ки мактаби таълими умумии рақами 9 таърихи беш аз якасрина дошта, аз ибтидо то кунун раванди таълим бо забони тоҷикӣ сурат мегирад. Солҳои пеш ин боргоҳи таълимӣ, ки шоиру нависандагон, намояндагони пешқадами ҷомеаро ба камол расондааст, маҳз бо номи шоир ва табиб Абӯалӣ Ибни Сино номгузорӣ шуда буд. 

Фирдавс САФАРҚУЛОВ, 
донишҷӯйи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: