ИҚРОР

Бегоҳӣ аз кор бармегаштам.

Бегоҳӣ аз кор бармегаштам. Як сари қадам ба тарабхонаи наздикии манзилам сар халондам. Ягон-ягон мизоҷон бо нафарони наздики худ нишаста ғарқи суҳбат  буданд. Ба назди мизе расидам, ки холӣ буд. Нишаста омадани пешхидматро мунтазир гардидам. Ин ҳангом як нафар ҷавони 20-22-сола бо мӯйҳои дарозу хуб шоназадааш ба назди мизи ман ҳозир гардид ва одоби салом ба ҷо овард.
Ба саломаш посух додаму муддате ба андеша рафтам. Кӣ бошад ин ҷавон? Аммо ситорааш хеле гарм менамояд. Вай пас аз ҳолпурсии самимона каме ширакайфона лаб ба сухан кушод:
– Муаллимҷон, маро нашинохтед-а? Охир ман шогирди шумо-ку! Тақрибан даҳ сол пеш аз ин моро аз  забон ва адабиёти тоҷик дарс омӯзонидаед. Он замон ман китоб намехондам. Аниқтараш, вақте китобро ба даст мегирифтам, хобам меомад. Боре вазифаи супоридаатонро иҷро накарда будам. Хеле бадқаҳр гардида маро тарсакие зада будед...
– Ҳа, – гуфтам ману он лаҳзаҳо чун навори филми хотирмон пеши назарам намудор гардиданд.
– Муаллимҷон, кош он тарсакиатон борҳо такрор меёфт. Чунки имрӯзҳо ман дар кӯчаҳо сарсон монда, барои истеъмоли як пиёла шароб хор намегардидам, – гуфт он ҷавон бо нигоҳҳои ҳайратбор.
Маро қуввае такон доду аз ҷой хестам. Ин замон пешхидмат ҳам расида омад. Бо ӯ сабук салому алейк намуда оҳиста ба гӯшаш гуфтам:
– Ба ин шогирд аз ҳисоби ман хӯроку шароб бидеҳ!
Худ бошад аз шарм сурх шуда, ноаён аз тарабхона берун омадам.
Хеле ҳолати риққатовар!

Солеҳ МУҲАММАДҶОН. 
Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: