Дар боғи «Янги Ӯзбекистон» тантанаҳои идона ба муносибати 33-юмин солгарди истиқлолияти кишвари мо баргузор шуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев дар маросим бо маърӯза баромад кард ва халқи моро бо ин ҷашни бузург табрик намуд.
– Дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷоновар мо моҳияти бузургу таърихии дастоварди беназири худ – истиқлолияти миллиро амиқ дарк менамоем.
Маҳз ба шарофати истиқлол давлатдории миллии мо аз нав эҳё шуд.
Ӯзбекистон ба даврони нави таърихӣ қадам гузошт. Маҳз ба шарофати истиқлолият мо дар ҷомеаи ҷаҳон мавқеи сазовори худро дарёфтем. Ва бо ин ҳақ дорем, ифтихор кунем, – гуфт роҳбари давлати мо.
Таъкид шуд, ки дар ҳар кадом кор, дар ҳар як дастовард нирӯи бузурги истиқлолият равшан зуҳур меёбад, кишвари мо ба ҷаҳон рӯ меоварад, ҷаҳон барои мо боз мегардад.
Бинобар маълумоти Бунёди байналхалқии асъор соли 2023-юм маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат бори аввал аз 100 миллиард доллар гузаштааст. Бонки умумиҷаҳонӣ афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакатро дар соли равон ба 5,3 фоиз пешбинӣ менамояд.
Тамоми ислоҳот ба ғояи неки «Барои манфиат ва шаъну шарафи инсон, барои бахту саодати халқ!» амиқ омехтааст. Комёбиҳо дар соҳаи иқтисодиёт ба мо имкон доданд, ки миқдори нафақа ва кумакпулиро аз моҳи сентябр, музди меҳнати кормандони ташкилоти буҷавӣ, ходимони тиббӣ ва омӯзгоронро аз моҳи октябр зиёд кунем.
Корҳои мунтазам дар тамоми соҳаҳо натиҷаҳои худро медиҳанд. Ҷавонон ба рушди кишвари мо саҳми муносиб мегузоранд. Ин дар варзиш низ инъикос ёфт: дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж ҳамватанони мо ба комёбиҳои бузург ноил гардиданд. Алҳол пайи ҳам муждаҳои хурсандибахш аз Бозиҳои паралимпӣ мерасанд.
Президенти кишвари мо бори дигар варзишгаронро муборакбод кард ва изҳори бовар намуд, ки онҳо боз қуллаҳои баландтарро фатҳ мекунанд.
Муҳимияти сулҳу салоҳ дар замони мураккаб ва пурташвиши кунунӣ таъкид гардид.
– Бо вуҷуди мураккабиҳои ҳаёт мо ислоҳоти демократии худро мустақимона идома медиҳем, тамоми нерӯ ва имкониятҳои худро барои беҳбуди мардум, барои мустаҳкам кардани сулҳу салоҳ ва эътидол дар мамлакат сафарбар менамоем. Вале ҳифзи сулҳу салоҳ набояд танҳо кори хидматчиёни ҳарбӣ бошад. Ин вазифаи муқаддаси ҳамаи мо, ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон аст.
Ҳувияти бузургтарини мо сулҳу осоиш ва эътидол мебошад. Иқтидори кишвари мо дар ягонагии халқамон аст, – таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.
Кор бинобар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, ба роҳ мондани низоми таълими босифат қайд гардид. Таъкид шуд, ки ояндаи кишвари мо, татбиқ гардидани тамоми саъю кӯшишҳои неки мо аз дониш ва иқтидори ҷавонон вобаста мебошад.
Дар иқтисодиёт барои ҳама ҳуқуқҳои баробар таъмин карда мешаванд, мамлакати мо қисми ҷудонопазири соҳати байналхалқии савдо мегардад. Бобати таъмин сохтани аҳолӣ бо ҷойҳои сазовори корӣ мо ба соҳибкорон такя мекунем.
Ӯзбекистон алҳол дар сафи 40 кишвари бузургтарини олам бинобар шумораи аҳолӣ мақом пайдо кард. Зикр шуд, ки бо ислоҳот, меҳнат, дониш ва истеъдоди худ мо бояд ин рақамро ба иқтидори бузург табдил диҳем.
– Бо дарназардошти имкониятҳои маҳдудамон бобати баромадан ба баҳр, бояд ба соҳаҳои креативӣ эътибори зиёд дода шавад ва онҳо пайваста инкишоф ёбанд. Дар олам кишварҳое зиёданд, ки ҳар сол даромадҳои бисёрмиллиардинаро аз содироти маҳсулоти саноати креативӣ ба даст меоваранд. Бинобар ҳамин ҳам мо соҳибкорони ихтироъгар, ба хусус ҷавононеро, ки истеҳсоли чунин маҳсулотро ба роҳ мондаанд, ҳамаҷониба рағбатнок мекунем, – гуфт Президент.
Пешрафт худ аз худ ҳосил намегардад, вай туфайли саъю кӯшиш, фаъолнокӣ ва ҳамҷиҳатӣ ба даст меояд. Дар анҷоми суханронии худ Шавкат Мирзиёев аз ҷомеа даъват намуд, ки бо ин ғояҳо зисту зиндагӣ кунанд.
– Замони пуршиддат аз мо тақозо менамояд, ки дар назди худ мақсадҳои беш аз пеш баландтар гузорем. Вазифаи асосии болоинаи мо ин муваффақ шудан ба бунёди он давлати мустақил ва ҷомеаи озодест, ки бо нирӯ ва иқтидори худ бунёд кардем, то боз ҳам зебо ва ободтар гардад. Ин мақсади олӣ ба меҳнати хастанопазир муносиб аст. Ин он мақсади равшану пуршарафест, ки барои он месазад ҳаёти худро бахшид, – гуфт роҳбари давлати мо.
Сипас барномаи консерти ҷашнӣ баргузор шуд. Дар сурудҳо санъати ғанӣ ва суннатҳои халқи мо равшан ифода ёфтанд, дар баромади ҷамоаҳои фолклорӣ ҳамдилии байнимиллӣ ифода гардид. Консерт бевосита аз телевизион ва дар интернет намоиш дода шуд, вай ба ҳамватанони мо кайфияти идона бахшид.