ИҚТИДОРИ КОРХОНА МЕАФЗОЯД

Дар ҳокимияти ноҳияи Шофиркон ба мо гуфтанд, ки ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шофиркон экваториал текст» яке аз корхонаҳои назарраси ноҳия ба шумор рафта, он ҷо лоиҳаи нав дар арафаи татбиқ аст.

Сӯи ҷамоати  шаҳрвандони маҳаллаи «Бобур» раҳсипор гардидам.

Замоне ташкилкунанда ва роҳбари корхонаи номбурда Қиёмиддин Қӯлдошев буд. Ҳоло вай раиси маҳалла интихоб шудааст.
Вақте ба даромадгоҳи корхона расидам, ҷавоне рӯи ҳавлӣ суҳбати телефонӣ дошт. Як лаҳза ӯро интизор шудам. Ниҳоят баъди вохӯрӣ маълум шуд, ки вай директори ҳозираи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шофиркон экваториал текст» Исомиддин Шомуродов будааст. Ӯ аз мақсадам огоҳ гардид ва сардори сех Шерзод Латифовро водор намуд, ки маълумоти заруриро дастрасам намояд.
– Корхонаи мо соли 2009 ташкил ёфта, вазифаи он тайёр намудани либосҳои гуногун барои чор фасли сол аст, – ибтидо намуд вай.
– Дар ин ҷо курта, шалвор, нимтана, камзӯл, пиҷак, корҷома, либосҳои низомӣ ва ғайра дӯхта мешавад.
Корхона дар як баст кор мекунад ва  бештар аз 200 нафар корманд дорад. Аксарияти кормандон занон ва духтарон мебошанд. Қисми зиёди онҳо дар коллеҷҳо дар соҳаи дарздӯзӣ сабақ омӯхтаанд ва ҷавонон ҳастанд.
– Чӣ гуна шахсонро ба кор қабул мекунед?
– Онҳоеро, ки мутахассисанд ё аз дасташон кор меояд. Ба нав омадагон кор меомӯзонем.
– Маҳсулоти шуморо кӣ мегирад?
– Мувофиқи дархост ва шартнома корхонаҳои калони диллерҳо, дӯконҳо. Аз ҷумла вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мудофиа.
– Ҷуғрофияи эҳтиёҷмандони маҳсулоти шумо васеъ аст?
– Бале. Ҳамаи вилоятҳои ҷумҳуриамон, инчунин харидорон аз Русия ва Қазоқистон ба маҳсулоти мо талабгоранд.
– Дастгоҳҳоятон хориҷианд?
– Ҳа. «Brouder» ва «Juki». Онҳоро аз Ҷопон ва  Олмон овардаем.
– Дар корхона чӣ гуна сехҳо амал мекунанд?
– Сехҳои парчабурӣ, дӯзандагӣ, дарзмолкунию  зарфбандӣ. Шуъбаи тарроҳӣ низ дорем.
– Ба маҳсулот чӣ тавр нарх мегузоред?
– Нархгузорӣ мувофиқи талаб ва таклифи бозор сурат мегирад.
– Коргарон чӣ гуна музди кор мегиранд?
– Маоши коргарон мувофиқи самараи корашон ба ҳисоби миёна аз 500 ҳазор сӯм то як миллиону дусад ҳазор сӯмро ташкил мекунад.
– Барои коргарон чӣ гуна имкониятҳо фароҳам оварда шудааст?
– Чор автобус кормандонро (онҳо аз ҳамаи ҳудудҳои ноҳия) ба кор бурда меорад. Барои онҳо хӯроки нисфирӯзӣ ройгон дода мешавад.
– Нақшаҳоятон?
– Ба қарибӣ аз Бонки миллӣ ба андозаи беш аз 3 миллион доллари ИМА вом гирифтем. Ин имконият медиҳад, ки дар ҳудуди ноҳияи Вобканд корхонаи дигари дӯзандагиро (бо сехҳои шустан, хушконидан ва пардоздиҳӣ) ба кор дарорем. Бино аллакай тайёр аст. Мехоҳам, ки дастгоҳҳои замонавиро (бо технологияи нав) аз Туркия, Олмон, Чин, Италия оварда боз барои дусад нафари дигар ҷои кории нав муҳайё созем. Истеҳсоли маҳсулоти ҷинсро ба роҳ монда, онро содир намоем.
– Ин корхонаро кай ба кор даровардан мехоҳед? 
– Дар арафаи Соли нав.
– Даромади корхона хуб аст?
– Хуб аст, ки иқтидори он меафзояд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: