Иқтидори сайёҳии Ўзбекистон дар Туркия намоиш дода шуд

Дар доираи ҷаласаи Шӯрои ҳамкории стратегии сатҳи олии Ӯзбекистону Туркия таҳти мавзӯи «Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Ӯзбекистону Туркия дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ» конфронс баргузор гардид.

Дар маросими кушоиши конфронс муовини аввали Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшид Абдусаломов нутқ эрод намуда, таъкид кард, ки ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Ӯзбекистон ва Туркия яке аз самтҳои муҳимтарини рушди муносибатҳои иқтисодии ду давлати бародар, дар баробари тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, технологияҳои иттилоотӣ, сармоягузорӣ ва дигар бахшҳои дахлдор мебошад.

Ӯзбекистон барои тавсеаи ҷалби сайёҳони туркӣ талош дорад ва барои ин дар кишвар тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон ба иштирокчиёни конфронс дар бораи иқтидори сайёҳии кишварамон ва имкониятҳои аз ҷониби Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев дар соҳаи сайёҳӣ фароҳам овардашуда, ислоҳоти амалӣ ва дастовардҳо маълумот дода шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки пас аз татбиқи як қатор лоиҳаҳое, ки ба рушди соҳаи сайёҳии Ӯзбекистону Туркия, афзоиши гардиши сайёҳон ва даромади аҳолӣ, зиёд гардондани шумораи сайёҳон ва даромади аҳолӣ,  инчунин ҳамкории байниминтақавии байни ду мамлакат нигаронида шудаанд, дар самтҳои гуногуни соҳаи сайёҳӣ натиҷаҳои амалӣ ба даст овардан мумкин аст.

Дар поёни конфронс тақдимот баргузор шуда, наворе намоиш дода шуд, ки иқтидори сайёҳии кишвари моро нишон медиҳад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: