Ҷамъияти саҳҳомии Комбинати маъдани кӯҳии Олмалиқ аз корхонаҳои бузурги саноатии мамлакатамон маҳсуб меёбад.
Ҷамъияти саҳҳомии Комбинати маъдани кӯҳии Олмалиқ аз корхонаҳои бузурги саноатии мамлакатамон маҳсуб меёбад. Ин корхона якчанд намуди метали ранга истеҳсол менамояд. Дар байни кишварҳои ИДМ аз рӯйи истеҳсоли мис баъд аз Руссия ва Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол мекунад.
Иқтидори солонаи тавлиди мис 148 ҳазор тоннаро ташкил мекунад. Дар айни замон комбинат зиёда аз 18 намуди маҳсулоти пардохтпазир истеҳсол менамояд ва онро мо ба бист кишвари олам содир мекунем. Метавон гуфт, ки ин маҳсулот дар хориҷи кишвар харидорони зиёди худро дорад.
Ҳамчунин, маҳсулоти асосие, ки дар ин корхона тавлид мешавад, мис аст ва ин маъдан аз шумори металҳое дар олам муаррифӣ шудааст, ки раванди тараққиёти саноати ҷаҳонро пешгӯӣ мекунад, тағйирот дар рушди технологияи ин самтро нишон медиҳад.
Ба таври мисол, агар дар соли 2000-ум ба 15 миллион тонна миси тозашуда эҳтиёҷ пайдо шуда бошад, дар соли 2020 ин нишондиҳанда ба 23 миллион тонна боло рафт. Мутаносибан, нархи мис дар соли 2005 аз якуним то се ҳазор доллари амрикоӣ афзоиш ёфт. Имрӯз нархи он даҳ ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.
Тағйир ёфтани иқлим ва гармшавии глобалӣ эҳтиёҷро ба мис афзоиш медиҳад. Кишварҳои ҷаҳон ба оҳистагӣ истифодаи нафту ангиштро барои тавлиди нерӯи барқ коҳиш медиҳанд ва талабот ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия меафзояд. Ин чунин маъниро касб менамояд, ки дар соири кишварҳои олам ба мис бештар эҳтиёҷ пайдо мешавад.
Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки мис дар корхонаҳои автомобилбарорӣ хеле фаровон истифода мешавад. Мисол, агар барои тавлиди як мошини оддӣ аз 8 то 23 килограм мис корбаст шавад, дар ҷараёни истеҳсоли мошини барқӣ ё электромобил то 83 килограм истифода бурдани мис тақозо мегардад. Яъне агар симҳои мисии мошини барқиро ба дарозо кашанд, масофаи он тақрибан ду километрро ташкил мекунад.
Ана маҳз барои ҳамин ба ин намуди маҳсулоти Комбинати маъдани кӯҳии Олмалиқ талаб беш аз пеш меафзояд. Дарвоқеъ, ин талабот рӯ ба афзоиш аст ва дар чанд соли баъд нишондиҳандаи он то 20 дарсад боло хоҳад рафт.
Истеъмолгарони асосии маҳсулоти тавлиднамудаи корхонаи мо Ҳулланд, Туркия, Федератсияи Русия, Белорус, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Булғористон, Озарбойҷон, Украина, Лаҳистон, Индонезия, Афғонистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Имрӯз мо ҳаёти худро бидуни мис тасаввур карда наметавонем. Аз шумори истеъмолгарони умумӣ 50 дарсади маҳсулоти моро Ҷумҳурии Чин ворид мекунад. Ба воситаи роҳандозии тавлиди электромобилҳо имкон фароҳам меояд, ки боз 22 ҳазор нафар ба кор фаро хонда шаванд.
Ҷои тазаккур мебошад, ки дар семоҳаи аввали соли 2021 содироти маҳсулотро ба маблағи 177,5 миллион доллари ИМА барномарезӣ кардаем. Аз ин миқдори маҳсулоти тавлидкардаи корхона мис – 21,2 ҳазор тонна ёки муодули 132,9 миллион доллар, маҳсулоти руҳ – 13,75 ҳазор тонна ё муодули 34,4 миллион доллар, маҳсулоти сурб – 15 ҳазор тонна ё муодули 3,8 миллион доллар ва маҳсулоти боқимонда 6,4 миллион долларро ташкил мекунад. Натиҷагириҳо нишон медиҳанд, ки ин нақшаро мо 162 фоиз иҷро кардаем.
Ногуфта намонад, ки Комбинати маъдани кӯҳии Олмалиқ металҳои нодир ва гаронбаҳо низ содир мекунад. Аз ҷумла, молибден, рений, витриоли руҳ, кадмий, волфрам, палладий аз тарафи истеъмолгарони хориҷии ин корхона хеле хуб харидорӣ мешавад ва аз ин ҳисоб ҳаҷми содири маҳсулоти корхона афзоиш меёбад.
Бозорҳои асосии содиротии маҳсулоти мо Туркия ва Чин, кишварҳои ИДМ ва Аврупои Шарқӣ мебошад. Мо талош мекунем, ки домани бозорҳои хориҷии худро боз ҳам фарохтар ва теъдоди харидорони маҳсулоти худро афзоиш диҳем. Ҳоло бозорҳои Қатар, Австралия, Индонезия ва Лаҳистонро бо маҳсулоти худ таъмин намудаем. Бидуни муҳобот, дар ояндаи наздик бозорҳои Аморати Муттаҳидаи Араб ва Аврупои ҷанубиро фатҳ хоҳем кард.
Содири маҳсулоти тилло ва нуқраи корхонаи мо таърихи хоси худро дорад. Он тӯли сӣ сол аст, ки мақоми “Таъминоти беҳтарин”-ро касб намудааст ва аз тарафи Иттиҳодияи металҳои гаронбаҳои Лондон эътироф гардидааст. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик маҳсулоти миси корхонаи моро ин Иттиҳодия эътироф мекунад.
Дар баробари содироти металҳои ранга корхонаамон кайҳост, ки ба истеҳсоли семент пардохтааст ва аз ин ҳисоб ҳаҷми маҳсулоти содиротии худро боло бурдааст. Як қисми маҳсулот дар корхонаи мо, воқеъ дар ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё истеҳсол карда мешавад. Дар се моҳи аввал 28 ҳазор тонна сементро ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон содир намудем.
Соли равон корхона ба нақша гирифтааст, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти мисиро ба 85 ҳазор тонна ё муодули 481,3 миллион доллар, маҳсулоти руҳро ба 55 ҳазор тонна ё муодули 137,5 миллион доллар, маҳсулоти сурбро ба 108 ҳазор тонна ё муодули 27 миллион доллар ва маҳсулоти дигарро ба 88,7 миллион доллар расонад. Ин нақшаро ҳатман ба ҷо меорем ва дар боло рафтани тавоноии иқтисодии мамлакат боз бештар саҳми худро мегузорем.
Дар асоси барномаи давлатӣ барои коҳиши партобаҳо корхонаамон модернизатсия карда шуд. Барои ободонӣ 6 миллиард сӯм маблағ ихтисос ёфт. Мо аз ҳисоби даромадҳои корхонаамон барои фарзандони коргарон муассисаҳои томактабӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор додем. Аз аҳволи аъзои хонаводаи шахсоне ҳамеша хабар мегирем ва ба онҳо дасти кӯмак дароз мекунем, ки дар ҷараёни истеҳсолот ба ҳалокат расидаанд.
Ба осебдидагони Сардоба бо арзиши 2 миллиард сӯм кӯмак расонидем. Барои таъмини доруву дармон ба шахсони аз нигоҳи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд дастдарозӣ намудем. Дар давраи карантини пандемия 2 ҳазор сокини шаҳри Олмалиқ аз кӯмакҳои мухталифи мо бархурдор шуданд.
Нуктаи дигар низ қобили таваҷҷӯҳ мебошад, ки барои ҳар як коргар дар давраи пандемия 13 милллион сӯм маблағҳои иловагӣ сарф мешаванд. Онҳо дар осоишгоҳҳо ва профилакторияҳое саломатии худро барқарор месозанд, ки аз роҳи хусусӣ бунёд кардаем ва дар хидмати коргарони корхонаамон қарор додаем.
Дар Комбинати маъдани кӯҳии Олмалиқ ва бахшҳои он намояндагони миллатҳои гуногун кор мекунанд. Теъдоди умумии онҳо аз 37 ҳазор нафар мегузарад. Барои онҳо тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Теъдоде аз онҳоро мардуми тоҷиктабор ташкил медиҳад. Соли равон мо ба чанд адад рӯзномаи “Овози тоҷик” низ обуна шудем ва онро коргарони мо бо шавқу завқ мехонанд.
Умеда ҚАРШИБОЕВА,
масъули хидмати
ахбори Комбинати маъдани кӯҳии Олмалиқ.