Иқтисоди ҷаҳон бори аввал дар соли 2022 аз 100 триллион доллари ИМА мегузарад

Ҳаҷми иқтисоди ҷаҳонӣ бори аввал дар соли 2022, ду сол пештар аз пешгӯишуда аз 100 триллион доллар меафзояд. Дар ин бора агентии Reuters бо истинод ба гузориши Маркази таҳқиқоти иқтисодӣ ва тиҷорати Бритониё Cebr хабар медиҳад.

Бинобар иттилои маркази таҳлилии Лондон, ММД-и ҷаҳонӣ ба шарофати барқароршавии давомдор пас аз пандемия афзоиш хоҳад ёфт, гарчанде ки агар инфлятсия нигоҳ дошта шавад, ба сиёсатмадорон пешгирӣ аз бозгашт ба таназзули иқтисод душвор хоҳад буд.

Пешгӯӣ бо арзёбиҳои Фонди байналмилалии асъор мувофиқат менамояд, ки он ҳамчунин пешбинӣ мекунад, ки ММД дар ҷаҳон бо доллар ва нархҳои ҷорӣ чен карда мешавад, дар соли 2022 аз 100 триллион доллар зиёд хоҳад шуд.

Инчунин дар ҳуҷҷат қайд мекунанд, ки барои Чин каме бештар аз он вақт лозим аст, ки қаблан пешбинӣ шуда буд, ба сифати  пешсафӣ оид ба рушди иқтисодӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пеш гузарад.

"Чин дар соли 2030 аз рӯи пешгӯии гузориши соли гузашта ду сол дертар бинобар ифодаи доллар ба пешқадами иқтисодёти ҷаҳон табдил хоҳад ёфт", - менависад нашр.

Бо вуҷуди ин, Cebr қайд кард, ки Ҳиндустон ба назар мерасад, то ки мавқеи шушуми худро оид ба бузургии иқтисодиёт дар ҷаҳон  барқарор кунад, соли оянда аз Фаронса ва сипас дар соли 2023 Бритониёи Кабир пеш хоҳад гузашт.

Гузориш инчунин нишон дод, ки Олмон дар роҳи пеш гузаштан аз Ҷопон  бинобар ҳаҷми  тавлиди иқтисодӣ дар соли 2033 қарор дорад. Русия метавонад то соли 2036 ба даҳгонаи иқтисодҳои беҳтарин ворид шавад ва Индонезия ният дорад, ки дар соли 2034 ҷои 9-умро ишғол кунад, хабар медиҳад “Uzreport”.  

"Масъалаи муҳим барои солҳои 2020 ин аст, ки иқтисодҳои ҷаҳонӣ бо инфлятсия, ки ҳоло дар ИМА 6,8% расидааст, чӣ гуна мубориза мебаранд" -- гуфт ноиби раиси ширкати Cebr Дуглас Макуилямс.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: