Рӯзномаи «Iran News»-и Эрон, ки ба забони англисӣ ба табъ мерасад, дар сомонаи худ бахшида ба Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис гузориши муфассал ҷойгир намуд.
Як сол қабл бори аввал дар таърихи Ӯзбекистон Президент Муроҷиатномаашро ба Олий Маҷлис пешниҳод карда буд, гуфта мешавад дар мақола. Дар ин дастуруламал, ки ба куллан беҳтар гардондани тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷамъият нигаронда шудааст, нақшаҳои амиқ андешидашудаи соли ҷорӣ ифода ёфта, бинобар фароҳам овардани шароити муносиби ҳаёти халқ ташаббусҳои нек пеш гузошта шудаанд.
«Сарвари давлат дар ҳамон Муроҷиатнома пешниҳод намуда буд, ки ба соли 2018-ум «Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо» ном дода шавад» – менигорад нашр. – Дар соли ҷорӣ, ки зинаи возеҳу равшани татбиқи Стратегияи ҳаракат оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 гардид, баҳри минбаъд баланд бардоштани беҳбудии мамлакат корҳои бузурги созандагӣ амалӣ гардонда шуданд.
«Iran News» таъкид менамояд, ки дар Муроҷиатномаи навбатӣ корҳои соли гузашта мавриди таҳлил қарор гирифта, нақшаҳои соли оянда муайян гардида, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат изҳор ёфтаанд, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҳамагон гардид.
«Мувофиқи рақамҳое, ки Президент ифода намуд, даромади воқеии аҳолӣ нисбат ба соли 2017-ум 12 фоиз афзудааст. Аз ҳисоби мадохилоти андоз, ки аз нишондиҳандаҳои пешгӯишаванда зиёд мебошад, минтақаҳо иловагӣ 5,5 триллион сӯм гирифтанд. Ин нисбат ба соли гузашта 6 баробар ва соли 2016-ум 32 баробар зиёд мебошад», менигорад нашр.
Рӯзнома бинобар пешниҳоди Президент Шавкат Мирзиёев «Соли сармояҳои фаъол ва рушди иҷтимоӣ» эълон шудани соли 2019-умро навгонии асосӣ меҳисобад. Ташаббуси мазкур идомаи мантиқии дигаргунсозиҳои дар ҷумҳурӣ роҳандозишуда гардид.
АИ «Дунё»,
ТЕҲРОН.