ИРОДАИ ҚАТЪӢ

Эътибору ғамхориҳое, ки алҳол ҳукуматамон нисбат ба ҳунармандон зоҳир менамояд, онҳоро ба боз ҳам бо ғайрати дучанд меҳнат кардан водор месозад.

Фотимахон Шерматова дар деҳаи Қатағонсаройи ноҳияи Тӯрақӯрғони вилояти Намангон зиндагӣ мекунад. Вай ба маҳдуд будани имконияти ҷисмониаш нигоҳ накарда, дар хонааш сехи хурди дӯзандагӣ созмон дода, барои занону духтарони деҳа хидмат мерасонад.
Ӯ дар бачагиаш тасодуфан бистарӣ мешавад. Вале меҳри дучанд ба ҳаёти ояндаи дурахшон ва маслиҳатҳои муфиди наздикон ӯро ба шуҷоату иродаи қатъӣ даъват мекунад. Дар оилаи иборат аз 4 духтару 3 писар вай фарзанди шашумин буд. 
Фотимахон аз пайи бародару хоҳаронаш рафта, касби дӯзандагиро азхуд менамояд. Ҳоло шумораи шогирдонаш аз сад нафар зиёд аст. 
Онҳо баробари фаъолият нишон додан, ҷойҳои нави корро низ ташкил менамоянд. Қобили қайд аст, ки шогирдонаш нафақат аз маҳаллаи худ, ҳатто аз деҳаҳои дурдасти ноҳия низ омада, асрори касби дӯзандагиро меомӯзанд, – гуфт ҳамсояаш Мавлуда Деҳқонова.
– Дар кишварамон ҳар як инсон мавриди эътибори ҳукумат қарор дорад. Аз ҷумла барои ман барин шаҳрвандони имконияти ҷисмониашон маҳдуд низ эътибор ва ғамхориҳои зиёд зоҳир карда мешавад. Ин ғамхорӣ маро ба бо меҳри дучанд зиндагӣ кардан ҳидоят мекунад. Аз ҳама муҳимаш, ба халқамон нафъам мерасад. Барои ин ба Офаридгор шукрона мегӯям. Ҳар касе, ки дар равнақи Ватан ҳалол меҳнат мекунад, албатта беэътибор намемонад. Ду сол пеш дар арафаи Иди истиқлолияти мамлакатамон бо медали «Шуҳрат» сарфароз гардидам. Соли ҷорӣ бошад, ба ман аз манзилҳои бисёрошёна хонаи дуҳуҷрадори дорои ҳамаи қулаиҳоро пешкаш карданд. Барои ин ғамхории падарона ба сарвари мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ташаккур мегӯям, – гуфт Фотимахон Шерматова.
Ғайрат ва шуҷоати ин зан лоиқи таҳсин аст. Вай пешниҳоди ҳар як миҷозро пеш аз муддат, сари вақт иҷро мекунад. Чун ҳарсола соли ҷорӣ низ либосҳои мактабиёнро омода кард. Вай шеър ҳам менависад. Дар чакидаҳояш бештар меҳри Ватан, муҳаббат, анъанаҳои неки инсониро ба қалам мегирад. Дар оянда ният дорад фаъолияти соҳибкориашро вусъат дода, сехи дӯзандагӣ барпо кунад.  
                                                                       
Шоҳида ДАМИНОВА,
вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: